Бо гузашти ҳашт рӯз аз оғозиҷанг дар Украина, нерӯҳои Русия ба тирпаронӣ ва бомбаборони минтақаҳои аҳолинишини Киев ва шаҳрҳои дигар идома медиҳанд. Даври дувуми музокироти ҷонибҳо рӯзи 3-юми март оғоз шуд. Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид аз Русия хост, ҷангро фавран бас кунад ва нерӯҳояшро аз қаламрави Украина берун барад.
Аз оғози ҷанг дар Украина ҳазорҳо нафар кушта ва маҷруҳ шудаанд. Дар ин рӯзҳо баъзе аз тифлон дар Киев дар таҳхонаи бемористонҳо таваллуд мешаванд. Қариб дар ҳама шаҳрҳои Украина мардум аз тарс дар паноҳгоҳҳои зери заминӣ қарор доранд.
"Дар ҳар ҷое, ки имкон доранд, паноҳ мебаранд. Аз ҷумла, атфоли гирифтори бемории саратон ҳоло дар таҳхонаи беморхонаҳои Украина қарор доранд. Духтурону парасторон бо вуҷуди таркиш дар болои сарашон, бо тамоми имкон нисбати кӯдакон ғамхорӣ мекунанд. Ин нанговар аст," -- гуфт Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Хонаашонро бомбаборон кардаанд"
Мақомоти Украина аз куштаву захмӣ шудани кӯдакон дар ҷанг хабар медиҳанд. Ба беморхонаи кӯдакона дар Киев, аз замони оғози ҳамла, панҷ кӯдаки захмиро овардаанд. Як тифли дигар дар роҳ ба беморхона фавтидааст.
Пизишки ҷарроҳ, Рита Гаҷиева, мегӯяд, "як духтарро оварданд, пояш захмӣ аст. Хонаи онҳоро бомбаборон кардаанд. Модараш ба ҳалокат расидааст. Равоншиносон бо ӯ ва бародараш кор карданд. Ҳама дар ҳолати бади равонӣ қарор доранд. Ҳоло дуруст намефаҳманд, ки чӣ рух додааст."
Дар Украина дар ҳашт рӯзи охир садҳо муассиса, беморхонаву боғчаҳои кӯдакон ва роҳу биноҳои истиқоматӣ вайрону валангор шудаанд. Ҳоло тамоми талош барои наҷоти одамон равона шудааст.
Танқиди Амрико аз рафтори Русия
Ба иттилои мақомоти Амрико, корвони мошинҳои низомиёни Русия ба далели камбуди сӯзишворӣ ва хӯрокворӣ банд монда, ба муқобилияти сарбозони Украина рӯ ба рӯ шудаанд.
Линда Томас-Гринфилд, намояндаи доимии Амрико дар СММ гуфт, “бо муроҷиат ба сарбозони рус, ки дар хатти аввали ҷанги беасос ва нодаркор қарор гирифтаанд, мегӯям, “Пешвоёнатон шуморо фиреб медиҳанд. Ҷиноятҳои низомӣ содир накунед. Талош кунед аслиҳаро гузоред ва аз Украина биравед."
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷаи Амрико, аз сахттар шудани таҳримҳо алайҳи Русия хабар дод ва гуфт, ин бор 22 муассисаи марбут ба соҳаи дифои ин кишвар, ки ба истеҳсолу пешниҳоди силоҳ машғуланд, мавриди таҳрим қарор мегиранд.
Вазорати дифои Амрико раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро барои дар ҳолати омодабош қарор додани нерӯҳои ҳастаӣ танқид кард. Пентагон эълон кард, ки озмоиши мушаки дурпарвозро, ки ҳафтаи равон ба нақша гирифта шуда буд, ба нишони ин ки Амрико аз силоҳи ҳастаӣ истифода намекунад, ба таъхир андохт.
Амрико пешниҳоди ёриҳоро ба нерӯҳои Украина идома медиҳад ва ҳамзамон ҳушдор медиҳад, ки ишғолгарони рус аз нокомиҳои нахустини худ сабақ хоҳанд гирифт.