Ҷасади Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшонро, ки рӯзи 25-уми ноябр ҳангоми амалиёти мақомоти интизомӣ кушта шуд, барои ташхиси дубора аз гӯр берун кардаанд.
"Ба берун кардани ҷасад ризоият додем"
Пайвандонаш ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки коршиносони судӣ-тиббӣ барояшон гуфтаанд, эҳтимол дар ҷасад ду тир боқӣ мондааст ва онро барои санҷиш бояд берун оранд.
Марги Гулбиддин Зиёбеков дар рӯзи 25-уми ноябр боиси эътирози чоррӯзаи сокинон дар Хоруғ шуд ва мақомот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мувофиқа расиданд, ки ин ҳодисаро одилона тафтиш мекунанд.
Интизор Зиёбеков, бародари Гулбиддин Зиёбеков дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадро рӯзи 11-уми декабр берун карданд. Ӯ гуфт, ки ба хотири тафтиши одилонаи парванда ба берун кардани ҷасад ризоият доданд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ташхис маълум шудааст, як тир дар камари ӯ зада шудааст ва аз дилаш берун шудааст.
“Онҳо чӣ ёфтанд ва ба чӣ натиҷа расиданд, ҳоло то охири тафтишот бояд интизор шавем. Ҳангоми берун кардани ҷасад намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамроҳи онҳо буд”,--гуфт ӯ.
Тасмими муроҷиат ба Рустами Эмомалӣ
Пас аз хатми эътироз дар рӯзи 28-уми ноябр 44 нафар фаъолони ҷамъиятӣ ба ҳайси намояндаи эътирозгарон интихоб шуданд, то бо мақомот ҳамкорӣ кунанд. Онҳо рӯзи 19-уми декабр дар як ҷаласаи худ аз рафти тафтишот изҳори норизоӣ кардаанд.
Дар ҷаласаи охир фаъолони ҷамъиятӣ тасмим гирифтаанд, ки ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ, муроҷиат кунанд.
Хуҷамрӣ Пирназаров, масъули Дафтари матбуоти ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯзи 19-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки дар як навори видеоӣ аъзои ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ муроҷиат намуда, беҳаракатии мақомоти тафтишотӣ ба ҳодисаҳои Роштқалъа ва Хоруғро зикр кунанд.
Мақомоти тафтишотӣ, шурӯъ аз Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилӣ, дар робита ба норозигии Ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ки чанд рӯз пеш дар расонаҳо нашр шуд, то ҳанӯз посух надодаанд.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчунин аз мақомот мехоҳанд, маълум кунанд, ки чаро дар эътирози рӯзҳои 25-28-уми ноябр силоҳ истифода шудааст.
“Чаро аз гази ашковар, аз чубдаста, аз гулулаи резинӣ ва ё аз имконоти дигар истифода нашуду аз силоҳ истифода карда шуд? Мо дар гирдиҳамоиҳоии дигар кишварҳо, дар шабакаҳои телевизион мебинем, ки ҷониби тазоҳургарон чунин муносибат намешавад”, --гуфт як тан аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, ки зикри номашро муҳим надонист.
Қаблан мақомот гуфта буданд, ки эътирозгарон силоҳи кормандони милисаро тасарруф карда буданд ва аз тариқи онҳо мехостанд, ҳамла кунанд. Танҳо дар ин ҳолат, ба гуфтаи онҳо, ба сӯи ин афрод тир парронда шудааст.
"Мо фаъолиятамонро давом медиҳем"
Қаблан хабаргузории “Азия Плюс” бо нақл аз як узви ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфта буд, ки онҳо муваққатан ҳамкориро бо мақомоти тафтишотӣ қатъ кардаанд, вале Хуҷамрӣ Пирназаров, сухангӯи намояндагони Ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфт, фаъолияташонро қатъ накардаанд, балки ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ҳастанд, то воқеият рушан шавад.
Ӯ гуфт, мақомот ваъдаҳои худро, мисли дастарас шудани Интернет ба сокинони вилоят иҷро накарданд ва дар масъалаи тафтиши марги Гулбиддин низ ҷиддӣ бархӯрд намекунанд.
Эътирози сокинон дар шаҳри Хоруғ рӯзи 25-уми ноябр шуруъ шуда, баъди он ки ҳукумати Бадахшон шартҳои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро пазируфт, 28-уми ноябр ба поён расид. Норозиён талаб доштанд, ки омилони марги Гулбиддин Зиёбеков боздошт ва муҷозот шуда, интернет дубора дастрас гардад ва эътирозгарон таъқиб нашаванд.
Мақомот расман ин шартҳоро эълон накардаанд, вале дар эъломияе гуфтанд, ҳар касе дар тазоҳурот иштирок карда, аммо ҷиноят содир накардааст, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд. Вале сокинон мегӯянд, ҳанӯз дастрасӣ ба Интернет дуруст ба роҳ монда нашудааст.