Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонаи Озодӣ ва расонаҳои дигар дар Русия баста шуданд


"Роскомнадзор", идораи нозир бар фаъолияти расонаҳо дар Русия, рӯзи 4-уми март гуфт, дастрасӣ ба вебсайти расонаҳои мустақилро "маҳдуд" кардааст.

Ба назар мерасад, мақомоти Русия кӯшиш доранд, сокинони ин кишварро аз иттилои алтернативӣ дар мавриди ҳамлаи Русия ба Украина маҳрум кунанд.

Тибқи гузориши GlobalCheck ва нишондиҳандаҳои дигар, чанд сомонаи Радиои Озодӣ, вебсайти русии Би-би-сӣ, Мавҷи Олмон, Facebook ва Twitter шаби 3-юми март дар Русия баста шуданд.

Ҷейми Флай, президенти Радиои Озодӣ, рӯзи 4-уми март гуфт, "Путин дар бораи миқёс ва баҳои ҷанг дар Украина ба мардуми Русия дурӯғи фаровон мегӯяд."

Айни замон фурӯшгоҳи замимаҳои Apple ва Google низ дар Русия дастнорас шуданд. Маълум нест, чаро шабакаҳои иҷтимоӣ ва фурӯшгоҳи замимаҳо ҳадаф қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG