Вале баъзе аз суннатҳо бо гузашти замон ё ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, ё ба худ мазмуни дигаре касб кардаанд.
Муҳаммадҷони Шакурӣ, ки даврони наврасии худро дар Бухоро пушти сар кардааст, мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистони муосир маросими “хонатаконӣ”, ки бояд дар остонаи Иди Наврӯз анҷом бигирад, кам ба назар намерасад.
ХОНАТАКОНӢ, КАМОНВАРӢ...
Дар ҳоле ки ба гуфтаи ҷаноби Шакурӣ, хонаводаи ӯ ин маросимро анҷом додаву ба он арҷ мегузоранд: “Тамоми ҷиҳози хонаро бароварда, тоза мекунанд. Тирезаҳоро пок мекунанд. Як рӯз занон машғули ин кор мешаванд. Аммо ҳоло инро намебинам. Баъзе одатҳое ҳаст, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд. Аммо дар хонаи мо ин корро мекунанд. Ду рӯз пеш хонаро тоза карданд. Вале аз ҳамсояҳо ҳеҷ кас ин корро намекунад. Мо як бор Эрон рафта будем. Якуми март буд. Дар Машҳад гуфтанд, ки хонатаконӣ сар шуд. Пеш аз соли нав, пеш аз Наврӯз онҳо низ хонаро тоза мекунанд.”
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мардумшиноси тоҷик Рӯзӣ Аҳмадов, камонварӣ яке дигар аз суннатҳои маъруфи наврӯзӣ дар замони шоҳони сосонӣ, низ ҳоло фаромӯш шудааст.
Ҷаноби Аҳмадов мегӯяд, “ба муносибати Наврӯз шоҳони сосонӣ камонварӣ мекарданд. Як лимуро мемонданду аввал шоҳ ва пас аз он дигарон тир мепаронданд. Ба ҷои ин, баъзеҳо бузкаширо як суннати наврӯзӣ мегӯянд. Вале ин чизро ба мо мардуми кӯчӣ овардаанд.”
“ГУНОҲИ ШӮРАВӢ”
Шамсулҳақи Ориёнфар, як масъули сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, гуфт, низоми Шӯравӣ, ки Наврӯзро “ҷашни динӣ” номида монеи он шуда буд, баъзе аз одатҳои ин ҷашнро аз миён бурдааст.
Вале ӯ умед дорад, бо ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, тоҷикон, ки аз соҳибони он ҳастанд, дубора талош хоҳанд кард, то суннатҳои қадимии ин ҷашнро эҳё бикунанд.
“Дар Тоҷикистон баъзе суннатҳо зери бори фишоре, ки буда фаромӯш шуда. Гарчанде дар ин ҷо суннатҳои зиёде доштанд”,-афзуд ӯ.
ЧАҲОРШАНБЕИ СУРӢ Ё ЧАҲОРШАНБЕИ ОХИРИН
Дар ҳоле ки бештари донишмандон, чи дар дохилу чи хориҷи Тоҷикистон, мутмаинанд, ки дар ин кишвар маросими чоршанбеи сурӣ аз миён рафтааст, вале мардумшиноси тоҷик Рӯзӣ Аҳмадов мегӯяд, он ҳанӯз дар Тоҷикистон боқист.
Ҷаноби Аҳмадов мегӯяд, ин маросим дар Тоҷикистон на ба унвони чоршанбеи сурӣ, балки бештар ба номи чоршанбеи охирин маъруф аст.
Вай афзуд, “ин маросим бисёр чизҳои аҷибе дорад. Яке аз онҳо бахткушоён аст. Порсол дар Чилучорчашма як чизи аҷибро кашф кардам. Чанде аз духтарон баромада, қабри бузургворро зиёрат карданд. Пас як хонуми бисёр зебо пои духтареро бо латта баст ва духтар бо пойҳои баста аз зинаҳо ҷаҳида ба поён фаромад. Хонуми дигаре омад ва пои духтарро кушод. Яъне, бо ҳамин роҳ мардум орзу мекунанд, ки бахти онҳо кушода шавад.”
БАРХӮРДИ ИСЛОМ
Вале ҳамчуноне ки ҷаноби Аҳмадов мегӯяд, дар мавриди тағйир ёфтан ва ё аз миён рафтани баъзе аз суннатҳои наврӯзӣ "нақш"-и ислом низ будааст. Зеро ҳамон тавре ки ӯ гуфт, арабҳо аз аввал ҷонибдори иҷрои суннатҳои наврӯзӣ набудаанд.
"Барои мисол дар бораи ҳафт сину ҳафт шин. Мегӯянд, дар аввал ҳафт шин буд. Аммо ислом ба ин далел, ки дар миёни ҳафт шин шароб низ ҳаст, онро напазируфта баъд ба ҷои он ҳафт син пайдо шуд”,-илова кард ӯ.
Донишманди тоҷик Комил Бекзода низ мегӯяд, аз манбаъҳои мӯътабари таърихӣ огоҳ аст, ки бархӯрди ислом ва арабҳо бо Наврӯз чандон сода набудааст. Ҷаноби Бекзода гуфт, танҳо дар давраи уммавиҳо амирони уммавӣ иҷоза додаанд, ки Наврӯз таҷлил бишавад, аммо ба шарте ки дар ин рӯз мардум ба амир тӯҳфаҳо бидиҳанд.
Ин донишманди тоҷик афзуд, замоне ки мардум барои амири уммавиҳо тӯҳфаи каме оварданд, дигар нагузоштанд, ки Наврӯз таҷлил гардад: “Дар давраи аббосиҳо, ки онҳо зери таъсири эрониҳо буданд, барои муросо кардан бо онҳо каму беш дар баъзе минтақаҳо Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Ин ҳам ба хотири эътибороти сиёсӣ буд, на аз он ки онҳо Наврӯзро хеле дӯст медоштанд.”
НАЗАРИ ИСЛОМИҲОИ ИМРӮЗ
Аммо муллоҳои Тоҷикистон мегӯянд, бо таҷлили Наврӯз дар кишвар мушкиле надоранд, агар дар он суннатҳои қадимие, ки марбути зардуштиён ё оташпарастон аст, аз ҷумла афрӯхтани гулхану паридан аз болои оташ, иҷро нагардад.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонҳои Тоҷикистон, мегӯяд, онҳо низ ба Наврӯз ҳамчун мероси ниёгон арҷ мегузоранд, вале нуктаҳое, ки ислом онро қабул надорад, аз он истиқбол нахоҳанд кард.
Вай афзуд, “дар як мавзӯъ ҷашн гирифтани иди Наврӯзро уламо танқид мекунанд, агар баъзе аз одатҳои зардуштӣ, ки дар Наврӯз боқӣ мондааст, ба унвони ибодат таҷлил бишавад. Дар он вақт бо иттифоқи уламо, чи зиндаҳо ва чи гузаштаҳо, ин ҳаром аст. Масалан, ташкил кардани гулхан ва паридан аз болои оташ, давр задан дар атрофи он аз одатҳои оташпарстӣ аст ва барои мо ин ҳаром аст. Бояд инро ошкор бигӯем. Агар ин кор дар ҷашнгирии Наврӯз набошад ва ё баръакс, бузкашиву аспдавонӣ ва якдигарро табрик гуфтанҳо бошад, ҳич зараре ва ҳич гуноҳе аз дидгоҳи шариат нест.”
“НАВРӮЗ ҶАШНИ МАЗҲАБӢ НЕСТ”
Дар ҳамин ҳол, Шамсулҳақи Ориёнфар, як масъули сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, мегӯяд, набояд иди Наврӯз ба унвони иди мазҳабӣ шинохта бишавад.
Вай афзуд, “Наврӯз бо мазҳаб рабт надорад. Ин ҷашни табиат аст, ҷашни ҳастист, ҷашни хилқат аст. Наврӯзро ҷашни динӣ надонем. На ба хотири ҷашни зардуштӣ будан таҷлил кунем ва на ҷашни зардуштӣ гуфта бо он мухолифат намоем. Дар ин сурат хуб аст, ки тамоми башарият низ метавонад, ин идро таҷлил бикунад.”
Бо ин вуҷуд, аксарият ин ҷашни форсизабонҳоро, ки ҳазорсолаҳо боз роҳҳои пур шебу фарозеро тай карда, то ба имрӯз расидааст, ба зардуштиҳо марбут медонанд.
Аммо ҷаноби Ориёнфар мегӯяд, бештари донишмандоне, ки бо китоби "Авесто" ва тарҷумаи он сари кор гирифтаанд, ба ин боваранд, ки дар ин китоби марбути зардуштиён дар ҳеҷ ҷое зикре аз Наврӯз нест.
“Меҳрдоди Авасто, ки сари мутуни паҳлавиву зардуштӣ кор кардааст, мегӯяд, дар бораи ин ки Наврӯз - Наврӯзи зардуштӣ ё марбути зардуштӣ бошад, чизе наомадааст. Биноан, дар мутуни зардуштӣ наомадааст, ки ин ҷашни зардуштӣ аст”,-гуфт Шамсулҳақи Ориёнфар.
ЗАРДУШТИЁНИ ТОҶИКИСТОН
Дар Тоҷикистон феълан гурӯҳе худро расман ба унвони "зардуштӣ" муаррифӣ накарда ва ҳам дар Кумитаи дини Тоҷикистон номнавис нашудааст.
Аз ин рӯ, касе рӯшод дар бораи ҷашни зардуштӣ будани Наврӯз пофишорӣ намекунад. Агарчӣ аз минбарҳо борҳо дар бораи ориёӣ будани ин ҷашн садо баланд кардаанд.
Вале бо ин ҳол, дар Тоҷикистон аксари кулли сокинон Наврӯзро ба як шакл ва он ҳам дар боғҳову меҳмонии манзили ҳамдигар ва дар варзишгоҳҳо бештар ба унвони ҷашни баҳору зиндашавии табиат таҷлил мекунанд.
Дар Тоҷикистон, ки ибодатгҳи хоси зартуштиён вуҷуд надорад, таҷрибаи он ҳам нест, ки зардуштиён дар ин кишвар чӣ гуна аз ин ид таҷлил хоҳанд кард.
Зардуштиёни Тоҷикистон, ки бино ба маълуоти ғайрирасмӣ теъдоди хеле каме доранд, пас аз қатли Рӯдакии Самадӣ, раҳбари собиқи он дар даҳ соли пеш, соҳиби анҷумане нестанд ва дар маҳофил аз худ дараке ҳам надодаанд.
ҶАШНИ РАСМӢ
Бо ин ҳама, Наврӯз ҷашни бостонист, ки роҳи тӯлониро тай карда, то ҳоло арзиши худро аз даст надодааст.
Давлати Тоҷикистон, ки худро соҳиби Наврӯз медонад, ин ҷашнро тӯли чаҳор рӯз таҷлил мекунад ва дар ин муддат сокинони кишвар ба боғҳои фароғатӣ, варзишгоҳҳои кишвар, ки дар онҷо мусобиқоти варзишӣ доир мешавад, рафта ва ин ҷашнро бо хушӣ мегузаронанд.
Вале ин ҷашн, гуфта мешавад, аз як ҷашни мардумӣ ва ҷашни оғози киштукор дида, бештар ба як ҷашни расмӣ табдил шудааст, ки дар ҳар манотиқи кишвар бо баргузории чорабиниҳои расмӣ ва бо иштироки мақомот доир мешавад.
Шамсулҳақи Ориёнфар, як масъули сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, низ мегӯяд, вақти он расидааст, ки Наврӯзи пешин дубора эҳё ва дар ин рӯз ба деҳқону замин арҷи бештаре гузошта шавад ва ин ҷашн на дар дохили биноҳову маҷлисҳои расмӣ, балки бештар дар саҳроҳои пур аз гул, ки ба дили одамон фараҳ мебахшад, баргузор гардад.