Ҳукумати Украина гуфт, нерӯҳои Русия манора ё бурҷи телевизионро дар Киев, дар наздикии ёдгории қурбониёни Ҳолокост, ҳадаф қарор додаанд.
Расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки дар наздикии манора чанд таркиш ба вуқуъ пайваст ва чанде нагузашта шабакаҳои телевизионии Украина пахши барномаҳоро қатъ карданд.
Президент Владимир Зеленский дар Твиттер гуфт, бар асари зарба дастикам 5 нафар кушта шуданд. Вай қаблан бомбаборони Харковро ҳамчун ҷинояти ҷангӣ маҳкум кард. "Баъд аз чунин ҳамла Русия як кишвари террористӣ аст," -- гуфт Зеленский.
РӮЙДОДҲОИ УКРАИНАРО ДАР ИНҶО ПАЙ БИГИРЕД
Ҳамлаҳо дар ҳоле сурат гирифтанд, ки корвони мошинҳои низомии Русия ва тӯпхонаҳо бо дарозии 65 километр ба шаҳри Киев, пойтахти Украина, наздик мешаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ин иқдоми Русияро талоше барои муҳосира ва назорати калонтарин шаҳри он кишвар медонанд.