Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Гаага ҷиноятҳои артиши Русияро дар Украина тафтиш мекунад


Украина
Украина

Додситони Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар Гаага Карим Хон гуфт, тафтишоти ҷиноятҳои эҳтимолии ҳарбӣ ва зиддиинсонӣ дар Украинаро оғоз мекунад.

Ин ҳуқуқшиноси бритониёӣ афзуд, ба гуруҳи худ дастур додааст, то имкони ҷамъоварии далелҳоро омӯзанд.

Қаблан Литва аз додгоҳи мазкур даъват карда буд, ки ҷиноятҳои эҳтимолии ҳарбии Русия ва Беларусро дар Украина тафтиш кунад. Сарвазири Литва Ингрида Шимоните гуфт: "Ончи Путин анҷом медиҳад, ҷуз куштор чизи дигаре нест. Умед дорам, ӯро дар Гаага хоҳем дид."

Раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский ҳам гуфта буд, кишвараш алайҳи Русия ба Додгоҳи байнулмилалӣ даъво бурдааст.

Русия рӯзи 24-уми феврал ба Украина ҳамла кард. Киев ва кишварҳои ғарбӣ онро таҷовуз ба хоки Украина медонанд, аммо Маскав “амалиёти вижа” барои ғайринизомӣ кардани Украина.

XS
SM
MD
LG