Гуфтушуниди як ҳайати Украина бо намояндагони Русия, ки ба сабаби таҷовузаш ба Украина зери таҳримҳои сахти иқтисодии кишварҳои ғарбӣ қарор гирифт, шоми 28-уми феврал ба поён расид. Намояндагони ду тараф пеш аз даври дувуми музокирот барои машварат ба пойтахтҳои худ рафтаанд. Мулоқот бо гузашти панҷ рӯз аз ҳамла дар марзи Ҷумҳурии Беларус баргузор шуд.
Дар бораи ҷамъбасти мулоқот хабаргузории давлатии РИА Новости бо такя ба мушовири раисиҷумҳури Украина Михайло Подоляк ва раиси ҳайати Русия Владимир Мединский хабар дод. Мединский гуфтааст, "розӣ шудем, ки музокиротро идома бидиҳем" ва афзудааст, "даври нави мулоқот рӯзҳои наздик дар сарҳади Лаҳистону Беларус баргузор хоҳад шуд."
Дафтари матбуоти президенти Украина гуфт, ҷонибҳо дар мулоқоти рӯзи 28-уми феврал "як қатор масъалаҳои калидиро ба таври муфассал баррасӣ карданд".
Раёсати ҷумҳури Украина пеш аз музокирот гуфта буд, ки Киев барои оташбаси фаврӣ ва хуруҷи нерӯҳои Русия аз Украина фишор хоҳад овард.
Дар Аврупо ва Украина чӣ гуфтанд?
Мулоқот дар ҳоле баргузор шуд, ки ба гуфтаи Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ҳамлаи Русия "рӯз ба рӯз золимонатар мешавад". Боррел 28-уми феврал дар нишасти матбуотӣ дар Брюссел гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҷасурона дар муқобили нерӯҳои Русия меҷанганд, аммо афзуд, талафот дар байни ғайринизомиён зиёд шудааст ва "мавҷи одамон дар ҷустуҷӯйи паноҳгоҳ ва фирор аз ҷанг низ афзоиш меёбад."
Бино ба гузоришҳо, рӯзи 28-уми феврал шаҳрҳои Харков ва Чернишёв зери бомбаборони сахти нерӯҳои Русия мондаанд. Антон Герашенко, мушовири вазири умури дохилии Украина, рӯзи 28-уми феврал гуфт, дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии Русия дар Харков даҳҳо нафар кушта шудаанд.
Маскав гуфт, шаҳрҳои Бердянск ва Энергодар дар вилояти Запорожйе дар ҷанубушарқи Украина ва манотиқи атрофи нерӯгоҳи атомии Запорожйеро гирифтанд.
Дар як муроҷиатномаи нав дар рӯзи 28-уми феврал, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аз сарбозони рус хост, силоҳҳояшонро ба замин бигзоранд ва кишвари ӯро тарк кунанд. Ӯ дар ин муроҷиаташ мегӯяд: “Силоҳҳоятонро гузореду аз инҷо биравед. Ба фармондеҳонатон бовар накунед. Ба таблиғотгаронатон бовар накунед. Ҷони худро ҳифз кунед.”
Ӯ иддао кард, ки дар ҷанг то кунун 4500 сарбози рус кушта шудаанд, вале то ҳол иттилои тасдиқшудае дар ин бора дар даст нест. Русия эътироф кард, ки теъдоде аз сарбозони кишвар куштаву маҷруҳ шудаанд, вале шумораи дақиқеро нагуфтаанд.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таҳримҳое, ки "Русияро бо Эрон дар як мавқеъ қарор медиҳад"
Дар ҳамин ҳол, Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳояш таҳримҳоро алайҳи муассисаҳои молии Русия бештар кардаанд. Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед, гуфт, “таҳримҳое, ки эълон кардем, Русияро бо Эрон дар як мавқеъ қарор медиҳад. Онҳо аз низоми байнулмилалии бонкӣ берун карда шуданд. Мо ҳамчунин нисбати 80 дарсади бонку муассисаҳои молии Русия таҳрим эъмол кардем. Ин на танҳо тиҷоратро барои президент Путин ва ҳукумати Русия мушкил мекунад, балки кумак ва маблағгузорӣ ба бахши низомӣ дар ин кишварро душвору номумкин месозад.”
Президенти Русия, Владимир Путин, ки рӯзи панҷшанбе амри ҳамла ба Украинаро содир кард, ин таҳримҳои кишварҳои ғарбиро “хасмона” номид ва ба нерӯҳои боздорандаи ҳастаии кишвараш дастур дод, ки дар ҳолати омодабош қарор гиранд.
Оксана Маркарова, сафири Украина дар Амрико, гуфт, “ин як ҷанги саросарӣ ва ноодилона аст ва фурсати он аст, тоҷирони амрикоӣ сараш андеша кунанд. Ман медонам, ин чӣ қадар мушкил аст, ҳамчун вазири собиқи молия медонам, манофеи тиҷоратӣ чист ва онро дарк мекунам. Аммо фикр мекунам, фурсати он аст, ки обрӯи худро ҳифз кунанд ва бо режиме кор накунанд, ки барои ончӣ ки бо Украина карданду мекунанд, дар Додгоҳи Гаага нишинанд.”
Ҳимоятҳо аз Украина дар гӯшаҳои ҷаҳон
Ҳафтаи гузашта нерӯҳои Украина, ки ғайринизомиён ҳам дар канорашон ҳастанд, ба талошҳои нерӯҳои Русия барои пешравӣ ва шикаст додани шаҳрҳои бузург муқовимат карданд. Вазорати дифои Украина як видеои собитнашудаеро нашр кард, ки нишон медиҳад, ҳавопаймои бидуни сарнишин корвони артиши Русияро нобуд мекунад. Вале айни замон даъват ба тақвияти нерӯҳои Украина идома дорад.
Том Коттон, вакил аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико мегӯяд, “фурсати он расидааст, ки тамоми муассисаҳои молии Русияро аз тамоми ниҳодҳои байнулмилалии муомилоти пулӣ берун кунем. Вақти он расидааст, ки ба зидди содироти нафту гази Путин, манбаи асосии даромадаш таҳрим ҷорӣ кунем. Бояд бошитоб ба ҷабҳа аслиҳа фиристем. Аслиҳаи зиддитанкӣ, зидди ҳавопаймоҳо, снайпер, маводи сӯхт. Ин корро бояд як ҳафта пеш мекарданд, украиниҳо дигар вақт надоранд.”
Дар саросари ҷаҳон тарафдорони Украина бо талаби қатъи ҷанг раҳпаймоӣ карданд. Аз ҷумла, дар Вашингтон, ки қарор аст, онҷо, Ҷо Байден рӯзи сешанбе паёми солонаашро ба Конгресс ироа кунад.