Нерӯҳои Русия ба Харков, дувумин шаҳри бузурги Украина, даромадаанд. Сокинони Киев субҳи 27-уми феврал аз таркишҳо дар пойтахти Украина хабар доданд. Дар ҳоле ки Ғарб Маскавро барои таҷовуз ба хоки ҳамсояаш ҷазои сахттар медиҳад, ҷанги Русия бо Украина шиддат гирифтааст.
Ҳамла ба Харков, таркишҳо дар Киев
Олег Синегубов, раиси вилояти Харков, гуфт, аз мардуми осоишта хостаанд, ки хонаҳои худро тарк накунанд. Дар наворҳое, ки тавассути мақомоти Украина дар интернет гузошта шуд, мошинҳои Русия дар Харков дида мешаванд. Як мошини сабукрав дар онҷо сӯхтааст.
Дар ҳамин ҳол, пас аз нисфи шаб дар ҷанубу шарқи Киев таркиш рӯй дод. Ба иттилои расонаҳо, эҳтимол як анбори сӯзишворӣ оташ гирифтааст. Дар бораи хисорот ё осебдидагон хабаре нест.
Мақомоти Украина гуфтанд, ҳамлаи Русия ба анбори нафт дар Василков, воқеъ дар ҷануби Киев, зарба зад. “Душман ҳама чизро нест кардан мехоҳад,” -- гуфт раиси шаҳри Василков Наталя Баласинович.
Бино ба гузоришҳо, дар ғарби Киев низ садои таркиш шунида шудааст. Дар пасманзари гузоришҳо дар мавриди задухӯрдҳо дар наздикии Харков, дафтари раисиҷумҳур Владимир Зеленский гуфт, нерӯҳои Русия лӯлаи газро дар ин шаҳр тарконданд ва ҳукумат аз мардум хостааст, тирезаҳои худро бо матои тар ё дока пӯшонанд.
Ба иттилои дафтари Зеленский, таркиши дигар дар фурудгоҳи Жуляни рух дод. Артиши Украина гуфт, дар муқобили ҳамла ба пойтахт хатти худро нигоҳ доштааст. Президент Зеленский дар паёми видеоӣ гуфт, “то замоне кишварамонро озод накунем, мубориза хоҳем бурд.”
Вай афзуд, Маскав асосан минтақаҳои аҳолинишинро бомбаборон мекунад. “Шаби гузашта дар Украина ваҳшатнок буд, боз тирпарронӣ, боз бомбаборони маҳаллаҳои истиқоматӣ ва зербунёдҳои ғайринизомӣ,” – гуфт Зеленский рӯзи 27-уми феврал.
Ду тараф ба музокирот омодаанд, аммо...
Раисиҷумҳури Украина ҳамзамон гуфт, кишвараш барои гуфтушуниди сулҳ бо Русия омода аст, аммо на дар Беларус. Владимир Зеленский Варшава, Братислава, Истанбул, Будапешт ё Бокуро ҳамчун макони алтернативии музокирот бо Русия пешниҳод кард. "Агар аз ҳудуди Шумо ягон амалиёти таҷовузкоронае намешуд, мо метавонистем дар Минск суҳбат кунем," – афзуд ӯ.
Пештар Кремлин гуфта буд, ки як ҳайати Русия барои гуфтугӯ бо мақомоти Украина ба шаҳри Гомели Беларус рафтааст. Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремлин, 27-уми феврал гуфт, ба ин ҳайат низомиёну дипломатҳо шомиланд.
Дастрасии баъзе бонкҳои Русия ба SWIFT масдуд шуд
Дар ҳамин ҳол, раҳбарони Иттиҳоди Аврупо, Фаронса, Олмон, Итолиё, Бритониё, Канада ва Амрико ба мувофиқа расиданд, ки дастрасии як қатор бонкҳои Русияро ба низоми SWIFT қатъ мекунанд. Онҳо дар рӯзи 26-уми феврал дар изҳороти муштарак гуфтанд, ин тадбир захираҳои байнулмилалии Бонки Марказии Русияро маҳдуд карда, ба ин васила ба тавоноии он барои пуштибонӣ аз рубл монеъ мешавад.
Коршиносон гуфтаанд, масдуд кардани дастрасӣ ба SWIFT як қадами умдаи Ғарб алайҳи Маскав хоҳад буд. Иқдомҳои ахир дар ҳоле сурат гирифтанд, ки коршиносони ғарбӣ мегӯянд, нерӯҳои Украина дар се рӯзи ҷанг муқовимати шадидтар аз интизорӣ нишон додаанд.
Вазири дифои Украина, Алексей Ресников, дар паёме дар Фейсбук, аз сарбозони худ ситоиш кард. Вай гуфт, Русия ба тасарруфи Киев, тавре ки тарҳрезӣ мекарданд, муваффақ нашуд ва афзуд, Украина ҳоло аз кишварҳои дигар ёрӣ интизор аст.
Виктор Ляшко, вазири тандурустии Украина, рӯзи 26-уми феврал гуфт, дар ҳамлаи Русия 198 нафар кушта ва беш аз 1000 каси дигар захмӣ шудаанд. Русия теъдоди қурбониёнро нашр накардааст.
Созмони Милал рӯзи 26-уми феврал гуфт, ки аз замони оғози ҳамлаи Русия ба Украина беш аз 120 000 нафар ин кишварро тарк карда, асосан ба Лаҳистон, Руминия, Молдова ва Маҷористон паноҳ бурдаанд.