Баъди гузоришҳо дар бораи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина, арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло ва қимати саҳоми бозорҳои молӣ поён рафт.
Ҳоло қимати як бушка нафт бештар аз 100 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Нархи тило ва йен, пули миллии Ҷопон, ки ҳамеша дар замонҳои ноором амонатҳои хуб маҳсуб мешаванд, субҳи 24-уми феврал якбора боло рафтанд.
Арзиши саҳмияҳо дар бозорҳои молии Ҳонгконг, Сидней, Бомбай, Сеул то 3 дар сад поин омад.
Бозорҳои молии Токио, Сингапур, Тайпей, Шанхай ва Манила ҳам шоҳиди коҳиши қимати саҳом ва авроқи гаронбаҳо шуданд. Амалиёти низомӣ дар Украина ба бозорҳои Аврупо ва Амрико ҳам таъсир гузошт ва нархҳоро поин бурд.
Дар Русия мубодила дар бозорҳои молӣ қатъ карда шуд. Ҳаргуна болоравии қимати нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон ҳам таъсир мегузорад.