Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги Дамирбек. Шарҳи ВКД ва хотираи дӯстон. ВИДЕО


Маросими видоъ ва дафни Дамирбек Олимов
Маросими видоъ ва дафни Дамирбек Олимов

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби садамае, ки дар он Дамирбек Олимов, ҳунарманди шинохта дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳалокат расид, шарҳ дод.

Дар хабарномаи ин Вазорат, ки рӯзи 7-уми феврал нашр шудааст, гуфта мешавад, ронанда Дамирбек Олимов “бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, аз роҳи мошингард ба қисмати шағалпӯши ҳамшафати роҳ ва баъдан ба саҳрои пайваста ба роҳи мошингард баромада, якчанд маротиба чаппа шудааст.”

Ҳодиса соати 01:00-и шаби 5-уми феврал дар роҳи мошингарди “Хуҷанд-Сомғор” ба вуҷуъ пайваст, ки ҳунарманди 33-сола ҳалок ва ду ҳамроҳаш ҷароҳат бардоштанд. ВКД гуфтааст, ки ҳодисаро таҳқиқ дорад.

“Ёде аз марг”

Марги ин ҳунарманди ҷавон ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Дӯстону ҳамкоронаш мегӯянд, дар таронаҳои охираш Дамирбек бештар ёде аз марг ва ниёише ба Худованд мекард.

Қурбон Бобоҷонов, коргардони клиптаронаҳои Дамирбек Олимов мегӯяд, охирин суруде, ки ӯ мехост омода кунад, ниёиш буд.

“Эй бор худои аршу курсӣ,

Шаш чиз ба мо ато фиристӣ.

Имону амону тандурустӣ,

Илму амалу фарохдастӣ.

Ё Оллоҳ, ё Оллоҳ ...

Бо ҳамин матн як ғазали наверо омода карда истода буд, ки ин охирон эҷодиёташ гардид.”,--гуфт ӯ.

Пайрави мактаби Ҷурабек

Дамирбек Олимов, узви гуруҳи Шашмақомхонони “Нури Хуҷанд” зери раҳбарии Ҳунарманди Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов буд ва худро пайрави мактаби ҳунарии ин ҳунарманди саршинос медонист. Ӯ бо ҳамроҳии ширкати “ҶМ” нақша дошт, ки пас аз як моҳ шаби эҷодиашро баъди чор соли таваққуф доир намояд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Марги Дамирбек. Шарҳи ВКД ва хотираи дӯстон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:39 0:00

Парвизбек Муродов, мудири ширкати “ҶМ” гуфт: “Як дуэт омода карда истода будем, ки бояд бо яке аз хонандаҳои кишвари Узбекистон якҷо мехонданд. Суруду матнаш омода буд. Ба ҷашни 80 солагии устод Ҷӯрабек Муродов суруди якҷоя омода карда истода буд, ки бояд клиптарона месохтем. Нақша доштем, ки санаи 7-8-уми март бахшида ба рӯзи модарон доир намоем. Ба наздикӣ Русия рафта омада буд ва мо ният доштем дар Маскаву дигар шаҳрҳои Русия барномаҳои эҷодиашро доир намоем”.

Ягона фарзанди хонадон

Дамирбек Олимови 33- сола шаби ҳодиса аз маъракае бармегашт. Ду мутриби гуруҳаш низ бо ӯ буданд. Ба гуфтаи нозирони роҳ ӯ, ки худ сари фармони "Honda" буд, дар наздикии Боғи миллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст. Дар натиҷа, мошин аз роҳ берун шуда, чаппа гардидааст, ки ҳануз чанд қисми эҳтиётии он ва осори садама дар наздикии роҳ дида мешаванд.

Ба иттилои дарёфтӣ, навозандаҳо Суҳроб Бердиеви 26-сола ва Муқимҷон Юсуфови 28-сола дар бемористон буда, вазъияти аввалӣ "нисбатан вазнин" гуфта мешавад.

Дар маросими видоъ ва хоксупории ӯ, ки пас аз зуҳри 5-уми феврал баргузор шуд, даҳҳо нафар аз ҳаводорон ва ҳамкорону дӯстонаш иштирок доштанд. Ҷасади Дамирбек Олимовро дар оромгоҳи Абубакри Сиддиқи ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) дафн карданд. Наздиконаш гуфтанд, ӯ яккафарзанди хонадон ва инсони ҳалиму нек буд.

Абдусалом Мансуров, тағои Дамирбек Олимов аз ӯ чунин ёд кард: “Фақат суханҳои нек мегуфт, бадрафтор набуд. Ҳамеша ҳамаро ҳурмат мекард ва ҳамаро аз худаш боло медонист. Бачаи хоксор буд. Ҳайфи Дамирҷонам“.

Аз лаҳзаи ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтани хабари марги Дамирбек Олимов садҳо нафар дареғ хӯрданд. Ҳамкоронаш аз ӯ овозхони маънисаро ном бурданд ва набуданашро зарбаи сахте ба арсаи ҳунар дар кишвар медонанд.

Аз “Шашмақом” то эстрада

Мубориз Усмонов, овозхон мегӯяд, чанд моҳи ахир Дамирбек чандон ҳоли хубе надошт. “Аз моҳи сентябр ё октябр ба ин тараф нигоҳ мекардам, ки табъаш мисли пештара наонқадар болида буд. Ин чизро ман ҳис мекардам. Дамирбек барои ман ҳамчун ҳамкасбу санъаткор набуд, вай мисли ако ва дӯсти наздикам буд. Дар ҳама хурсандиву ғамгиниам ҳамроҳи ман буд ва ман хеле эҳтиромаш мекардам.”,--гуфт ӯ.

Рустам Азимӣ, овозхон ва ҳамсабақи донишгоҳии Дамирбек мегӯяд, дар ибтидо ӯ тамбур менавохт. “Зиёд мехост, ки жанри шашмақоми классикиро ба пеш барад ва бо мурури замон дидем, ки баъди хатми колеҷи мусиқӣ бо сароидани сурудҳои миллӣ ном баровард. Ифтихори миллат гашт гӯем ҳам, хато намекунем.”,--гуфт ӯ.

Дамирбек Олимов, ки соли 2011 аввал бо таронаи "Зулфони майда дорӣ" ба мухлисонаш муаррифӣ гардид ва дертар бо таронаи "Дунё" машҳур шуд, аз соли 2004 ба омӯзиши касбӣ дар колеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз шурӯъ кардааст. Парвози ҳунарии ӯ ҳамчун навозанда ҳамроҳи Ҷӯрабек Муродов дар озмуни байналмилалии “Шарқ Тароналарӣ” ибтидо гирифта, аз он баъд қариб ҳамасола овозхони сол гардида ва даҳҳо ҷоизаҳои муътабари минтақаро соҳиб мегашт. Ахиран ҷоизаи "Тарона", тарҳи мусиқии "Азия-Плюс"-ро соҳиб шуд. Сурудҳои “Мавригӣ”-аш бо Нигина Амонқулова ӯро то мамолики Амрикову Араб бурд. То ин дам ду албоми сурудҳояшро бо номи “Масти тарона ва “Дунё” ба ҳаводорони мусиқиаш пешкаш карда ва албоми сеюмашро бояд ин баҳор муаррифӣ мекард, ки марг ӯро то ба он лаҳза нарасонд.

Афзалшоҳ Шодиев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аз марги ҳунарманди ҷавон таассуф хурд: “Гуфтӣ, ки меравам ба Самарқанд назди ту, Биллаҳ маҳалли найшакар омад, наомадӣ. Афсуси бачаи мо, ки дигар намебиёд. Алвидоъ. Алвидоъ.”

Хоҳиши падар аз ширкатдорони ҷанозаи писараш

Дамирбек Олимов зодаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ва фарзанди Ботурбек Олимов, ҳунарманди шинохта дар минтақа аст. Аз худ се фарзанду чандин суруд гузошт. Охиринаш "Бачагиям" буд, ки бар матни шоир, Толиби Озарахш, омода шудааст.

Ботурбек Олимов, падари Дамирбек Олимов дар маросими ҷанозаи писараш аз ширкатдорон дархост кард: “Як илтимос дорам ва шояд гапи ман хато бошад, вале мехоҳам бачаякамро бори охир бо кафкубиҳо ба хонаи охират гусел кунед.”

Ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо сониҳа ё садамаи нақлиётӣ рӯй медиҳад. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодисаҳо даҳҳо нафар ҷони худро аз даст дода, иддае маҷруҳу маъюб мешаванд. Дар як садамаи пурсарусадо дар моҳи августи соли 2020 овозхони маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расида буд.

XS
SM
MD
LG