Толиб Шаҳидӣ, оҳангсози маъруфи тоҷик, дар асари наваш бо садои кӯдакон ба ҷаҳон паёми сулҳ мефиристад. Қарор аст, асари нави ӯ бо номи “Тик-ток” дар иҷрои хори кӯдакон бори аввал моҳи марти имсол дар як калисои Маскав садо бидиҳад.
Ба гуфтаи Толиб Шаҳидӣ, асари мусиқӣ матни навишташуда надорад ва “аз роҳи импровизатсия духтарону писарон маҷмӯи садоҳоеро талаффуз мекунанд, ки даргузашти вақтро ифода мекунанд.”
“Паёми асар ин аст, ки ҳамаи мо бояд барои сулҳ талош кунем, вале ин имконият на ҳамеша даст медиҳад. Бо садои кӯдакон, ки мавҷудоти поку беолоишанд, шояд рӯзе муваффақ шавем,” – гуфт ӯ рӯзи 22-юми феврал.
Толиб Шаҳидӣ, ки солҳои охир бештар дар хориҷа ба сар мебарад, гуфт, ба монанди дигарон ин шабу рӯз аз танишҳои сиёсӣ дар саҳнаи байналмилалӣ нороҳат мешавад.
Ӯ дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ бо ишора ба таҳаввулоти атрофи Украина гуфт: “Ба фикрам, ҳамаи мо он чиро, ки дар ҷаҳон мегузарад, эҳсос мекунем. Ин беақлӣ аст. Таҳаввулоти ҷаҳон ба рӯҳияи кас фишор меорад. Бисёр мехостам, ки раҳбарони ҷаҳон ба ҷои ҷаласа кардан, дар як толор ҷамъ шуда, “Реквием”-и Мотсарт, Верди ва ё симфонияи 6-уми Чайковскийро гӯш мекарданд. Шояд баъди ин аз фикри ҷанг даст мекашиданд.”
Оҳангсози маъруф мегӯяд, худи ӯ мавзӯи ҷангу сулҳро дар яке аз асарҳои охираш бо номи “Дориюш” ҳам ифода кардааст. Ин асари симфонӣ дар бораи муҳорибаҳои Искандари Мақдуниву шоҳ Дориюш, ки ҳанӯз дар Тоҷикистон эҷод шуда буд, бори аввал чанд моҳ пеш аз ҷониби Оркестри давлатии симфонии ба номи Светланови Маскав ба иҷро даромад.
Ӯ мегӯяд, дар ин барномаи консертӣ порае аз балети “Марги судхӯр”-и ӯ ҳам садо дод, ки соли 1978 ба муносибати 100-солагии таваллуди Садриддин Айнӣ дар саҳнаи Театри опера ва балети шаҳри Душанбе ба саҳна гузошта шуд.
Оҳангсози тоҷик, ки 13-уми март 76-сола мешавад, мегӯяд, як соли охир, бо вуҷуди пандемияи коронавирус, асарҳои ӯ аз саҳнаҳои консертии шаҳрҳои Русия зиёд садо додааст. Ним сол пеш дар толори калони Консерваторияи ба номи Чайковскии шаҳри Маскав зери раҳбарии дирижери театри Мариианский Гавриэл Гейне шаби эҷодии Шаҳидӣ барпо шуд. Асарҳои дигараш аз саҳнаҳои консертии Нижнийй Новгород ва Қазон садо дод.