Додгоҳи олии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов, маъруф бо номи Хӯҷа-командир, фармондеҳи пешини Фронти Халқиро дар доираи парвандаҳои наваш ба 21 сол маҳкум ба зиндон кард. Қаблан ӯро ба 14 сол зиндон маҳкум карда буданд.
Як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 18-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳукм ду рӯз пеш эълон шуд ва он бо назардошти ҳукми пешинаш, яъне дар маҷмӯъ 21 сол хонда шуд".
Наргиси Абдураҳим, духтари Хӯҷа Каримов ҳукми додгоҳро ноодилона хонда, гуфт, мақомот онҳоро аз эълони ҳукм огоҳ накардаанд. Ӯ рӯзи 18-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар чанде аз мурофиаҳои додгоҳии падарам ширкат доштам, додгоҳ сину сол, ҳолати равонӣ, фарзандон, ки ҳамагӣ духтар ҳастем ва ва хизматҳое, ки барои ободии халқу ватан кардааст, ба назар нагирифт".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ, ки аз парванда огоҳӣ доранд, гуфтанд, иттиҳомот нисбати Каримов бо пурсиши шоҳидон ва дигар санаду далелҳо исбот шудааст. Духтари Хӯҷа Каримов мегӯяд, "барои гунаҳкор эълон намудани падарам далелҳои кофӣ набуд ва бархе афроде, ки ба ҳайси шоҳид ҷалб шудаанд, падарамро намешинохтанд".
Парвандаи Каримов пас аз он дигарбора ба додгоҳ рафт, ки ба иттилои мақомот, ба унвонии Додситонии кул шикоятҳои нав аз маҳкумшуда расид. Ҳамсӯҳбати мо дар додситонӣ таъкид намуд, ки "беш аз 15 кас дар мавриди гаравгонгирӣ, одамкушӣ, роҳзанӣ аз сӯи Хӯҷа Каримов, шикоят карданд".
Айбдоркунандаи давлатӣ қаблан аз додрас барои Хӯҷа Каримов 30 соли ҳабс хоста буд. Назари вакили мудофеи Хӯҷа Каримов ҳанӯз дастрас нест. Аммо ҳамсӯҳбати мо дар додситонӣ, ки аз ҷузъиёти парвандаҳои Хӯҷа Каримов огоҳ аст, гуфт, ӯ дар мурофиа баъзе аз иттиҳомҳоро қабул накардааст.
Чархиш дар парвандаи Хӯҷа Каримов дар ҳолест, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон баҳори соли гузашта ӯро ба 14 сол зиндон маҳкум карда буд. Мақомоти интизомии кишвар соли гузашта гуфта буданд, Каримов бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла одамкушӣ ва гаравгонгирӣ, муттаҳам аст. Ин парвандаҳо дар бораи рӯйдодҳои давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон аст. Он замон Хӯҷа Каримов фармондеҳ ё ҷангсолори Фронти халқӣ буд.
Баъзе ҳуқуқшиносон, ки ба ҳаводиси он солҳо шиносанд дар баррасии парвандаҳо бархурди духела ё интихобиро мебинанд. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик, рӯзи 18-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, қонун бояд дар нисбати ҳамаи онҳое, ки дар гузашта ба ҷиноятҳое гумонбар мешуданд, дуруст татбиқ шавад: "Нисбат ба баъзе шаҳрвандон новобаста аз Иттиҳоди мухолифин ё Фронти халқӣ будан бо назардошти татбқи қонуни афв чан маротиба парвандаҳояшон бидуни баррасӣ монд. Ҳамзамон боиси таассуф аст, ки дар чунин парвандаҳо усули дугона низ ба назар мерасад ва бо назардошти баъзе омилҳои субъективӣ ва робитаи авлодӣ доштан, ё содиқтар будани онҳо ба раҳбарияти сиёсӣ доираҳои муайян дар озодӣ ҳастанд."
Хӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврали соли 2020 аз Дубай ба Душанбе оварданд. Вай ҳудуди бист сол пеш аз кишвар фирор карда, тобистони соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шуд.
Баъзе аз шоҳидони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Каримовро дар "бераҳмии фавқулода нисбат ба аҳолии осоишта" муттаҳам медонанд. Аз ҷумла, пайвандони бародарон Сияршо ва Саидшо Шоевҳо ӯро қотили ин ду вакили собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон медонанд. Дар замони ҷанги дохилӣ доир ба бераҳмӣ ва бедодгарии муҳофизонаш бо мардумони оддӣ ҳам сару садои зиёде буд.