Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанде аз раҳбарони, ба истилоҳ, ғайрирасмии минтақа, аз ҷумла Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро "сардори гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ" номидааст, ки ба гуфтаи ӯ монеи кори дурусти мақомот мешаванд. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров иддаои Алишер Мирзонаботро рад кард ва гуфт, ӯ ва ҳамроҳонаш унсурҳои ҷиноӣ нестанд. Ин радду бадал баъд аз якуним моҳи эътирозҳо дар Хоруғ сурат мегирад.
Посухи Маҳмадбоқиров ба ончи дар ҷаласа гуфтанд
Ҷаласаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 10-уми январи имсол дар Хоруғ баргузор шудааст. Навори суханронии ӯро 12-уми январ дар Ютюб гузоштанд.
Бино бар он, Алишер Мирзонабот гуфтааст, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров дар моҳи ноябри имсол ду дафъа монеи мулоқоти раиси тозатаъини Хоруғ бо сокинон шуд ва даъвати мақомотро барои пурсиш нодида гирифт.
"Вақте шахс ҷиноят содир мекунад ва аз тарафи мақомот даъватнома меояд, бояд ҳозир шавад. Дар ҳеч ҷойи Тоҷикистон дусад-сесад нафар дар назди идораи додситонӣ, шуъбаи умури дохилӣ, амният ҷамъ намешаванд. Монеа эҷод намекунанд, халал ворид намекунанд. Ин ҳолат фақат дар Хоруғ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дида мешавад," – гуфтааст ӯ.
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров рӯзи 12-уми январ дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳарфҳои мансабдорон дарак дорад, аммо ин ҳамаро дар ҳаққи худ туҳмат шуморид. Ӯ гуфт: "На аз тарафе даъват шудаам ва на касе маро фишор додааст."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чаро Бадахшон? Баҳси Додоҷони Атовулло ва Сайфулло Сафаров дар Гапи Озод. ВИДЕОАз Толиб Айёмбеков ҳам ном гирифтаанд
Дар ҷаласаи 10-уми январ дар Хоруғ дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва вазири энержӣ Далер Ҷумъа низ иштирок кардаанд.
Далер Ҷумъа дар суханронии худ Толиб Айёмбеков, Мунаввар Шанбиев, Хурсанд Мазоров ва шахсе бо номи Амриддинро, ки қаблан ҳамчун раҳбарони ғайрирасмӣ номбар мешуданд, барои халал расондан ба кори мақомот гунаҳкор кардааст. Ӯ гуфт: "Аз кормандони мақомоти давлатӣ талаб карда мешавад, ки ҷиддӣ машғул шаванд ва дар доираи қонун шахсони ҷинояткорро ба ҷавобгарӣ кашанд."
Назари Толиб Айёмбеков ва ҳамроҳонаш ба ин иттиҳом дастрас нест. Айёмбеков то ин дам ба зангҳои мо посух надод.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Помири адолатҷӯ? Сабаби кашмакашҳои доимӣ дар минтақа чист? ВИДЕОВале он чи мояи нигаронии ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон шудааст, монанд кардани ҳодисаҳои охири Қазоқистон бо низоъҳои пешина дар Хоруғ будааст. Насрулло Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, беназмиҳоро дар Қазоқистон ба ҳодисаҳои солҳои 2012, 2014, 2018 ва моҳи ноябри соли 2021 дар Бадахшон шабоҳат дод.
"Яъне, муқовимати мусаллаҳона, кӯшиши ғасби биноҳои маъмурӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, буридани дарахтон, бастани роҳҳо ва қатлу куштор. Ҳодисаҳои 25-28-уми ноябр нишон дод, ки ба зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона мекарданд. 18 нафар осеб дид. Нисбати 16 узви гуруҳҳои ҷиноӣ парванда боз шудааст," – илова кардааст ӯ.
Вокуниши "Комиссияи 44"
Намояндагони "Комиссияи 44", созмони иборат аз аъзои ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, гуфтанд, суханрониҳои мансабдоронро баррасӣ карда, тасмим гирифтаанд, дар номае ба президенти Тоҷикистон ва масъулони СПАД (ОДКБ) воқеиятро дар бораи Бадахшон бигӯянд.
"Мо аз ин нигарон ҳастем, ки бо чӣ далел ҳаводиси Бадахшонро ба эътирозҳо дар Қазоқистон, як кишвари дигар, монанд мекунанд?" -- пурсид Хуҷамрӣ Пирназаров, сухангӯйи "Комиссияи 44".
Тазоҳурот дар шаҳри Хоруғ рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта, пас аз он сар зад, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштақалъа, ҳангоми боздошт кушта шуд. Мақомот ӯро ба ҷиноятҳои сангин ба мисли гаравгонгирӣ муттаҳам мекарданд. Тазоҳургарон гуфтанд, амалкарди мақомот худсарӣ ва истифодаи беш аз ҳадди зӯр буд.
Эътирози сокинон дар Хоруғ баъди он ки, ба гуфтаи онҳо, ҳукумати Бадахшон шартҳои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро пазируфт, 28-уми ноябр ба поён расид. Норозиён талаб доштанд, ки омилони марги Гулбиддин Зиёбеков дастгир ва муҷозот шуда, интернет дубора дастрас гардад ва эътирозгарон таъқиб нашаванд.
Мақомот расман ин шартҳоро эълон накарда, дар эъломияе гуфтанд, ҳар касе дар тазоҳурот иштирок карда, вале ҷиноят содир нанамудааст, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд. Сокинон мегӯянд, ҳанӯз дастрасӣ ба Интернет дуруст ба роҳ монда нашудааст ва ҳодисаҳои ахир дурусту ҳамаҷониба таҳқиқ намешавад.