Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, дар пасманзари эътирозҳои оммавӣ ба зидди болоравии нархи газ ҳукумати ин кишварро ба истеъфо фиристод. Бино ба хабари сомонаи президенти Қазоқистон, Алихон Исмоилов, ки қаблан муовини аввали раиси ҳукумат буд, иҷрокунандаи вазифаи сарвазири он кишвар таъйин шудааст.
Аъзои ҳукумати пешин то тасдиқи ҳайати ҳукумати нав вазифаҳои худро иҷро хоҳанд кард. Тоқаев ҳамчунин тағйироти кадриеро дар сатҳи муовинони раҳбарони идораҳо анҷом додааст. Аз ҷумла, муовини раиси дастгоҳи президент Мурат Нуртлеуро аз мақом барканор ва муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъйин кардааст.
Президенти Қазоқистон гуфтааст, дар вазъи ба вуҷудомада, пеш аз ҳама вазорати энергетикаи ин кишвар, ширкатҳои "Қазмунайгаз" ва "Қазақгаз"-ро гунаҳкор кардааст, вале дақиқ нагуфтааст, ки чаро.
Аз он пеш Қосимҷомарт Тоқаев дар Алмаато ва Мангистау то 19-уми январ вазъи фавқулода ҷорӣ кард, аммо тазоҳуроти густардаи эътирозӣ дар чанд шаҳри Қазоқистон идома дорад.
Рӯзи 4-уми январ дар шаҳри Алмаато эътирозгарон кӯшиш карданд, ба қароргоҳи раиси шаҳр ворид шаванд. Пулис бо гази ашковар ва норинҷакҳои садоӣ эътирозгаронро пароканда кард. Тазоҳургарон мошини полисро вайрон карданд. Субҳи 5-уми январ шаҳрдории Алмаато бо пахши изҳороте исрор кард, ки вазъ таҳти назорат қарор дорад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзи 2-юми январи имсол ба далели ба таври бесобиқа боло рафтани нархи гази моеъ оғоз шуд. Ҳоло норозиён ба решакан кардани фасоду ришвахорӣ, хешутаборбозӣ ва сохтмони корхонаҳову кам кардани сатҳи бекорӣ низ даъват доранд.
Дар гирдиҳамоиҳо шиори "Пирамард, бирав!" низ садо медиҳад, ки бештар нисбати Нурсултон Назарбоев, президенти собиқи Қазоқистон ва шахси ҳанӯз пурнуфузи он кишвар, баён мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эътирозҳо ва вазъи фавқулода дар ду шаҳри Қазоқистон. Чаро мардум ба кӯчаҳо баромаданд? ВИДЕО