Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба мошинам тир заданд." Нақли муҳоҷирони тоҷик аз тирпарронӣ ва фирор ба марзи Лаҳистон. ВИДЕО


Тоҷикон дар Украина. Loop

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи сарнавишти шаҳрвандони кишвар дар Украина хабаре надодаанд, яке аз онҳо мегӯяд, мавриди ҳамла қарор гирифт. Чандеи дигар шаби гузашта ба минтақаи наздик ба марзи Лаҳистон фирор кардаанд. Шумори расмии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина маълум нест. Теъдоди тахминии онҳо 8 ҳазор нафар гуфта мешавад.

"Ба кӯча набароед"

Як муҳоҷири тоҷик дар Украина рӯзи 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар Киев ба мошинаш чанд тир задаанд, аммо маълум нест аз тарафи кӣ. Исматулло Сафаров мегӯяд, тир ба чанд ҷойи мошинаш бархӯрд, худаш сиҳату саломат аст.

"Шаби гузашта аз ҳама шаби вазнинтарин барои мардуми Украина буд. Барои гирифтани чанд чиз аз дорухона ба берун баромадам. Ба мошинаам чор-панҷ тир заданд. Аз паҳлӯ, аз пеш, аз болои мошин. Худо нигоҳ дошт. Худро эҳтиёт кунед, ба кӯча набароед," – гуфт ӯ дар паёми видеоӣ, ки ба Радиои Озодӣ фиристод.

Аз Днепр то Лвов

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дарёфтӣ, беш аз 30 донишҷӯ ва муҳоҷири тоҷик шаби гузашта аз Днепр ба вилояти Лвови Украина, ҳаммарз ба Лаҳистон (Полша), расидаанд.

Дастикам се донишҷӯ рӯзи 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло мунтазири даромадан ба Полша ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ ё сафорати кишвар дар Киев дар ин бора изҳори назаре накардаанд. Пештар сафорат гуфта буд, он шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки мехоҳанд, аз Украина берун раванд, номнавис мекунад.

Саидҷон, як донишҷӯйи тоҷик, рӯзи якшанбе нақл кард, ки шаби гузашта аз Днепр бо ҳазорон украинӣ ба самти Лвов ҳаракат карданд. “Дар роҳ чанд тир ба поезд расид. Чароғҳояшро хомӯш карданд. Аз мо низ хостанд, ки телефонҳоро хомӯш кунем. Пурра дар торикӣ ҳаракат кардем,” – нақл кард ӯ.

Нақли муҳоҷирони тоҷикро дар Украина дар инҷо бинед:

Муҳоҷирони тоҷик дар Украина гуфтанд, ки чӣ ҳол доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00

Дилшод, донишҷӯйи дигар мегӯяд, маблағи онҳо тамом шудааст ва аз ҳеч банкомат пул гирифта наметавонанд. “Пулҳои мо тамом шуд, дар корт дорем, вале банкоматҳо фаъол нестанд,” -- гуфт ӯ.

Ба қавли донишҷӯён, ҳоло мусофирбарҳо ба интиқоли фирориён ба Лаҳистон машғуланд, аммо “дар навбати аввал украиниҳоро мебаранд”. “Гуфтанд, ки хориҷиҳоро дар навбати дуюм мебарорем,” – афзуд Дилшод.

Лаҳистон ва чанд кишвари дигари аврупоӣ гуфтаанд, ба қабули паноҳҷӯён аз Украина омодаанд. Идораи умури паноҳандагони Созмони Милал 26-уми феврал гуфт, аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина беш аз 120 ҳазор кас ин кишварро тарк карда, асосан ба Лаҳистон, Руминия, Молдова ва Маҷористон паноҳ бурданд. Оё дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд ё не, чизе гуфта нашудааст.

XS
SM
MD
LG