Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иддао доранд, ки додситонӣ онҳоро аз ҳаққи суҳбат бо сокинон манъ карда, фаъолияташонро ғайриқонунӣ хондааст.
Ин ҳолат гоҳе пеш омадааст, ки фаъолон хостори таҳқиқи амалҳои Абдусаттор Абирзода, ёрдамчии додситони Роштқалъа ва Ҳабиб Маҳмадов, корманди милисаи ин ноҳия шудаанд.
Дар Додситонии вилояти Бадахшон ва ҳукумати вилоят ин мавзуъро шарҳ надоданд.
Ин гурӯҳи иборат аз 44 фаъоли ҷамъиятӣ охири моҳи ноябр, пас аз эътирози сокинон дар Хоруғ, дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти маҳаллӣ созмон ёфт. Пас аз марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа дар амалиёти мақомоти интизомӣ сокинон чор рӯз эътироз карда буданд.
Мақомот он замон эълон карданд, ки дар ҳамкорӣ бо фаъолони ҷомеа ба арзи эътирозгарон расидагӣ карда, омилони марги сокини Роштқалъаро таҳқиқ мекунанд.
Фаромуз Иргашов, ҳуқуқшиноси комиссияи иборат аз 44 нафар рӯзи 10-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳоро ба Додситонии вилояти Бадахшон даъват карданд ва талаб намуданд, ки ба раванди тафтишот дахолат накунанд ва суҳбат бо мардумро қатъ кунанд. Ӯ гуфт, ин даъват замоне сурат гирифт, ки онҳо аз додситонӣ дар аризае хостанд, то аъмоли Абдусаттор Абирзода, ёрдамчии додситони Роштқалъа ва Ҳабиб Маҳмадов, корманди милисаи Роштқалъаро таҳқиқ кунанд.
Мақомот Гулбиддин Зиёбеков, ки маргаш боиси эътироз шуда буд, барои таҳқир ва латукӯби корманди додситонӣ мехостанд боздошт кунанд. Сокинон мегӯянд, решаи мушкил аз он ҷост, ки ёрдамчии додситон бо як корманди пулиси маҳаллӣ аз як зан барои омода кардани шиноснома як буз ва 300 сомонӣ гирифтаанд. Мақомот гуфтанд, ки таҳқиқ нишон додааст, ёрдамчии додситон ҳеҷ гоҳ бо он зан аз наздик суҳбат надоштааст ва ҳеҷ кирдори ғайриқонунӣ низ содир накардааст ва ӯро ғайриқонунӣ мардуми маҳаллӣ боздошту латтукӯб кардаанд.
Фаромуз Иргашов гуфт, дар ариза бар асоси Кодекси мурофиавии ҷиноӣ зикр кардаанд, ки ҳолатҳои ришватситонӣ дар Роштқалъа таҳқиқ карда шавад ва ба куштору ба нооромӣ кашонида шудани мардум баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
Ӯ гуфт, баъди ин ариза додситони вилоят, Парвиз Орифзода ӯ ва узви дигари ҷомеъаи шаҳрвандӣ Бахтовар Бахтиёровро даъват намуда, гуфтанд, ки фаъолияти комиссияи 44 нафара ғайриқонунӣ буда, онҳо ҳуқуқи суҳбат бо мардумро надоранд. “Мо ба додситонии вилоят гуфтем, ки барои ба эътидол овардани вазъ дар Хоруғ ба фаъолият идома медиҳем. Бо мардум суҳбат мекунем ва ба риояи қонунҳои ҷорӣ таъкид мекунем. Мардум моро интихоб кардааст ва ба мо муроҷиат мекунанд, нома менависанд, пешниҳод мекунанд, мо роҳи дурусти ҳалли масъала дар якҷоягӣ бо мақомотро нишон медиҳем. Вақте мардум бо тобутҳо ба майдон рехтанд, онҳо ба мо ҷомеъаи шаҳрвандӣ гуш медоданд. Дар он лаҳзаҳо, на намояндаи ШКД буд, на додситонӣ. Мо онҳоро аз майдон ба хонаҳояшон баргардондем.”--гуфт Иргашов.
Фаромуз Иргашов, ҳуқуқшиноси Ҷомеъаи шаҳрвандӣ мегӯяд, мақомот гурӯҳи онҳоро ҷинояткор меҳисобад ва дар барномаҳои телевизионӣ бо истифода аз кормандони соҳаҳои буҷавӣ алайҳашон суҳбат мешавад.
Намоядагони Ҷомеъаи шаҳрвандӣ мегӯянд, беш аз як ҳафта аст, ки тафтишот қатъ шудааст ва муфатишони Додситонии ҳарбии ҷумҳурӣ, ки ҳодисаи тафтишотро пеш мебурданд, аз худ дараке намедиҳанд.
Тазоҳурот дар Хоруғ рӯзи 25-уми ноябр пас аз он сар зад, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштақалъа, ҳангоми боздошт кушта шуд. Мақомот ӯро ба ҷиноятҳои сангин ба мисли гаравгонгирӣ муттаҳам мекарданд. Тазоҳургарон гуфтанд, амалкарди мақомот худсарӣ ва истифодаи беш аз ҳадди зӯр буд.
Эътирози сокинон дар Хоруғ баъди он ки, ба гуфтаи онҳо, ҳукумати Бадахшон шартҳои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро пазируфт, 28-уми ноябр ба поён расид. Норозиён талаб доштанд, ки омилони марги Гулбиддин Зиёбеков дастгир ва муҷозот шуда, интернет дубора дастрас гардад ва эътирозгарон таъқиб нашаванд.
Мақомот расман ин шартҳоро эълон накарда, дар эъломияе гуфтанд, ҳар касе дар тазоҳурот иштирок карда, вале ҷиноят содир нанамудааст, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд. Сокинон мегӯянд, ҳанӯз дастрасӣ ба Интернет дуруст ба роҳ монда нашудааст ва ҳодисаҳои ахир дуруст таҳқиқ намешаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Додситонӣ Фаромуз Эргашевро ба “суҳбат” даъват кардаастЧаро баёнияи вакил Давлатзод дар бораи Бадахшон ҷанҷолӣ шуд?Наздикони Гулбиддин аз навори видеоӣ саҳнаи куштори писарашонро шинохтандҶасади Зиёбековро барои ташхис аз гӯр берун кардаандСокинон талаб карданд, ки интернетро дубора дар Бадахшон дастрас созандМақомот сафари 66 нафар эътирозгари Хоруғро ба хориҷ манъ кардаастҚатъи интернет дар Бадахшон низоми кору зиндагиро ба ҳам задаастФаъолони Бадахшон ба Рустами Эмомалӣ муроҷиат кардандФаъолони Бадахшон шарҳи якҷонибаи "марги Гулбиддин"-ро нодуруст медонанд "Гулбиддин Зиёбеков силоҳ дошт ё не?" Ба таҳқиқи рӯйдодҳои Бадахшон шуруъ карданд