Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен гуфт, НАТО "хоҳони таниш" нест, аммо "омода аст" аз кишварҳои узв дифоъ кунад


Энтони Блинкен
Энтони Блинкен

Вазири корҳои хориҷии Амрико, Энтони Блинкен, қабл аз ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии НАТО дар Брюссел ҳушдор дод, ки ин паймон "хостори таниш нест", аммо дар пасманзари ҳамлаи Русия ба ҳамсояаш Украина, "омода аст" аз қаламрави аъзои худ дифоъ кунад.

Қарор аст, 4-уми март вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ғарбӣ дар нишасте якрӯза дар бораи посух ба ҳамлаи Русия ба Украина ва роҳҳои бештари мубориза бо он, баҳс кунанд.

Изҳороти ӯ дар ҳоле аст, ки ҳампаймонҳои НАТО нишон медиҳанд, ки онҳо алайҳи таҷовузи Русия муттаҳид ҳастанд, аммо тамоюле ба эҷоди минтақаи парвози мамнуъ бар фазои Украина надоранд.

Ҳамзамон бо баргузории ҷаласаи НАТО, Энтони Блинкен ва Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, ба ҳамла ва тасарруфи як нерӯгоҳи ҳастаии Украина дар Запорожйе аз сӯи нерӯҳои Русия ишора карданд, ки президенти Украина Владимир Зеленский онро бахше аз стратегияи "терроризми ҳастаӣ"-и Путин хонд.

Ҳамзамон бо баргузории нишасти НАТО, Зеленский аз Киев ҳушдор дод, ки танҳо як минтақаи парвози мамнуъ "тазмин мекунад, ки Русия зербиноҳои ҳастаии Украинаро бомбаборон нахоҳад кард".

Кишварҳои узви НАТО, аз ҷумла Амрико гуфтаанд, эҷоди минтақаи парвози мамнуъ аз эҳтимол дур аст, зеро метавонад нерӯҳои онҳоро дар даргирии мустақим бо артиши Русия қарор диҳад. Рӯзи 4-уми март нахуствазири Литва ҳам ин ҳушдорро такрор кард.

XS
SM
MD
LG