1-уми марти соли 2022. Аз ҳамлаи низомӣ ва бесабаби Русия ба Украина шаш рӯз гузашт. Бино ба гузоришҳо, корвони низомиёни рус дар канораҳои шаҳри ҷанубии Херсон посгоҳ гузошта, корвонашон ба наздикиҳои пойтахти Украина расидааст. Иддао дар бораи нақшаи иҳота шудани шаҳри Мариупол низ мерасад.
Нерӯҳои ҳавоии Украина гуфтанд, рӯзи 28-уми феврал берун аз Киев панҷ ҳавопаймои ҷангии Русия ва як чархболро афтонданд, вале ин маълумотро феълан санҷидан имкон надорад. Фармондеҳии нерӯҳои ҳавоӣ инчунин гуфт, як мушаки русӣ нобуд карда шуд ва ҳавопаймоҳои ҷангии Украина ба корвони мошинҳои низомии русҳо дар минтақаҳои Киев ва Житомир зарба заданд.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Онҳо давлати моро шикастан мехоҳанд”
Аксҳои моҳвораӣ нишон медиҳанд, ки корвони мошинҳои низомии Русия ва тӯпхонаҳо бо дарозии 65 километр ба шаҳри Киев, пойтахти Украина, наздик мешаванд. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина инро ҳамчун талоши муҳосираву таҳти назорат даровардани пойтахт ва калонтарин шаҳри Украина шарҳ медиҳанд.
Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки музокироти нахустини мақомоти Украина ва Русия рӯзи 28-уми феврал бенатиҷа анҷомид, вале ҳарду тараф ба мувофиқа расиданд, ки дар рӯзҳои наздик муколамаро идома медиҳанд.
Тасвирҳои моҳвораиро дар инҷо бинед:
Рӯзи 28-уми феврал президенти Украина Владимир Зеленский дар як муроҷиати видеоӣ аз сарбозони Русия даъват кард, ки амру фармонҳоро гӯш надиҳанд, силоҳҳоро ба замин гузоранд ва аз ҷанг худдорӣ кунанд. Зеленский дар бораи гуфтугӯи нахустин бо мақомоти рус, ки дар қаламрави Беларус гузашт, чизе нагуфт. Вале ӯ таъкид кард, ки вақте як ҷониб дигарашро мушакборон мекунад, ҷониби дигар ба гузашт розӣ намешавад.
Зеленский гуфт, Киев рӯзи 28-уми феврал се дафъа мушакборон шуд, дар шаҳр садҳо харобкори рус қарор доранд ва ишғоли пойтахт ҳадафи калидии Маскав мебошад. Зеленский гуфт, “онҳо давлати моро шикастан мехоҳанд, аз ин рӯ, пойтахт ҳамеша таҳти хатар аст”.
Партоби мушак. Куштаҳо ва захмиҳо зиёд мешаванд
Тибқи гузоришҳо, ҳавопаймоҳои ҷангии Украина ба ҷониби нерӯҳои Русия дар берун аз шаҳри Киев бомба ва мушак партоб карданд. Дар наворҳои видеоие, ки дар дуюмин шаҳри азими ин кишвар, Харков, бардошта шудаанд, дида мешавад, биноҳои истиқоматӣ мавриди тирпарониву таркишҳои пурқудрат қарор мегиранд.
Мушовири вазири корҳои дохилии Украина Антон Герашенко гуфт, дар пайи ҳамлаҳои мушакӣ дар шаҳри Харков, рӯзи 28-уми феврал, даҳҳо нафар кушта шуданд.
Раиси минтақаи Суми Дмитро Живитский рӯзи 1-уми март дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, вақте нерӯҳои русӣ пойгоҳи низомии воқеъ дар шаҳраки Охтирка, байни Харкову Киевро мушакборон карданд, 70 низомии украинӣ кушта шуданд.
Дар шаҳри Херсон, ки дар шимолуғарби нимҷазираи ишғолшудаи Қрим ҷойгир аст, раиси шаҳр Игор Колихаев гуфт, нерӯҳои русӣ дар даромадгоҳи шаҳр посгоҳҳои худро ташкил мекунанд. Ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, “Херсон аз они Украина буд ва мемонад”.
Павло Кириленко, раиси минтақаи Донетск, гуфт, шаҳри Мариупол дар пайи ҳамлаҳои нерӯҳои русӣ бебарқ мондааст. Вай рӯзи 1-уми март дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт, ки назорати соҳилҳои баҳри Азов ҳанӯз дар дасти нерӯҳои украинӣ мебошад.
Баҳси бастани ҳарими ҳавоӣ
Денис Пушилин, як раҳбари ҷудоиталабон дар шарқи Украина, гуфт, ҳадафи онҳо то поёни рӯз иҳота кардани шаҳри муҳиму стратегӣ мебошад. Дар ҳодисаи дигаре шоҳидон гуфтанд, рӯзи 28-уми феврал мушаке ба бинои воқеъ дар шаҳри шимолии Черниҳов, марзи Беларус, расид ва ин бино ба коми оташ рафт.
Дар ҳамин ҳол, президент Зеленский гуфт, дар посух ба мушакборони шаҳри Харков фурсати ҷорӣ кардани таҳрими истифода аз мушакҳо, ҳавопаймоҳо ва чархболҳои русӣ дар ҳарими ҳавоии Украина расидааст. Зеленский ҷузъиёти бештар надод. Аз ҷумла, маълум нест, ки эълон ва ҷорӣ кардани таҳрими истифодаи ҳарими ҳавоӣ аз ҷониби кӣ сурат мегирад.
Рӯзи 1-уми март муовини сарвазири Бритониё Доминик Рааб даъватҳои НАТО-ро барои бастани ҳарими ҳавоӣ рад кард ва гуфт, ин қарор метавонад хатари тавсеаи ҷангро ба миён орад ва паймони низомии ғарбиро дар ҳолати ҷанги мустақим бо нерӯҳои русӣ қарор диҳад.
Худи ҳамин рӯз вазири дифои Бритониё гуфт, русҳо натавонистанд, назорат бар ҳарими ҳавоии Украинаро ба даст оваранд, аз ин рӯ, ночор ба хотири кам кардани талафот ба амалиёти ҷангии шабона гузаштанд.