Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи тоҷик" гуфтааст, ба Афғонистон ҳаҷми "хеле ками барқ" содир мешавад


Ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон ҷойгир аст
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон ҷойгир аст

Намояндаи ширкати «Барқи Тоҷик» дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфтааст, ҳоло ҳамагӣ 1 дарсади барқи Тоҷикистон ба Афғонистон содир мешавад. Мақомот гуфтаанд, ки ин миқдор барқ «барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани хатҳои интиқол ва таҷҳизот кофӣ буда, ба тавозуни умумии таъминоти барқи кишвар таъсире надорад». Манбаъ афзудааст, тибқи тавофуқи ширкатҳои энергетикии ду кишвар, ки дар охири моҳи декабр ҳосил шудааст, ҳаҷми интиқоли шабонарузии барқ ба Афғонистон 600-700 ҳазор киловатт-соатро ташкил медиҳад. Дар моҳҳои май то сентябри соли 2022 дар як шабонарӯз интиқоли то 9, 6 млн киловатт-соат барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ба нақша гирифта шудааст. Як танқиди ҳамешагӣ аз мақомоти тоҷик ин аст, ки дар рӯзҳое, ки мардум дар дохили кишвар камбуди барқ доранд, фурӯши он ба Афғонистону кишварҳои дигари ҳамсоя ҳамчунон идома дорад. Тоҷикистон дар 11 моҳи соли гузашта аз ҳисоби фурӯши барқ 93,5 миллион доллар фоида гирифтааст. Таъмини мардум ва корхонаҳо бо барқ яке аз мушкилоти асосии ҳукумати Тоҷикистон мебошад, чун, ба қавли мунаққидон, бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд, то ҳол бӯҳрони энержӣ ҳалли худро наёфтааст.

XS
SM
MD
LG