Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷмаи кулли СММ аз Русия хост, ҷангро дар Украина бас кунад


Маҷмаи Умумии Созмони Милал, 2-юми марти 2022
Маҷмаи Умумии Созмони Милал, 2-юми марти 2022

Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид бо аксарияти оро ба тарафдорӣ аз қатъномае рой дод, ки дар он аз Русия тақозо шудааст, фавран ҷангро дар Украина бас карда, нерӯҳояшро аз қаламрави Украина берун кашад.

Қатънома рӯзи 2-юми март бо ройи мусбати 140 узви созмон тасвиб шуд. 5 кишвар мухолифи он баромаданд, 34 давлати дигар худдорӣ варзиданд. Номи Тоҷикистон дар ин қатор аст.

Дар қатънома аз ҳамлаи бесабаби Русия ба Украина амиқан ибрози таассуф шудааст.

Нерӯҳои Русия рӯзи 24-уми феврал ба Украина ҳамла карданд. Маскав мегӯяд, ин амалиёти вижаи низомӣ аст, Киев таҷовуз ба хоки худ медонад ва хоҳони оташбаси фаврӣ ва хуруҷи нерӯҳои русӣ аст.

XS
SM
MD
LG