Артиши Украина ҳушдор додааст, ки нерӯҳои ишғолгари Русия барои муҳосираи пойтахт, Киев, меҷанганд ва ҳамзамон даргирии шадид дар шаҳри Харков идома дорад. Нигарониҳо аз афзоиши талафоти ғайринизомиён торафт бештар мешавад. Вазорати дифои Русия рӯзи шанбе иддао кард, ки барои хориҷ шудани аҳолӣ дар Мариупол ва Волноваха оташбаси муваққат эълон намуд.
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, вазъ дар Украина "эҳтимол бадтар шавад". Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, субҳи 5-уми март дар наворе паём дод, ки ӯ ва мақомоти дигари баландпоя ҳанӯз дар Киев ҳастанд. Ҷое, ки ба гуфтааш, "ба муқовимат идома медиҳем. Давлати худро ҳифз ва сарзамини худро озод мекунем."
Артиши Украина дар гузорише 5-уми март, дар рӯзи даҳуми ҳамлаи Маскав гуфт, нерӯҳои Русия аз ҳаво пуштибонӣ мешаванд ва аз силоҳҳои дақиқ истифода мекунанд. Як рӯз пеш вазирони корҳои хориҷии НАТО пешниҳоди Киевро дар бораи эҷоди минтақаи мамнуъ бар фазои Украина рад карданд.
Зеленский онро нишонаи "сустӣ" ва "адами ваҳдат" донист. "Паймон бо худдорӣ аз эҷоди минтақаи мамнуъ ба бомбаборони шаҳру рустоҳои Украина розӣ шуд," -- гуфт ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Блинкен гуфт, НАТО "хоҳони таниш" нест, аммо "омода аст" аз кишварҳои узв дифоъ кунадАртиши Украина рӯзи 5-уми март гуфт, сарбозони Русия саъй доранд, қаламравҳои ишғолии худро то марзҳои маъмурии вилоятҳои Луҳанск ва Донбасс, ки ҷудоихоҳони таҳти ҳимояти Русия ҳашт сол боз алайҳи ҳукумати марказӣ меҷанганд, васеъ кунанд. Фармондеҳии Украина гуфтааст, Киев муборизаро ба зидди "ҳамлаи душман" идома хоҳад дод.
Даҳҳо ҳазор кас, асосан занону кӯдакон, дар истгоҳи роҳи оҳани Киев ҷамъ шудаанд, то аз бомбаборон бигурезанд. Ба гузориши телевизиони CNN, мақомоти иктишофии ғарбӣ ба ин боваранд, ки Русия омода аст барои таслим шудани Украина "шаҳрҳоро бомбаборон кунад".
CNN бо такя ба манбаъҳояш мегӯяд, зархаридони рус аллакай "дар баъзе ҷойҳо" меҷанганд. Расона аз қавли як мақоми амрикоӣ, ки номаш ифшо нашудааст, гуфт, эҳтимол Русия то 1000 нафари дигарро ҷобаҷо кунад.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, то кунун дастикам 331 ғайринизомӣ кушта шуда, беш аз 1 миллиону 200 ҳазор нафар аз Украина фирор кардаанд. Бештар аз нисфи онҳо ба Лаҳистон (Полша) паноҳ бурданд. Мақомоти Украина талафоти ғайринизомиёнро дастикам 2 ҳазор кас мегӯянд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Беш аз 900 шаҳрванди Тоҷикистон хоки Украинаро тарк кардаандДар ҳамин ҳол, коргарони украинӣ ба фаъолият дар нерӯгоҳи ҳастаии Запорожйе идома медиҳанд. Ин иншоот як рӯз пеш, дар пайи ҳамлаи нерӯҳои Русия, оташ гирифт.
Сафири Амрико дар Созмони Милал, Линда Томас-Гринфилд, гуфт, ҷаҳон аз фалокати ҳастаӣ базӯр ҷилавгирӣ кард ва зикр намуд, ки сарбозони Русия ҳоло ба як нерӯгоҳи дигари ҳастаии Украина, дар ҷануби он кишвар, наздик мешаванд.
Мақомоти Русия барои пешгирӣ аз иттилооти алтернативӣ дар бораи миқёсу баҳои ҷанг дар Украина фишорро ба расонаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ дар кишварашон бештар кардаанд. Онҳо сомонаҳои Радиои Озодӣ, BBC, CNN, инчунин, шабакаҳои иҷтимоии Facebook, YouTube ва Twitter-ро пурра бастанд ва ё маҳдуд кардаанд.
Маскав гуфт, даври сеюми музокироти оташбас бо мақомоти Украина дар охири ҳафтаи равон дар назар аст, вале замон ва макони он тасдиқ нашудааст. Ду даври аввал дар Беларус баргузор шуд.