Шарофиддин Гадоев: Қарори Созмони Милал одилона аст. ВИДЕО

Шарофиддин Гадоев

Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва яке аз мухолифони давлати Тоҷикистон дар хориҷ, аз қарори як гуруҳи Созмони Милал истиқбол кард, ки гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистону Русия дар рабудану ба Душанбе фиристодани ӯ нақш доранд.

Гуруҳи кории Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона бо судури як қароре гуфт, ки Шарофиддин Гадоев моҳи январи соли 2019 ихтиёрӣ ба Тоҷикистон нарафтааст, балки ӯро мақомоти ду кишвар ғайриқонунӣ ба Душанбе бурдаанд.

Гуруҳи мазкур гуфт, ҳукуматҳои ҳарду кишвар бояд барои ин амалҳои ғайриқонунӣ ба ин мухолифи давлат ҷуброн бипардозанд.

Шарофиддин Гадоев рӯзи 25-уми январ дар як паёми видеоӣ аз Ҳолланд ба Радиои Озодӣ гуфт: “Қарори Гуруҳи кории Созмони Милали Муттаҳидро одилона медонам ва ин қарори СММ дар марҳилаҳои баъдӣ дар Додгоҳи Аврупо ва дар Додгоҳи Байналмилалӣ мавқеи моро мустаҳкам хоҳад кард. Ғайр аз ин, дар додгоҳи гражданӣ, ки барои барқарор кардани зарари моддиву маънавӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистону Русия ва инчунин аз ҷониби ширкати “Сомон Эйр” ба мо дар додгоҳи гражданӣ кумак хоҳад кард.”

Наворро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шарофиддин Гадоев: Қарори Созмони Милал одилона аст

Гадоев ҳамчунин гуфт, қазияи рабуданаш метавонад барои афроди дигаре, ки ба мисли ӯ аз Русия ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон бурда шудаанд, намунаи ибрат шавад.

“Ман аввалин ва охирин нафар нестам, ки аз Русия дуздида мешаванд. Аввалин нафаре ҳастам, ки аз ин ҳолат бо талоши кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон озод шудаам. Онҳое, ки наздиконашонро аз Русия дуздида ба Тоҷикистон меоранд ва бегуноҳ ба хотири мавқеъ ва дидгоҳҳои сиёсиашон ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунанд, метавонанд, аз ин имкониятҳо истифода баранд. Барои барқарор кардани адолат ва ҳаққу ҳуқуқи наздиконашон талош варзанд,” – афзуд ӯ.

Шарофиддин Гадоев рӯзи 13-уми феврали соли 2019 ба Маскав рафт, вале субҳи 15-уми феврал дар Душанбе пайдо шуд. Мақомоти интизомӣ мегуфтанд, ки ӯ ихтиёран ба Тоҷикистон баргаштааст, вале баъди муроҷиатҳои ҷомеаи байналмилалӣ, ҳукумат ба ӯ иҷоза дод, дигарбора ба Ҳолланд, макони иқомати доимиаш баргардад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Гуруҳи СММ гуфт, Русияву Тоҷикистон бояд ба Шарофиддин ҷуброн бипардозанд. ВИДЕОДар Тоҷикистон ба зидди хоҳари Шарофиддин Гадоев парванда кушодаандШарофиддин Гадоев: Нияти ҳамкорӣ бо ҳукуматро надоремГапи озод: Даъвати мухолифон ба бозгашт ба Тоҷикистон. Самимист ё не? ВИДЕОНоми Шарофиддин Гадоев аз рӯйхати "Интерпол" берун карда шуд Шарофиддин Гадоев: "Дуздидани ман ҷинояти байналмилалӣ аст" ВИДЕО