Бо баланд шудани садои таркиши мушакҳои Русия дар чанде аз шаҳрҳои Украина, раиси ҷумҳури ин кишвар Владимир Зеленский вазъияти ҷангӣ эълон кард. Пеш аз ин Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, эълон кард, ки ба “амалиёти махсуси ҷангӣ” дар Украина оғоз мекунад. Ин вазъ нигарониҳоро аз оғози ҷанги васеъмиқёс дар Аврупо барангехт.
Владимир Зеленский гуфт, бо Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, суҳбати телефонӣ дошт ва афзуд, "Русия ба зербунёдҳои низомӣ дар воҳидҳои марзбонии Украина зарба задааст.”
Раиси ҷумҳури Украина афзуд, дар саросари кишвар вазъи ҷангӣ эълон мекунад ва ба мардум ҳушдор дод, ки “дар хонаҳояшон бимонанд ва наҳаросанд.” "Тамоми арсаи амният ва дифоии Украина кор мекунанд ва мо омодаи ҳама чиз ҳастем,” -- илова кард Зеленский. Украина тамоми қаламрави ҳавоиашро барои парвозҳои ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ баст.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, субҳи 24-уми феврал фармони "амалиёти низомии вижа" дар минтақаи Донбасси Украинаро содир кард. Ин фармон пас аз он эълон шуд, ки чанд соат пеш ҷудоиталабони Украина аз Русия ёрии низомӣ хоста буданд. Путин ду рӯз пеш "истиқлол"-и ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск Луганскро эътироф кард.
Тибқи иттилои хабаргузории русии РИА Новости, Путин изҳор дошт, ки даргирии низомӣ байни нерӯҳои Русия ва Украина "гурезнопазир" аст. Вай иддао кард, ки "иқдомоти Русия дифоъ аз худ дар баробари таҳдидҳо ва барои пешгирӣ аз мушкилоти калонтар аст".
Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин гуфт, ки мехоҳад Украинаро "ғайринизомӣ" кунад. Путин сипас ҳушдор дод, ки ҳар гуна талоши кишварҳои хориҷӣ барои мудохила дар баробари иқдомҳои Русия "пайомадҳое хоҳад дошт, ки онҳо то ба ҳол надидаанд".
Тибқи гузоришҳо, пас аз содир шудани фармони Путин, чанд садои таркиш дар Киев, Одесса, Харков, Днепр ва шаҳрҳои дигари Украина шунида шудааст ва нерӯҳо аз чанд мавқеъ дар Русия ва Беларус вориди хоки Украина шуданд.
Телевизиони СNN навори таркиш дар чанд қисмати Киевро нишон дод. Хабаргузории "Рейтерз" ҳам аз таркиш дар пойтахти Украина гуфт. Таркиш ҳамчунин дар "Бориспол" -- фурудгоҳи аслии Киев шунида шудааст. Ҳанӯз ҳеч гузориш дар бораи шумораи кушташудаҳо ва захмиёни ҳамлаҳо нашр нашудааст. Аммо сухангӯи Вазорати умури дохилии Украина гуфт, ҳамлаи густурда оғоз шудааст.
Шоми чаҳоршанбе Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфта буд, ки бар асоси далелҳои бадастомада, бовар дорад, Русия эҳтимол субҳи панҷшанбе ҳамлаи худро ба Украина оғоз мекунад. Блинкен дар суҳбат бо шабакаи хабарии NBC дар посух ба ин суол, ки оё фикр мекунад Русия то пеш аз поёни шаби чаҳоршанбе ба Украина ҳамла кунад, изҳор дошт, "бале, чунин фикре мекунам. Русия нерӯҳои худро дар саросари марзи Украина, аз шимол, шарқ ва ҷануб ба ҳолати омодабоши комил даровардааст".
Вай афзуд, "ба назар мерасад ҳама чиз барои Русия муҳайёст, то даст ба як ҳамлаи бузург алайҳи Украина бизанад".
Кремл шоми чаҳоршанбе эълон карда буд, ки ҷудоиталабони шарқи Украина аз Русия барои муқобила бо ончи "таҷовуз"-и Украина хондаанд, кумак талаб карданд. Ғарб қаблан ҳушдор дода буд, ки Русия дар пайи баҳонае барои ҳамла ба Украина мегардад ва аз ин рӯ, дархости кӯмаки ҷудоиталабон муқаддимаи эҳтимолӣ барои ҷанг хоҳад буд.
Лаҳзае пас аз он, раиси ҷумҳури Украина иддаои Маскавро дар бораи таҳдид шудан аз сӯи Украина рад кард ва ҳушдор дод, ки ҳамлаи Русия ба баҳои ҷони даҳҳо ҳазор нафар тамом хоҳад шуд. Владимир Зеленский зимни муроҷиат ба сокинони кишвараш гуфт, "мардуми Украина хоҳони сулҳ ҳастанд. Аммо агар таҳти ҳамла қарор бигирем, агар бубинем, ки мехоҳанд кишварамон, озодиҳоямон, зиндагиҳоямонро бигиранд, аз худамон дифоъ хоҳем кард."
Вай изҳор дошт, шоми чаҳоршанбе хостори гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия шуд, аммо Кремл посух надодааст. Зеленский бо ишора ба фармони Путин дар бораи фиристодани нерӯҳои рус ба шарқи Украина ва минтақаҳои ҷудошуда аз он ҳушдор дод, ки "ин иқдом метавонад сароғози як ҷанги калон дар қораи Аврупо бошад".
Тибқи гузоришҳо, Русия ҳарими ҳавоиро дар минтақаҳои ҳаммарз бо Украина баста, сабаби онро "таъмини амният"-и парвозҳои ғайринизомӣ гуфтааст. Украина низ эълон кард, ки парвозҳои ғайринизомиро дар ҳарими ҳавоии худ бинобар "хатарҳо" дастикам то поёни рӯзи панҷшанбе маҳдуд мекунад.