"Аловиддин Абдуллоев аз сактаи дил даргузашт." Шахсе, ки ҳамеша одамонро механдонд, имрӯз ба мотам нишонд. ВИДЕО

Маросими видоъ бо Аловиддин Абдуллоев дар шаҳри Бохтар. 17-уми феварали 2022

Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманду ҳаҷвнигори шинохтаи Тоҷикистонро дар оромгоҳи Заргари ноҳияи Кушониён дафн карданд. Ӯ рӯзи 17-уми феврал дар 57-солагӣ даргузашт. Баъзе аз ҳамкасбонаш гуфтанд, "аз фишорбаландӣ ранҷ мекашид." Пизишкон гуфтанд, "аз сактаи қалбӣ даргузашт".

"Ду нафар аз наздикони ҳунарманд табиб буданд ва Аловиддин Абдуллоев зери назорати онҳо буд. Ҳамеша дору мехӯрд. Субҳи имрӯз, 17-уми январ, якбора сактаи қалбӣ шуд ва даргузашт," -- гуфтанд дар Идораи тандурустии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ.

Аловиддин Абдуллоев, хатмкардаи Донишкадаи фарҳанги ба номи Мирзо Турсунзода, солҳо дар театри шаҳри Бохтар кор мекард ва ҳамзамон раиси идораи фарҳанги Хатлон буд.

Абдураҳим Абдураҳмон, шогирд ва ҳамкори Аловиддин Абдуллоев, рӯзи 17-уми феврал гуфт, "воқеан ҳам одами камназир буданд, Аловуддин Абдуллоев. Шахсияти хоксор ва заминӣ буданд. Фикр мекунам, мо дигар ин хел ҳунарманд надорем."

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Видоъ бо "ҷентелмен"-и саҳнаи тоҷик Аловуддин Абдуллоев

Дар воқеъ, рӯзи 17-уми феврал садҳо ҳамдиёру мухлисони Аловиддин Абдуллоев барои видоъ бо ҳунарпешае ҷамъ шуданд, ки бо театри як ҳунарманд ва ё бо саҳнаҳои ҳаҷвие маъруф аст, ки худаш ҳама нақшҳоро иҷро мекард.

Маҳмадалӣ Аюбӣ, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, гуфт, "ин лаҳза ҳеч ҳунарманд озод сухан карда наметавонад. Ӯ ҳам ҳунарманд буд ва ҳам инсон. Солҳои дароз бо мо ҳамкорӣ дошт. Бовар кунед, ҳамчун сардори раёсати фарҳанги вилоят бо ҳунармандон, кормандони техникӣ ҳамчун бародар, ҳамкор ва як шахси бисёр бомаърифат суҳбат мекард."

Дар маҳалли видоъ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ даргузашти Аловиддин Абдуллоевро талафоти азиме барои фарҳангу театри Тоҷикистон хондаанд. Гуфтаанд, ки бо рафтани ӯ, лаҳзаҳои шодиву хандаву табассуми мардум камтар мешавад.

Ӯ, ки дар театри Бохтар коргардонӣ мекард, пештар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки худи мардум илҳомаш мебахшанд: "Ончӣ, ки нишон медиҳам, аз мардум аст, лутфи латифи онҳост. Дар шаҳре ба воя расидаам, ки мардуми маҳалҳои гуногуни Тоҷикистонанд, гуногунмиллатанд. Бо онҳо ки ба воя расидаам, бевосита гӯишу гапзании онҳо барои ман ошно буд. Онҳоро аз кӯдакӣ сабт карда, дар хотираи худам гузошта будам, ки дар сандуқи ҳунарии хеш барои рӯзи мабодо истифода барам."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: А.Абдуллоев: "Шӯхиҳо чун мардумӣ аст, зуд ба ҳама писанд меояд". ВИДЕО

Саҳнаҳои Аловиддин Абдуллоев, ки дар телевизионҳои давлатӣ бо номи "Шӯхиҳои Аловиддин" намоиш дода мешуд, аз барномаҳои сербинанда буд. Дар озмунҳои байнулмилалии ҳунарӣ дар Осиёи Марказӣ ҳам доварӣ кардааст.

Яке аз мухлисонаш гуфтааст, "қаблан бо дидани ҳаҷвҳои ҳунарпеша ба ӯ офарин мегуфтанд, аз ин баъд, механданду равонаш шод хоҳанд гуфт."

Роҳгузарон дар Душанбе гуфтанд, ки аз Аловиддин Абдуллоев чӣ хотира доранд:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Назари мардум дар бораи ҳунарманди зиндаёд Аловуддин Абдуллоев