Вазири корҳои хориҷии Амрико ҳангоми мулоқот бо ҳамтоёнаш аз чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамлаи Русияро ба Украина ба шиддат маҳкум карда, "қаблан тарҳрезишуда ва беасос" номидааст.
Мулоқоти онлайн рӯзи 28-уми феврал баргузор шуд. Департаменти давлатии Амрико гуфт, Энтони Блинкен ҳамзамон пуштибонии Иёлоти Муттаҳидаро аз истиқлол ва тамомияти арзии кишварҳои минтақа баён дошт.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 28-уми феврал баргузории мулоқотро тасдиқ карда, аммо дар мавриди рӯйдодҳои Украина чизе нагуфтанд. Вазорати корҳои хориҷӣ дар эъломияи расмӣ хабар дод, ки дар мулоқот "масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои шарикӣ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ба мавзӯи амнияти минтақавӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд."
Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон баҳси Украина ва таъсири таҳримҳои зидди Русия ба иқтисоди кишварҳои дигарро дар мулоқот тасдиқ намудааст.
Ба иттилои манбаъ, Руслан Казакбоев, вазири умури хориҷии Қирғизистон, гуфтааст, кишвараш авзоъро дар Украина "бо нигаронӣ" пайгирӣ дорад ва таъкид кардааст, ки "мардуми Қирғизистон бо русҳо ва украиниҳо муносибати дӯстонаву таърихӣ доранд".
"Ҷумҳурии Қирғизистон бо дареғи зиёд баён медорад, ки имрӯз ҷаҳон ба ҷойи муттаҳид шудан, роҳи тақсимшавӣ ба дурусту нодурустро пеш гирифтааст. Казакбоев аз оғози музокироти Русия ва Украина истиқбол карда, аз ҷонибҳо хост, роҳҳои нави муколамаро биёбанд," -- гуфта шудааст дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.
Дар мулоқот намояндагони Узбекистону Қазоқистон ҳам иштирок доштанд.
Русия рӯзи 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамлаи низомӣ кард. Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва бисёре аз кишварҳои дигари ҷаҳон алайҳи Маскав таҳримҳои иқтисодии нав ҷорӣ карданд. Ба далели таҳримҳои байнулмилалӣ қурби рубли русӣ башиддат поин рафт.
Ҳайатҳои Украина ва Русия рӯзи 28-уми ферал дар минтақаи Гомели Беларус гуфтушунид карданд. Киев хоҳони оташбаси фаврӣ ва хуруҷи нерӯҳои Русия аз хоки Украина аст. Ҷонибҳо гуфтаанд, пеш аз даври дувуми мулоқот барои машварат ба пойтахтҳои худ баргаштанд.