"Барқи тоҷик": Афғонистон пули барқро саривақт пардохт накард

Соли гузашта Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 2,4 миллиард киловат соат барқ фурӯхтааст, ки назар ба як соли пеш 911,6 млн. кВт. бештар аст. Аммо ба гуфтаи ширкати "Барқи тоҷик", ҳаҷми пуле, ки аз ҳисоби фурӯши барқ ба хориҷ ба даст омад, назар ба як соли пеш 20 миллион доллар камтар аст.

Сабаби ин камомад ба гуфтаи мақомоти тоҷик ин аст, ки ширкати "Брешно"-и Афғонистон саривақти пули барқи Тоҷикистонро пардохт накард. Масъулини ин ширкати афғонистонӣ пештар гуфта буданд, дубора ба қудрат расидани Толибон ва мушкил дар кори бонкҳо, дасти онҳоро дар пардохти пули барқи Тоҷикистон кутоҳ кардааст.

Масъулини ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 14-уми феврал гуфтанд, бахши калони нерӯи барқи Тоҷикистон ё 1,2 миллиард киловат ба Афғонистон содир шудааст. Маблағи барқи содиршуда ба Афғонистон ба гуфтаи мақомоти тоҷик, 635,9 миллион сомонӣ (56,2 млн. доллар) аст.

Вале ба гуфтаи масъулини "Барқи тоҷик" ширкати "Брешно"-и Афғонистон саривақт маблағи барқро пардохт накард. "Сабаби асосии коҳиш ёфтани воридоти маблағи барқи содиротшуда, ин вазъи сиёсии Афғонистон ва вобаста ба ин сари вақт пардохт нашудани маблағи барқи интиқолшуда аз ҷониби ширкати "Брешна"-и Афғонистон мебошад",-гуфтааст манбаъ.

Муҳаммадумар Асозода, раиси навтаъини ширкат, рӯзи 31-уми январ дар Душанбе гуфт, "Брешно" ин моҳ 2 миллион доллар додааст ва моҳи феврал "масъалаи пурра пардохтани қарзро" баррасӣ мекунанд. Ҷаноби Асозода, қарзи умумии ширкати "Брешно"-ро 33 миллион доллар гуфта буд.

Пештар масъулини ширкати "Брешно" гуфта буданд, бо сабаби мушкил дар кори бонкҳои Афғонистон, ки моҳи август ба миён омад, натавонистанд сари вақт маблағи барқро ба Тоҷикистон пардохт кунанд. Ин ширкати афғонистонӣ пештар ваъда дода буд, ки аз ҳисоби фурӯши амволи мақомдорони ҳукумати пешин, пули барқро ба Тоҷикистон пардохт мекунанд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосии таъминкунандаи барқ ба Афғонистон аст. Баъди ба сари қудрат омадани Толибон дар моҳи августи соли гузашта, интиқоли барқ ба Афғонистон қатъ нашуд, ҳарчанд Душанбе аз мунтақидони ҳокимони нави Афғонистон аст.

Моҳи декабри соли гузашта миёни "Барқи Тоҷик"-и Тоҷикистон ва "Брешно"-и Афғонистон қарордоди содироти барқ дар соли 2022 имзо шуд. Бисёриҳо мақомотро танқид карданд. Аммо Далери Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, рӯзи 31-уми январ, ҳангоми нишасти матбуотӣ гуфт, интиқоли барқ ба Афғонистон "хусусияти иҷтимоӣ дорад".

Ба ҷуз аз Афғонистон, Узбекистон аз муштариёни барқи Тоҷикистон аст. Масъулини ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, соли гузашта ба Узбекистон бештар аз 1,1 млрд. киловат барқ содир шудааст. Маблағи барқи фурӯхташуда ба Узбекистон 258,8 млн сомонӣ (22,9 млн долллар) будааст.

Масъулини ширкати "Барқи тоҷик" гуфтанд, аз ҳисоби фурӯши барқ ба ду кишвари ҳамсоя дар умум Тоҷикистон 404,6 млн. сомонӣ ё қариб 39 миллион доллар маблағ дарёфт кардааст. Ин пул дар қиёс ба як соли пеш 232,6 млн. сомонӣ ё 20 миллион доллар камтар аст.

Содир шудани барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар дохили Тоҷикистон интиқодҳоеро ба миён овардааст. Як танқиди ҳамешагӣ аз мақомоти Тоҷикистон ин аст, ки дар рӯзҳое, ки мардум дар дохили кишвар аз барқ маҳруманд, фурӯши он ба Афғонистону кишварҳои дигари ҳамсоя ҳамчунон идома дорад. Мақомот набудани барқро дар кишвар пайваста ба таъмири хатҳо пайванд медиҳанд, вале нобоварӣ ба ин фарзия дар солҳои охир зиёд аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Барқи тоҷик" гуфтааст, ба Афғонистон ҳаҷми "хеле ками барқ" содир мешавад"Ҷанбаи иқтисодӣ дорад." Дар Тоҷикистон созиши интиқоли барқро ба Афғонистон шарҳ доданд"Барқи тоҷик" бо "Брешно"-и Афғонистон қарордоди содироти барқ имзо кардаастТоҷикистон аз фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя фоидаи бештар гирифтааст