"Ба инҷо омадан намехостам, маҷбур карданд." Паёми сарбозони асирафтодаи Русия дар Украина

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сарбозони асирафтодаи Русия дар Украина. Loop

Дар ҳоле ки Русия дар бораи теъдоди сарбозони захмӣ ё кушташудааш дар ҷараёни ҳамла ба Украина сукут меварзад, Киев ба хонаводаҳои сарбозони рус муроҷиат кардааст, ки шахсияти хешовандони асирафтода ва кушташудаи худро шиносоӣ кунанд.

ҶАНГ ДАР УКРАИНА. ХАБАРУ ГУЗОРИШҲОИ БЕШТАРРО ДАР ИНҶО ХОНЕД

Вазорати корҳои дохилии Украина 27-уми феврал гуфт, дар пойгоҳи интернетии 200rf.com аксу навори сарбозони асирафтода ё кушташудаи Русияро гузоштаанд. Дар яке аз наворҳо ба сарбози асирафтодаи Русия иҷозат дода шудааст, ба хешовандонаш дар бораи макони будубоши худ хабар диҳад.

Дар наворе дигар аз сарбоз пурсидаанд, оё барои модару падараш паёме дорад? Ӯ гуфтааст: "Ба ин ҷо омадан намехостам, маҷбур карданд." Радиои Озодӣ натавонист, мушаххас кунад, ки онҳо зери фишор қарор гирифтаанд ё не.

Вадим Денисенко, мушовири вазири корҳои дохилии Украина, рӯзи 27-уми феврал дар муроҷиати худ ба хонаводаҳои сарбозони рус иддао кард, ки Украина бо асирони ҷангӣ рафтори "хеле инсондӯстона" дорад.

"Ҳеч кас ба онҳо бадрафторӣ намекунад. Агар лозим шавад, ёрии тиббӣ мерасонем. Аммо ҳукумати Шумо телефонҳои наздиконатонро гирифтааст. Онҳо имкони тамос гирифтан бо Шуморо надоранд," -- гуфт Денисенко.

Ба назар мерасад, ин иқдом қисман зарба задан ба рӯҳия ва пуштибонӣ аз ҳамлаи Русия ба Украина нигаронида шудааст. Мушовири вазири корҳои дохилии Украина гуфт, ҳукумати Русия дар масъалаи баргардондани ҷасади сарбозонаш бетаваҷҷуҳ аст.

"Аз ин рӯ, маҷбур шудем, ба Шумо, шаҳрвандони Русия, муроҷиат кунем. Онҳоеро пайдо кунед, ки ба сабаби ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади мо ва бар асоси дастури ғайриқонунӣ ва нафратовари президенти Шумо кушта шудаанд," -- гуфтааст Денисенко дар муроҷиати видеоӣ.

Вазорати дифои Русия аз замони оғози ҳамла ба Украина то ҳол дар бораи шумори сарбозони кушташуда, захмӣ ё асирафтодааш иттилое нашр накардааст. Артиши Украина рӯзи 27-уми феврал гуфт, Русия ҳудуди 4300 низомии худро аз даст дод.

Як рӯз пеш артиши Украина гуфта буд, беш аз 3500 сарбози рус кушта шудаанд. Тасдиқи мустақилонаи ин иддао имконнопазир аст.

Руслан Левиев, муассиси гурӯҳи ғайридавлатии Conflict Intelligence Team (CIT), мегӯяд, ба ҳисоби онҳо то ин дам дар даргириҳо дастикам 500 сарбози рус кушта шудаанд.

Вазорати дифои Русия рӯзи 27-уми феврал бори аввал талафотро дар байни сарбозонаш эътироф кард, аммо ҳеч шумораеро наовард. Хабаргузории давлатии РИА Новости аз қавли Вазорати дифоъ навишт, "мутаассифона, дар байни ҳамразмони мо куштаҳо ва захмиҳо ҳастанд."

Аз оғози ҷанг танҳо хабари расмии марги як сарбози рус тасдиқ шудааст. Вале онро на Вазорати дифои Русия, балки раиси вилояти Доғистон гуфт.

Сергей Меликов дар паёме дар Instagram навишт, Нурмуҳаммад Ҳоҷимуҳаммадов (Нурмагомед Гаҷимагомедов), зодаи Доғистон, ки дар сафи нерӯҳои ҳавоии Русия хидмат мекард, дар ҷанг "ҳалок шуд". Вай ошкор накардааст, ки Ҳоҷимуҳаммадов дар чӣ вазъияте ба ҳалокат расид.