Як намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон ба Хӯҷа Каримов, машҳур бо номи Хӯҷа-командир, ҷангсолори пешини Фронти Халқӣ, дар доираи парвандаҳои нав 30 соли дигар ҳабс хостааст. Қаблан ӯро ба 14 сол зиндон маҳкум карда буданд. Баррасии парвандаҳои нави Хӯҷа-командир дар Додгоҳи олии Тоҷикистон идома дорад. Духтараш мегӯяд, бо иттиҳомҳо розӣ нест.
"Ҳукм рӯзҳои наздик эълон мешавад"
Як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 4-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, "беш аз 15 кас дар мавриди гаравгонгирӣ, одамкушӣ, роҳзанӣ аз сӯи Хӯҷа Каримов шикоят карданд. Покуратура (додситонӣ) парвандаро ба Суди олӣ (Додгоҳи олӣ) фиристод. 30 сол ҳабс талаб карданд. Ҳукм рӯзҳои наздик эълон мешавад."
Наргиси Абдураҳим, духтари Хӯҷа Каримов, рӯзи 4-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ баррасии парвандаҳои нави падарашро тасдиқ кард, аммо гуфт, бо талаби додситон ва иттиҳомҳои эълоншуда розӣ нест.
"Ҷиноят содир шудааст ё не, чизе гуфта наметавонам. Он солҳо хурд будам. Аз он ҷое, ки падарамро мешиносам, бовар надорам, ӯ чунин ҷиноят кардааст. Ҳама вақт ба ин бовар ҳастам, ки падарам ҷинояткор нест. Худаш ҳам ҷинояткориро тасдиқ намекунад," – афзуд Наргиси Абдураҳим.
Назари вакили мудофеи Хӯҷа Каримов ҳанӯз дастрас нест. Ҳамсуҳбати мо дар Додситонӣ, ки аз парвандаҳои Хӯҷа Каримов огоҳ аст, гуфт, ӯ дар мурофиа баъзе аз иттиҳомҳоро қабул накардааст.
"Парвандаҳо дар бораи рӯйдодҳои давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон"
Парвандаи нави Хӯҷа Каримов дар ҳоле додгоҳӣ мешавад, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон баҳори соли гузашта ӯро ба 14 сол зиндон маҳкум кард.
Мақомоти интизомии кишвар соли гузашта гуфта буданд, Каримов бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла одамкушӣ ва гаравгонгирӣ, муттаҳам аст. Ин парвандаҳо дар бораи рӯйдодҳои давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон аст. Он замон Хӯҷа Каримов фармондеҳ ё ҷангсолори Фронти Халқӣ буд.
Хӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврали соли 2020 аз Дубай ба Душанбе оварданд. Вай ҳудуди бист сол пеш аз кишвар фирор карда, тобистони соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Боздошти Хӯҷа-Командир баъди 20 соли фирор аз Тоҷикистон. ВИДЕОБаъзе аз шоҳидони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Каримовро дар "бераҳмии фавқулода нисбат ба аҳолии осоишта" муттаҳам медонанд. Аз ҷумла, пайвандони бародарон Сияршо ва Саидшо Шоевҳо Хӯҷа-командирро дар қатли ин ду вакили собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон айбдор карданд. Ҳарчанд духтараш Наргиси Абдураҳим ба иттиҳомоте, ки нисбати падараш эълон шудааст, бовар надорад.