Додгоҳи шаҳри Душанбе яке аз ҳамроҳони Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир), фармондеҳи собиқи Фронти Халқиро барои авбошӣ ҳангоми мурофиа дар зиндон ҷазои сахттаре додааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 1-уми июн бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, Рустам Ҷабборов ба “одамкушӣ ва ҷиноятҳои дигар” ба 13 солу 6 моҳ ба зиндон маҳкум шуда буд, аммо барои авбошӣ дар мурофиа якуним соли дигар ба он афзуда шуд.
Мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 9-уми феврали имсол сурат гирифтааст. Мавқеи тарафи дигар ба ҳукм маълум нест.
Ба иттилои Додситонии кул, пас аз эълони ҳукм Рустам Ҷабборов, “дар ҳузури зиёда аз 20 корманди тавқифгоҳи тафтишотӣ, сарбозони қисми ҳарбии 6593 ва шаҳрвандони дигар, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кард. Нисбат ба ҷабрдида Қаюмова Ш. дашному ҳақоратҳои қабеҳ ва таҳдиди истифодаи зӯроварӣ намуда, муддати зиёда аз 15 дақиқа тартиботи дохили тавқифгоҳи тафтишотиро дағалона вайрон намуд.”
Ба гуфтаи додситонӣ, барои ором кардани Рустам Ҷабборов сарбозону посбонони дигарро ҳам даъват кардаанд. Барои ин рафтор, ба гуфтаи додситонӣ, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 18-уми майи имсол ба ҳукми Рустам Ҷабборов якуним соли дигари зиндон изофа кард ва амр дод, то ӯро дар умум 15 сол дар зиндони низомаш сахт нигаҳ доранд.
Додситонӣ нагуфтааст, ки Рустам Ҷабборов киро куштааст ва кадом ҷиноятҳои дигарро содир кардааст, аммо додгоҳи Душанбе шарики ӯ – Хӯҷа Каримовро рӯзи 9 -уми феврал барои қатлу куштор ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба 14 сол зиндон маҳкум кард.
Хӯҷа-Командир ва шариконашро аз он фармондеҳони замони ҷанги дохилӣ медонанд, ки нисбат ба мардуми осоишта зулму бедодгарии зиёд кардаанд. Пайвандони ӯ дар гузашта чунин иттиҳомро рад карда, баръакс аз кумакҳояш ба мардуми дармонда сухан гуфтаанд.