Мақомот омодагӣ ба амалиётро дар Хоруғ тасдиқ намекунанд, рад низ

Як аз кучаҳои Хоруғ дар моҳи ноябри соли гузашта.

Бархе аз сокинони шаҳри Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, теъдоди нерӯҳои низомӣ дар ин шаҳр афзоиш ёфтааст ва зоҳиран мақомот ба як амалиёти густарда омодагӣ мегирад.

Мақомот дар Бадахшон вазъро ором медонанд, вале омодагӣ ба амалиёти низомӣ дар ин шаҳрро тасдиқ ва ё рад намекунанд.

Навҷувонов вазифаи Аламшозодаро иҷро мекунад

Се ҳамсуҳбати Радио Озодӣ дар Бадахшон, аз ҷумла як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тасдиқ карданд, ки Абдураҳмон Аламшозода, роҳбари Ситоди байниидоравӣ дар ВМКБ ба Душанбе баргаштааст ва вазифаи ӯро генерал Абдулло Навҷувонов иҷро мекунад. Ин Ситод соли 2018 ба хотири "ҷорӣ кардани тартибу низом" дар ВМКБ таъсис ёфта буд. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода низ дар Хоруғ қарор дорад.

Субҳи рӯзи 12-уми феврал гурӯҳе аз занон бо раиси вилоят Алишер Мирзонабот мулоқот доштаанд, аммо ба гуфтаи манбаҳои Радио Озодӣ, ӯ гуфтааст, масъалаи амалиёт берун аз доираи салоҳияти раиси вилоят аст. То ин дам Радио Озодӣ натавонист бо ширкаткунандагони ин мулоқот тамос гирад.

"Шаҳр пур аз низомиён аст"

Амон, як тан аз сокинони шаҳри Хоруғ рӯзи 12-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шаҳрро пурра низомиён иҳота кардаанд. Ӯ гуфт, ки имрӯз шоҳиди ҷамъоварии имзо аз ронандагон ва бархе сокинон буд. "Мақомот бо зурӣ аз сокинон имзо мегиранд, ки барои гузаронидани амалиёт розигӣ диҳанд. Аҳвол хуб нест.",--гуфт ӯ.

Назармамад, сокини дигари шаҳри Хоруғ, ки замони суҳбат дар маҳаллаи Бар Хоруғ ҳузур дошт, гуфт, ба ҷуз ин маҳалла низомиён дар тамоми шаҳр камин гирифтаанд.

Бархоруғ, маҳали зисти Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров аст, ки ба латтукуби Лутфулло Наврӯзов, сардори Раёсати маорифи Бадахшон айбдор мешавад ва мақомот аз ӯ хоста буданд, ки таслим шавад. Худи ӯ ва ҷонибдоронаш ин айбномаро тӯҳмат медонанд.

"Ҳоло дар наздикии хонаи Маҳмадбоқир зиёда аз 200 марду зан қарор доранд ва мегӯянд, ки ба мақомот иҷозаи боздошти ӯро намедиҳем. Ҳарчанд низомиён дохили маҳалла нашудаанд, вале аз баландиҳо Бар Хоруғро назорат мекунанд.",--гуфт Назармамад, сокини шаҳри Хоруғ.

Вазъ ором аст?

Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "вазъият пурра ором аст", вале омодагӣ ба амалиётро тасдиқ ва рад накарданд.

Мақомот гуфтаанд, агар гумонбарон худро таслим накунанд, зарурати боздошти онҳо пеш меояд. Онҳо аз Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва 6 гумонбари дигар талаб доранд, ки ба мақомот таслим шаванд, вале онҳо рад кардаанд.

Наздики се моҳ боз, ба ҷуз бонкҳо, идораҳои давлатӣ ва созмонҳои байналхалқӣ дар вилояти Бадахшон сокинон ба интернет дастрасӣ надоранд. Дастрас кардани хабар ва ташхиси дурустии овозаҳо ба сахтӣ даст медиҳад.

Андрей Серенко, таҳлилгари рус дар саҳифаи худ дар Телеграм навиштааст, ки дар дибонгоҳҳо дар Хоруғ шумораи низомиён афзоиш ёфтааст. Ӯ навиштааст, ки кормандони 11 бахши ВКД аз вилояти Хатлонро ба Бадахшон сафарбар кардаанд ва сокинон парвози дронҳоро дар фазои Хоруғ мушоҳида мекунанд.

Зодагони Бадахшон дар муроҷиатҳои видеоӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки аз анҷоми амалиёт ва "рехтани хуни бегуноҳон худдорӣ кунад."

Вазъ дар Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон аз охири моҳи ноябри соли гузашта ба ин сӯ норӯшан аст.

Рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта зимни амалиёти мақомоти интизомӣ Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа кушта шуд. Сокинон чор рӯз дар Хоруғ эътироз карданд. Пас аз ваъдаи мақомот, ки ҳодисаи марги ин сокини Роштқалъаро таҳқиқ мекунанд, эътирозгаронро таъқиб намекунанд ва интернетро дубора дар Бадахшон дастрас мекунанд, сокинон пароканда шуданд. Ҳоло сокинон мегӯянд, мақомот ба ҳеҷ ваъдаи худ амал накарданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"На хиёнат кардаам, на қонуншиканӣ." Паёми видеоии Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров дар посух ба иттиҳомотШаҳрдори Хоруғ аз Маҳмадбоқир хост, таслим шавадHRW дар бораи дастраси ба интернет дар Бадахшон ва парвандаи Амриддин Аловатшоев изҳорот додҲадафи амалкардҳои Душанбе дар муносибат бо ВМКБ чист?Сокинон вазъи Хоруғро ташвишовар хонданд. Мақомот: Ҳама ҷо ором астБа зидди Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров парванда кушодаанд. Ӯ "туҳмат" хонд