Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хӯҷа-командир ба 14 сол зиндон маҳкум шуд. ВИДЕО, САДО


Хӯҷа Каримов
Хӯҷа Каримов

Хӯҷа Каримов, маъруф бо номи Хӯҷа-командир, фармондеҳи пешини Фронти Халқиро ба 14 сол зиндон маҳкум кардаанд. Ҷузъиёти ҳукм феълан дастрас нест, аммо дар гузашта мақомот ӯро барои даст доштан дар бист мавриди куштор муттаҳам медонистанд. Пайвандони Хӯҷа Каримов аз рӯйи ҳукм шикоят бурдаанд.

Масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, ҳукми Хӯҷа Каримов дар моҳи феврали имсол эълон шуд.

Як мансабдори Додгоҳи олӣ рӯзи 19-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт: "Маҳкумшуда 14 сол зиндонро дар маҳбаси низомаш пурзӯр мегузаронад. Аммо ҳукм ҳоло ба қувваи қонунӣ надаромадааст. Мумкин аст, аз сӯи Коллегияи Додгоҳи олӣ тағйир дода шавад."

Фармондеҳи пешини Фронти Халқиро 14 сол зиндонӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00
Линки мустақим

Назари пайвандон ва вакили мудофеи Хӯҷа Каримов ҳанӯз дастрас нест. Талошҳои мо барои суҳбат бо онҳо то ин дам бенатиҷа буд. Рақами телефони онҳо, ки дар оғози боздошти фармондеҳи пешин фаъол буд, ҳоло хомӯш аст.

Мусоҳиби мо дар Додгоҳи олӣ гуфт, пайвандони Хӯҷа-командир бо ҳукм розӣ нестанд ва барои бозбинии он шикоят кардаанд.

Хӯҷа-командир ба муддати 14 сол аз озодӣ маҳрум шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Хӯҷа Каримовро Раёсати парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ карда, дар оғози имсол ба Додгоҳи олӣ фиристод.

Мақомоти интизомии кишвар соли гузашта гуфта буданд, ба зидди Каримов бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла одамкушӣ ва гаравгонгирӣ, парванда кушодаанд.

Хӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврали соли гузашта аз Дубай ба Душанбе оварданд. Вай ҳудуди бист сол пеш аз кишвар фирор карда, тобистони соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шуд.

Баъзе аз шоҳидони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Каримовро дар "бераҳмии фавқулода нисбат ба аҳолии осоишта" муттаҳам медонанд. Аз ҷумла, пайвандони бародарон Сияршо ва Саидшо Шоевҳо Хӯҷа-командирро дар қатли ин ду вакили собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон айбдор карданд. Вале Наргиси Абдураҳим, духтари Хӯҷа-командир соли 2019 дар номае ба сомонаи “Ахбор” навишта буд, ки падараш "на дузд асту на қотил". Ҳоло мавқеи ӯ ба ҳукми Додгоҳи олӣ рӯшан нест.

XS
SM
MD
LG