Аловуддин Абдуллоев, ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик, пули чанд намоиши театрии гуруҳашро, ки ба ду ҳазор сомонӣ баробар буд, ба зарардидаҳои сел дар ноҳияи Панҷ додааст. Ӯ рӯзи 11-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “рости гап, шояд маблағи кам аст, вале тамоми даромади мо аз намоиш ҳамин қадар буд”.
Абдуллоев гуфт, бо ин амал хостанд, ки таваҷҷуҳи афроди дороро ба мушкили мардуми осебдида ҷалб кунанд. “Зиёд мехоҳам, ки чунин иқдомҳо бошад. Дар идҳои Рамазону Қурбон ҳам вобаста ба тавонамон кӯшиш мекунем ба хона-интернатҳо ҳам кумак кунем. Кам ҳам бошад, ин ба он маъност, ки онҳоро фаромӯш накардаем”, - афзуд ҳаҷвнигори тоҷик.
Аловиддин Абдуллоеви 55-сола бештар бо монолог ва ё саҳначаҳое машҳур аст, ки танҳо худаш дар нақши чанд қаҳрамони як асар зери унвони “Шӯхиҳои Аловиддин” тақдим мекунад.
Борони зиёд ва сел дар рӯзи 15-уми майи имсол дар вилояти Хатлон, бахусус дар се деҳаи ноҳияи Панҷ – Коммунизм, Пешқадам ва Селгаҳ – хонаи даҳҳо нафарро вайрон кард ва даҳҳо гектар зироат ва киштзорҳои мардумро аз байн бурд. Мақомоти Тоҷикистон ҳам гуфтанд, ки баъди арзёбии оқибатҳои фалокат маълум карданд, танҳо ноҳияи Панҷ аз сел 12 миллион сомонӣ, муодили якуним миллион доллар зарар дидааст.