Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский ба муқовимати бештар алайҳи Русия даъват кард


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Президент Владимир Зеленский аз ҳамватанони худ хост, сарфи назар аз бомбаборон ва муҳосираи шаҳрҳои калони Украина, ба муқовимат алайҳи нерӯҳои Русия идома бидиҳанд.

Ҳамлаи низомии Русия ба Украина вориди рӯзи ҳаштум шуд. Маҷмаи кулли Созмони Милал амалкарди Маскавро маҳкум кард ва хост, нерӯҳояшро аз Украина берун барад.

Зеленский 3-юми март, пас аз ҳамлаҳои сангин ба Киев ва шаҳрҳои стратегии Харков, Черниҳов ва Мариупол, аз муқовимати Украина ситоиш кард. Вай гуфт, Украина ҳамарӯза аз кишварҳои ҳампаймонаш дар хориҷа силоҳ дарёфт мекунад.

Ситоди кулли артиши Украина ва як мушовири Зеленский гуфтаанд, Украина қодир аст, ҳарчи бештар ҳамлаҳои ҷавобӣ бидиҳад.

Даври нави музокирот
Даври нави музокирот

Дар ҳамин ҳол, ҳайати Украина барои даври дувуми музокироти сулҳ бо Русия вориди марзи Беларус шудааст. Мушовири раисҷумҳури Украина Михайло Подоляк акси худ ва раҳбари ҳайат Давид Арахамияро дар назди чархбол ва дар роҳ ба музокирот нашр кард.

Арахамия дар Фейсбук навишт, “ҳадди ақал эҷоди долонҳои башардӯстона дар рӯзномаи музокирот хоҳад буд.”

Владимир Мединский, дастёри Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 2-юми март гуфт, илова бар оташбас мавзӯи эҷоди даҳлези кумакҳои башардӯстона ба Украина низ мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт.

Даври аввали музокирот рӯзи 28-уми феврал беш аз панҷ соат баргузор шуд, аммо натиҷае надошт.

Музокироти сулҳ дар замоне баргузор мешавад, ки таҳримҳо ба зидди Маскав бештару сахттар шудаанд. Ҳамзамон Додгоҳи Байнулмилалӣ таҳқиқотро дар бораи эҳтимоли ҷинояти ҷангии нерӯҳои Русия дар Украина оғоз кардааст.

Созмони Милал рӯзи 3-юми март гуфт, дар ҳафт рӯз як миллион нафар аз Украина фирор кардаанд.

XS
SM
MD
LG