Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо ва вазъи фавқулода дар ду шаҳри Қазоқистон. Чаро мардум ба кӯчаҳо баромаданд? ВИДЕО


Гирдиҳамоӣ дар Мангистау. 3-юми январи 2022
Гирдиҳамоӣ дар Мангистау. 3-юми январи 2022

Дар ҳоле ки тазоҳуроти густардаи эътирозӣ дар чанд шаҳри Қазоқистон идома дорад, раиси ҷумҳурии он кишвар дар Алмаато ва Мангистау вазъи фавқулода ҷорӣ намуд. Рӯзи сешанбе дар Алмаато, Чимкент ва Нурсултон даҳҳо нафар, аз ҷумла хабарнигорони Радиои Озодӣ дастгир шуданд. Гирдиҳамоӣ аввал дар Жанаозен шуруъ шуд ва сипас дар минтақаҳои дигари Қазоқистон ҳамовозӣ ёфт.

Мардуми Қазоқистон аз ҳукумати авторитарӣ... хаста шудаанд.
Галим Агелеулов

Эътирозгарон се рӯз пеш, 2-юми январ, ба далели якбора боло рафтани нархи гази моеъ ба кӯчаҳо баромаданд, вале ҳоло истеъфои ҳукумат, решакан кардани фасоду ришвахорӣ, хешутаборбозӣ ва сохтмони корхонаҳову кам кардани сатҳи бекориро талаб доранд.

Дар гирдиҳамоиҳо шиори "Пирамард, бирав!" низ садо медиҳад, ки бештар нисбати Нурсултон Назарбоев, президенти собиқи Қазоқистон ва шахси ҳанӯз пурнуфузи он кишвар, баён мешавад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Оқтеппа, Чимкент, Уралск... Эътирозҳо дар Қазоқистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:03 0:00

Ҳушдори президент

Мақомоти Қазоқистон бо мақсади хомӯш кардани эътирозҳо дар бораи поин овардани нархи газ хабар додаанд. Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, шаби 4-уми январ дар Мангистау ва Алмаато вазъи фавқулода ҷорӣ кард. Ӯ пеш аз он аз эътирозгарон хост, аз даъватҳои, ба гуфтааш, шахсони вайронкор, ки "барои барҳам задани субот ва ваҳдати ҷомеа манфиатдор ҳастанд", пайравӣ накунанд.

Тоқаев афзуд, "ба ҷавонон муроҷиат мекунам, ки ҳаёти худ ва наздиконро насӯзонанд. Ҳама дархосту талабҳои қонунӣ бодиққат баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд." Вале ба назар мерасад, паёми раиси ҷумҳурии Қазоқистон ва мансабдорони дигари ин кишвари саршор аз нафти Осиёи Марказӣ эътирозгаронро қонеъ накардааст.

Дар пайи афзудани сафи норозиён дар гӯшаҳои гуногуни Қазоқистон рӯзи 4-уми январ интернет дастнорас шуд. Усуле, ки мақомоти Қазоқистон ва кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, дар ҷараёни тазоҳурот истифода мекунанд.

Наворро дар инҷо бинед:

Дар Жанаозен истеъфои ҳукуматро талаб доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Норозигии сокинон аз чист?

Раҳбари Бунёди "Либерти" дар Қазоқистон, Галим Агелеулов, ба телевизиони "Настояшее Время" гуфт, дар паси афзоиши нархи газ манфиатҳои элитаи ҳокими Қазоқистон, пеш аз ҳама, хонаводаи раисҷумҳури нахустини ин кишвар Нурсултон Назарбоев нуҳуфтааст.

Аммо, ба қавли ӯ, мардум аз буҳрони дусолаи коронавирус хаста шудаанд ва намехоҳанд, барои газ пули бештар пардозанд. "Диданд, ки мақомот онҳоро намешунаванд, ба кӯчаҳо баромаданд," – шарҳ дод ӯ.

Сиёсатшинос афзуд: “Мардуми Қазоқистон аз ҳукумати авторитарӣ... хаста шудаанд. Ба ҳукумати ҳозира миллати шаҳрвандӣ лозим нест, шахсони вобастае зарур аст, ки танҳо дар ширкатҳои нафтии онҳо кор кунанд; ба элита хидмат намоянд."

"Дар ҳақиқат, мақомот метавонанд, нархи газро ба таври пурра поин биоранд, зеро ҳама чиз дар дасти онҳост. Тиҷорати нафту газ дар Қазоқистон ба хонаводаи Нурсултон Назарбоев тааллуқ дорад," -- таъкид кард сиёсатшинос.

Галим Агелеулов тахмин мезанад, болоравии арзиши газ дар Қазоқистон эҳтимол ба он рабт дорад, ки ширкатҳои зери назорати Ғайрат Шарипбоев ва Тимур Қулибоев (домодҳои Назарбоев) газро бо пули нақд ба корхонаи коркарди гази Оренбурги Русия мефурӯшанд. Вай таъкид мекунад, ки аз фурӯши ин газ дар Қазоқистон молиёт ё андоз пардохта намешавад ва ин маблағ ҳудуди 750-850 миллион доллар аст.

Тазоҳурот дар Алмаато
Тазоҳурот дар Алмаато

Тазоҳуроти эътирозӣ рӯзи дувуми январ аввал дар Жанаозен оғоз шуд ва дар он садҳо сокини маҳаллӣ иштирок карданд. Онҳо шабро дар майдон гузаронданд ва рӯзи 3-юми январ дар он ҷо аллакай ҳазорҳо нафар ҷамъ омаданд.

Баъдан эътироз дар шаҳрҳои гуногуни Қазоқистон –Актау, Алмаато, Оқтеппа, Уралск, Тараз, Чимкент, Кокшетау ва Нурсултон – ҳамовозӣ ёфт. Тибқи иттилое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо паҳн карданд, дар гирдиҳамоиҳо дар Актау ҳудуди 16 ҳазор нафар ва дар Жанаозен тақрибан 10 ҳазор кас ҷамъ омадаанд.

XS
SM
MD
LG