Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи Шарофиддин Гадоев аз рӯйхати "Интерпол" берун карда шуд


"Интерпол" -- пулиси байналмилалӣ Шарофиддин Гадоев, раҳбари гурӯҳи оппозитсионии "Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон"-ро аз рӯйхати мавриди ҷустуҷӯи худ берун кардааст.

Ин раҳбари гурӯҳи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар Аврупо ба сар мебарад, соли 2013 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар рӯйхати мавриди ҷустуҷӯи "Интерпол" қарор гирифта буд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд.

Ҳамакнун баъд аз ҳафт сол, "огоҳии сурх " (Red Notice) аз номи Шарофиддин Гадоев бардошта шуд ва ҷустуҷӯи ӯ аз сӯи "Интерпол" қатъ шудааст.

Ин фаъоли сиёсии тоҷик соли 2014 дар Испания бар пояи рӯйхати "Интерпол" боздошт шуда буд, аммо ба ҳукумати Тоҷикистон таслим карда нашуд.

Қазияи ин фаъоли сиёсии тоҷик, ки ҳаққи иқомат дар Ҳолландро дорад, соли гузашта сару садоеро ба миён овард. Ӯ миёнаҳои моҳи феврали соли гузашта дар Тоҷикистон ва дар наворе, ки баъдан ӯ гуфт зери фишор сабт шуд, изҳор дошт, аз фаъолиятҳояш дар хориҷ аз кишвар пушаймон аст ва ихтиёран ба ватан баргаштааст.

Баъдан, дар навори дигаре, ки ҳампаймононаш нашр карданд, Гадоев қабл аз сафараш ба Маскав мегуфт, агар дар Тоҷикистон пайдо шуд, пас ӯ рабуда шудааст. Ин навор сару садои зиёд барангехт ва ба гуфтаи мухолифин, далел барои бозгашти дубораи Гадоев ба Аврупо шуд.

Шарофиддин Гадоеви 35-сола, ки дар Тоҷикистон тиҷорат дошт, соли 2012 ҳамроҳ Умаралӣ Қувватов тарки кишвар кард ва "Гурӯҳи 24"-ро созмон доданд. Пас аз кушта шудани Қувватов дар соли 2015 ӯ тарки ин гурӯҳ кард. Ҳоло раҳбариии "Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон" -- як гурӯҳи мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро ба дӯш дорад.

XS
SM
MD
LG