Аз ҳамлаи низомии Русия ба Украина як ҳафта гузашт. Нерӯҳои Русия ба бомбаборони минтақаҳои аҳолинишин дар Украина идома медиҳанд, вале ҳеч шаҳри бузурги ин кишвар вожгун нашудааст.
Сухангӯи Вазорати дифои Русия Игор Конашенков рӯзи 2-юми март дар суханронии телевизионӣ гуфт, “нерӯҳои мусаллаҳи Русия маркази вилояти Херсонро пурра таҳти назорат гирифтанд.” Шаҳри соҳилӣ, ки тақрибан 280 ҳазор аҳолӣ дорад, минтақаи стратегӣ ба шумор меравад. Ҷониби Украина суқути шаҳрро тасдиқ намекунад ва шаҳрдори Херсон дар Фейсбук навишт, “мо ҳанӯз Украина ҳастем.”
Шаҳрдори Мариупол субҳи 2-юми март гуфт, ин шаҳри бандарӣ зери тирборони шадид қарор дорад ва мақомот наметавонанд, захмиёнро бигиранд. Ишғоли ин шаҳр як ҳадафи асосии нерӯҳои Русия ва ҷудоиталабон аз вилояти шарқии Донетски Украина маҳсуб мешавад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ду рӯзи охир ҳамлаҳои сахттарин дар Харков, дувумин шаҳри бузурги Украина, ҷараён гирифтааст. Даҳҳо сокини он ҷо кушта шуда, маркази шаҳр ҳадафи мушакборон буд. Нерӯҳои ҳавоии Русия рӯзи 2-юми март дар онҷо поин шудаанд.
Волии Харков субҳи 2-юми март гуфт, дар шабонарӯзи гузашта дастикам 21 нафар кушта ва 112 нафар захмӣ шуданд. Президенти Украина, Владимир Зеленский, бомбаборони Харковро ҳамчун ҷинояти ҷангӣ ва амали террористӣ маҳкум кард.
Вай рӯзи 1-уми март, пас аз ҳамлаи маргбор ба бинои маъмурияти шаҳр, гуфт, “баъди чунин ҳамла Русия як кишвари террористӣ аст.” Маскав рад кард, ки дар ҷараёни, ба гуфтааш, “амалиёти низомӣ дар Украина” маҳалҳои аҳолинишинро ҳадаф қарор додааст.
Байден ва Зеленский аз чӣ гуфтанд?
Нерӯҳои Русия дар канори пойтахти Украина низ ҷамъ шудаанд. Онҳо шаби 1-уми март ба бурҷ ё манораи телевизион дар Киев зарба заданд. Дар ин ҳамла дастикам панҷ кас кушта шуданд.
Баъд аз он, президент Владимир Зеленский бо раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден телефонӣ суҳбат кардааст. Ӯ дар Твиттер навишт, “бо раҳбарияти Амрико таҳримҳои зидди Русия ва кумаки дифоӣ ба Украина баррасӣ шуд. Мо бояд ҳарчӣ зуд монеи таҷовузкор шавем. Ташаккур барои дастгирӣ!”
Як мансабдори Кохи Сафед гуфт, ду раҳбар тақрибан ним соат суҳбат карданд. Байден рӯзи 1-уми март, ҳангоми ироаи паёми нахустинаш, дар бораи ҳамлаи президенти Русия Владимир Путин ба Украина ба таври муфассал суҳбат кард. Ӯ гуфт: "Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, шаш рӯз пеш кӯшиш кард, ки пояҳои ҷаҳони озодро биларзонад, аммо ҳисобаш нодуруст баромад. Ӯ фикр кард, метавонад ба Украина ворид шавад ва ҷаҳон онро нодида бигирад. Ба ҷойи ин, бо девори сахту тавоное рӯбарӯ шуд, ки ҳеч гоҳ тасаввураш намекард. Вай бо мардуми Украина рӯбарӯ шуд.”
Байден эълон кард, ки ҳарими ҳавоии Амрикоро ба рӯйи ҳавопаймоҳои Русия фавран мебанданд. Ҳамзамон муттаҳид будани кишварҳои ғарбиро алайҳи амалиёти низомии Русия дар Украина таъкид кард.
“Путин фикр кард, ки Ғарб ва НАТО посух намедиҳанд. Фикр кард, ки метавонад моро дар як хона, дар як кишвар аз ҳам ҷудо кунад. Фикр кард, ки метавонад моро дар Аврупо аз ҳам ҷудо мекунад, аммо хато кард,” – афзуд Байден.
“Аввал ҳамлаҳоро бас кунад...”
Зеленский рӯзи 1-уми март дар мусоҳиба бо Reuters ва CNN гуфт, Русия бояд “аввал бомбаборони мардумро бас кунад”, то музокироти сулҳ ба ягон пешрафт ноил шавад. Интизор мерафт, даври дувуми музокирот дар бораи оташбаси эҳтимолӣ рӯзи 2-юми март баргузор шавад, аммо ба иттилои расонаҳои русӣ, ба таъхир афтод.
Даври аввали музокирот 28-уми феврал дар Беларус баргузор шуд, аммо тарафҳо ба натиҷае нарасиданд.
Канада рӯзи 1-уми март аз Додгоҳи байнулмилалӣ хост, ки ҷиноятҳои эҳтимолии ҷангӣ ва ҷиноятҳои зидди башарият аз ҷониби нерӯҳои Русияро дар Украина тафтиш кунад. Додгоҳи байнулмилалӣ рӯзи 28-уми феврал эълом карда буд, ки ба таҳқиқ мепардозад.
Русия соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол кард. Ҳамлаи низомии охири Русия ба Украина 24-уми феврали имсол оғоз шуд.