Оқибатҳои ҷанг дар марз. Хонаҳои сӯхта ва мошинҳои олуда ба хун. ВИДЕО. НИГОРИСТОН

Видеову аксҳо аз маҳалли низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миқёси ҳодиса ва паёмадҳои хунрезиро нишон медиҳанд.

Дар чанд видеое, ки корбарон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, хонаҳои осебдида дар ҷамоати Сурх дар ноҳияи Исфара дида мешавад. Дар феҳрасти тартибдодаи мақомот, ки нусхае онро Радиои Озодӣ дид, омадааст, ки дар маҷмуъ дар ин ҷамоат 11 хона ва иншооти сокинон осеб дидаанд. Нодира Авезова яке аз занони фаъоли маҳаллаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркуҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи гулӯландозиҳои нимаи дуввуми рӯзи 27-уми январ 9 хона дар деҳа осеб дидааст.

Дар видеои дигар, мошини ёрии таъҷилие дида мешавад, ки дар натиҷаи ҳамла бо минамёт осеб дидааст. Ба гуфтаи мақомот, ронандааш ба ҳалокат расидааст.

Аз ҷумла манзили Низом Бобоев, Ҳалим Ҷӯраев, Убайдулло Шоҳҳусейнов, Муҳаммадхон Неъматов, Обид Туйчиев, Ҳомид Ашӯров, Азим Одинаев, Ғоибшо Мараҷабов, Халлоқ Юсуфов ва бинои нонвойхонаи “Зарафшон” зарар дидаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оқибатҳои ҷанг дар марз. Хонаҳои сӯхта ва мошинҳои олуда ба хун

Вай афзуд, имрӯз раиси шаҳри Исфара Баҳодур Баҳоваддинзода ва кормандони умури дохила хонаҳои вайроншударо хабар гирифта, бо соҳибонашон суҳбат карданд. Мақомоти расмӣ ҳануз дар бораи хисорот дар маҳаллаҳои наздимарзӣ иттилое надодаанд.

Дар даргирии шоми гузашта миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар сарҳади Исфара ва Бодканди Қирғизистон, ду нафар аз ҷониби Тоҷикистон ҷон бохтанд. Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шумораи захмиёнро 10 нафар гуфт, ки 6 нафари онҳо низомӣ ва 4 нафарашон мардуми оддӣ мебошанд.

Осори ҷанг дар марз дар деҳаи Хоҷаи Аъло

Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон субҳи 28-уми январ бо нашри изҳороте гуфт, ки Обидҷон Тӯйчиев, сокини ҷамоати Хоҷаи Аълои Исфара бар асари таркиши тири миномёти марзбонони қирғиз дар манзилаш ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Абдулатиф Шарифови 62-сола, ронандаи "Ёрии таъҷилӣ"-и Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти ғайринизомиён деҳаи Хоҷаи Аъло, аз зарбаи гулӯла ҷон бохтааст.