Сайре дар масҷиде дар Ҳисор, ки ибодатгоҳи зардуштиён буд. ВИДЕО

Масҷиди Сангини воқеъ дар Ҳисор, бовар меравад, ки пеш аз истилои араб ба ҳайси ибодатгоҳи зардуштиёни маҳаллӣ хидмат мекард.

Масҷиди Сангин, ки дар наздикиҳои қалъаи Ҳисор воқеъ аст, ба бовари таърихшиносон, то замони истилои араб як ибодатгоҳи оташпарастон будааст. 

Онҳое, ки ба тамошои Қалъаи Ҳисор, воқеъ дар 18-километрии самти ғарбии шаҳри Душанбе мераванд, шояд на ҳамеша фурсат ёбанд, ки тамоми ёдгориҳои таърихии ин мавзеъро тамошо кунанд. Аз ин рӯ на ҳама огаҳ ҳастанд, ки дар ин қаламрав баробар бо худи қалъаи мӯҳташаму майдони Регистон, мадрасаҳаи наву кӯҳнаву собиқ корвонсарое чордевори як ибодатгоҳи қадимае низ ҳифз шудааст. Исми онро масҷиди Сангин меноманд ва бар асоси шарҳҳои илмиву фарҳангӣ, ин бино дар оғоз эҳтимолан як оташкадаи зардуштиёни сокини ин маҳал будааст.

Акмал Ҳамидов, мудири осорхонаи таърихии Ҳисор дар шарҳи ин бино мегӯяд:

“Баъзе дастхатҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки гӯё масҷиди Сангин қабл аз масҷид буданаш оташкада бошад. Дар оғози асри 8, ки Ҳисори қадима ҷузъе аз империяи Сосониён ва яке аз вилоятҳои Тахористони қадима буд, яке аз шоҳрҳои бузурги абрешим буд. Аҷдодони халқи тоҷик дар гузашта пайрави динҳои гуногун буданд. Ва яке аз он динҳо дини зардуштӣ буд. Бинои масҷид қабл аз ислом оташкада будааст. Пас аз он ки Қутайба ибни Муслим Ҳисорро тасарруф кард, биноро табдил дод ба масҷид”.

Тарҳи ин масҷид монанд ба масҷидҳои дигари Тоҷикистон нест. Ҳарчанд дар дохили он меҳроб ва гумбазҳо дида мешаванд, вале ҳамчунин шабеҳи толори ибодати оташпарастон, яъне чаҳоргӯша аст. Деворҳои ин масҷид аз санги сурхи реза чида шудааст, ки ба гуфтаи соҳибназарон, хоси иморатсозии замони зардуштиҳо мебошад.

Акси Нигораи Фазлиддин, хабарнигори Радиои Озодӣ дар пасманзари масҷиди Сангин

Мегӯянд, замони шӯравӣ мақомдорон нисбат ин ибодатгоҳ назари яксон надоштанд. Агар болшевикҳо дар солҳои нахустини шӯравӣ мухолифи намозгузорӣ дар ин бино бошанд, коммунистҳои баъдӣ мехостанд онро ба унвони ёдгории фарҳангӣ ҳифз кунанд. Ин ки бино нобуд карда нашуд ва то замони имрӯз расида омад, як воқеият аст, вале воқеияти дигар ин аст, ки ин бинои воқеъ дар гузари кулоҳдӯзони шаҳри Ҳисор ҳоло ба як макони партофташуда табдил ёфтааст.

Абдуғанӣ Мирзоқулов, мудири шуъбаи меъмории мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии Ҳисор ва як сокини ин маҳал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Дар давраи омадани шуравӣ баъди соли 1924 ё 1929 масҷиди Сангин хароб шуда буд, барои он ки дар он намозхониро манъ карда буданд. Баъди ин масҷид оҳиста-оҳиста вайрон шуд. Солҳои 1980 дар ёдам аст, ки масҷид аз тарафи ғарб тамоман вайрон шуда буд. Аз тарафи Муассисаи тармими ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳамон замон масҷид таъмир шуд”.

Маъмулан ҳама гуна ибодатгоҳҳо дар маркази нуқтаҳои аҳолинишин сохта мешуданд, чунки на танҳо макони намозу ибодат, балки таҷаммӯи мардум ва макони эълони хабарҳои муҳим буданд.

Фаридун Ҳодизода, ки бо таҳқиқи масоили динӣ маъруф аст, мегӯяд:

“Мардум аз оташпарастӣ ба дини ислом мегузаштанд ва албатта онҳо одат мекарданд, ки ҳамон масҷид, ҷои масҷидашон, яъне оташкадаи зардуштӣ дар ҷои бисёр хуб ҷой мегирифт. Агар ба таърих нигарем, ибодатгоҳҳо дар ҷойҳои беҳтарини шаҳрҳо ҷой мегирифтанд ва мардум ҳам одат карда буданд, ки ба он ҷойҳо раванд”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Масҷиде дар Ҳисорро бубинед, замоне ҷойи ниёиши зардуштиён буд

Ҳоло таърихнигорон дақиқ кардаанд, ки ин масҷид дар асри 7-и мелодӣ, яъне пеш аз ҳуҷуми Абу Қутайба ба минтақа вуҷуд доштааст. Бо дарназардошти ин нуқта мақомоти феълии Тоҷикистон дар фикри бозсозии ин ёдгории таърихӣ ҳастанд, аммо маълум нест ки масҷиди Сангин чӣ замоне аз нав бозсозӣ мешавад. Барои барқарории он, мисли Қалъаи Муғ, миллионҳо сомонӣ зарур мешавад.

Вале ба фарқ аз ин масҷид, корҳои тармиму барқарории Қалъаи Муғ - нахустин ниёишгоҳ-ибодатгоҳи пайравони оини Зардушт дар хоки Тоҷикистон чанд сол пеш анҷом шуд. Бостоншиносон пайдоиши Қалъаи Муғро ба асри панҷи то милод баробар мекунанд ва ҳоло он дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дарозии деворҳояш 600 метр ва майдони умумияш 6 гектарро ташкил медиҳад. Ин мавзеъ 1500 сол оташкада ё ибодатгоҳи зардуштиён будааст ва тобистони соли 2018 баъди тармим ба рӯи ҷаҳонгардон боз шуд.

Ба иттилои Фаридун Ҳодизода, дар Тоҷикистон имрӯз ҳам пайравони оини зардуштӣ ҳастанд, аммо ҳувияти дини худро аксаран пинҳон медоранд, чун дар ғайри сурат метавонад ҷомеаи онҳоро қабул намекунад ва ҳатто метавонад ба ҳаёти ӯ хатар эҷод кунад. Ба ҳайси далел, Ҳодизода аз ҳодисаи қатли Рӯдакӣ Самадов, роҳбари Анҷумани фарҳангии "Маздо Ясно" дар тобистони соли 2001-ум ёдовар шуд. Рӯдакӣ Самадов, яке аз тарғибгарони таълимоти Зардушт ва ҷонибдорони эҳёи фарҳанги ориёӣ буд ва эҷодиёти солҳои ахири ӯ дар соҳаи синамо ва театру нашри китобҳо асосан ба Зардушт рабт дошт. Яке аз сабабҳои қатли ӯ низ мансубияти диниаш дониста мешуд.

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ба оини зардуштӣ ҳамчун як таърих ва фарҳанги қадимӣ арҷ мегузоранд, аммо талошҳои охири давлат барои эҳёи ин оин ангезаҳои исломзудоӣ дорад ва аз ин рӯ аз сӯи бархе аъзои ҷомеа хуб қабул карда намешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Сохтмони бошитоб ва пандемия вазъи оташкадаи қадимии зардуштиёнро дар Тоҷикистон бад кардааст. ВИДЕО"Дину мазҳаби Шумо чист?" Суолҳои нав дар саршумори аҳолии ТоҷикистонАз Қутайба то Абӯмуслим. Тасхири ниҳоии Мовароуннахр аз сӯи арабҳо. (Реги Омӯ, 3) ВИДЕОКашфи 7 хуми бузурги қадима дар ФархорНаврӯз, суннатҳо, Зардушт ва ислом