Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навори зоҳиран бозпурсии яке аз шоҳидони садамаеро нашр кард, ки дар он Дамирбек Олимов, ҳунарманди шинохта дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳалокат расида буд.
Дар ин навор Муқимҷон Юсупов, ки шаби ҳодиса ҳамроҳи Дамирбек Олимов қарор доштааст, дар посух ба суоли корманди БДА мегӯяд, “онҳо нушидагӣ набуданд” ва замони ҳодиса овозхон аз телефони мобилиаш мусиқӣ гуш мекард. Ба гуфтаи ӯ, онҳо аз шабнишиние аз самти шаҳри Гулистон ба Хуҷанд меомаданд.
“Суръати ҳаракат тақрибан 100 буд”,--гуфт ӯ дар посух ба суоли корманди БДА.
Ин садама соати 01:00-и шаби 5-уми феврал дар роҳи мошингарди “Хуҷанд-Сомғор” ба вуҷуъ пайваст, ки ҳунарманди 33-сола ҳалок ва ду ҳамроҳаш ҷароҳат бардоштанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ронанда Дамирбек Олимов “бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, аз роҳи мошингард ба қисмати шағалпӯши ҳамшафати роҳ ва баъдан ба саҳрои пайваста ба роҳи мошингард баромада, якчанд маротиба чаппа шудааст.”
Гузориши видеоӣ дар бораи Дамирбек Олимовро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дамирбек Олимов, овозхони 33-солаи тоҷик соли 2011 бо таронаи "Зулфони майда дорӣ" рӯйи саҳна омад ва дертар бо таронаи "Дунё" машҳур шуд.
Дамирбек Олимов ба ҷуз аз таронаҳои муосир, шашмақом низ мехонд ва узви гуруҳи шашмақомхонҳои "Нури Хуҷанд" буд. Ӯ бо таронаҳои якҷояаш (Мавригӣ) бо овозхон Нигина Амонқулова ба саҳнаҳои калон роҳ ёфт. Чанде пеш ҷоизаи "Тарона", тарҳи мусиқии "Азия-Плюс"-ро соҳиб шуда буд.
Ӯ зодаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ва фарзанди Ботурбек Олимов, ҳунарманди шинохта дар минтақа аст. Дамирбек Олимов аз худ се фарзанду даҳҳо суруд гузошт. Охиринаш "Бачагӣ" буд, ки бар матни шоири шинохта, Толиб Озарахш, омода шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Марги Дамирбек. Шарҳи ВКД ва хотираи дӯстон. ВИДЕОДамирбек Олимов, овозхони ҷавони тоҷикро ба хок супурданд. АКСМаросими видоъ ва дафни Дамирбек ОлимовҲалокати Дамирбек Олимов, овозхони ҷавони тоҷик, дар садамае дар Хуҷанд. ВИДЕО