Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин нерӯҳои боздорандаи ҳастаиро дар ҳолати омодабош қарор дод


Коллаж. Владимир Путин
Коллаж. Владимир Путин

Раисиҷумҳури Русия дар пасманзари авҷ гирифтани таниш бо Ғарб, дар пайванд ба ҳамлаи беасосаш ба Украина, ба нерӯҳои боздорандаи ҳастаии кишвараш дастур дод, ки дар ҳолати омодабош қарор гиранд.

Владимир Путин рӯзи 27-уми феврал дар суҳбат бо мақомоти баландпояи Русия гуфт, қудратҳои пешрафтаи НАТО дар баробари кишварҳои ғарбӣ, ки алайҳи Русия таҳримҳои фалаҷкунандаи молӣ ҷорӣ кардаанд, "баёнияҳои таҳоҷумӣ" додаанд.

Вай ба вазири дифои Русия ва раиси Ситоди кулли артиш амр дод, ки нерӯҳои боздорандаи ҳастаиро ба "режими махсуси набард" гузаронанд.

Ҷен Псакӣ, котиби матбуотии Кохи Сафед, гуфт, ин ҳушдор як ҷузъи тарҳи таҳдидҳои Маскав барои "сафед" кардани ҳамлааш ба Украина аст.

Сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид, Линда Томас-Гринфилд, гуфт, ин дастур "комилан ғайри қобили қабул аст". Дабири кулли НАТО, Йенс Столтенберг, ибрози нигаронӣ кард.

Ин таҳаввулот дар ҳоле ба вуқуъ пайваст, ки дафтари раисиҷумҳур Владимир Зеленский гуфтааст, мақомоти Киеву Маскав дар як макон дар марзи Беларус бо Украина мулоқот мекунанд. Сана ва вақти мулоқотро нагуфтаанд.

XS
SM
MD
LG