- Дар суҳбати пешин, панҷоҳ соли нахусти ҳамлаҳои арабҳоро аз Хуросони Эрон ба Мовароуннаҳр шарҳ додем. Гуфта будем, ки онҳо дар ин муддат пайваста ин сарзаминро мавриди ҳамла ва ғорат қарор медоданд, аммо ба далелҳои гуногун натавониста буданд онро монанди худи Эрон комилан тасхир кунанд. Дар ин суҳбат саргузашти тасхири ниҳоии Мовароуннаҳр аз сӯи арабҳоро шарҳ хоҳем дод.
Наср ибни Сайёр дар яке аз нахустин хутбаҳои худ дар масҷиди Марв эълон кард, ки ӯ барои нигаҳбонӣ ва беҳбуди вазъ ва дороии мусалмонон омадааст. Ӯ зоҳиран ба таври дониста рӯи "мусалмонон" таъкид мекард, на "арабҳо".
Дар суҳбати гузашта ҳам гуфта будем, ки мардуми бумии Мовароуннаҳр, ки эронитабор буданд, артиш ва давлати воҳиде надоштанд, балки ҳар ноҳия ва шаҳр подшоҳ ва «худот»-и худро соҳиб буд. Аз ин ҷиҳат онҳо ночор буданд, ки барои дифоъ аз худ ба суроғи қабилаҳои турки даштҳои шимоли Авруосиё ва ё ҳатто давлати Чин бираванд.
Муддати кӯтоҳе пеш аз ба сари кор омадани ҳоким ва сардори араб, Қутайба ибни Муслим, гурӯҳе аз туркони ғарбии даштҳои Авруосиё туркони шарқиро низ тобеи худ карда, давлати туркии бузурге ба номи «Тургеш» таъсис намуда буданд. «Тургеш» дар оғоз номи қабилае туркизабон дар Муғулистон буд, ки баъд ба сӯи ғарб кӯч карданд ва то марзҳои Мовароуннаҳр ва Узбекистони кунунӣ расиданд. Дар натиҷаи ин ҷобаҷоии қавмӣ, туркҳои оғуз низ, ки пештар дар ғарби кӯҳҳои Олтой мезистанд, ба сӯи дарёи Хазар кӯч карда, дар миёни Арал ва Хазар, дар минтақаи Хоразм, ҷое миёни Узбекистон ва Туркманистони кунунӣ, маскан ихтиёр карданд.
Бахши севуми "Реги Омӯ"-ро дар инҷо тамошо кунед:
Дар ин давраи ошӯб ва нооромӣ Му-чуҳ, хоқони давлати «Тургеш», дар соли 716-и мелодӣ даргузашт ва туркҳои ғарбӣ боз аз туркҳои шарқӣ, ки зери нуфузи чиниҳо буданд, ҷудо шуданд. Бародари Му-чуҳ ба номи «Сулу» хоқони ҷадиди давлати Тургеш шуд, ки «Балосоқун» (дар Қирғизистони кунунӣ)-ро пойтахти худ намуд.
Хоқоноти Тургеш то солҳои 737-738-и мелодӣ побарҷо буд. Сулу, ки дар раъси ин давлат тақрибан бар тамоми бахши ғарбии Авруосиё ҳукмронӣ мекард, дуруст монанди арабҳо, ки Мовароуннаҳрро «Ҳадиқат-ал-Амир-ал-Муъминин» (боғи халифаи ислом) меномиданд, (Бартолд ба нақл аз Табарӣ, 187) наметавонист аз сарват ва неъматҳои ин минтақа бидуни ҷанг ва муқовимат чашмпӯшӣ намояд.
Мовароуннаҳр ҳам барои арабҳо ва ҳам барои туркҳо аҳамият дошт. Аммо пас аз марги Қутайба ҳокимияти арабӣ дар Мовароуннаҳр дубора ба ҳоли заъф, пасрафт ва беназмӣ афтод. Дар амал танҳо Самарқанд монда буд, ки хироҷпардози ҳокимони араб буд.
Дар боқимондаи давлати Уммавиён низ ошӯбҳо, задухӯрд миёни қабилаҳои мухталифи араб, шӯриш ва сарпечӣ аз ҳукуматдорон ва ҳамчунин ташаннуҷ миёни арабу аҷам ва ё ғайриарабҳо, ки асосан эрониён буданд, идома дошт. Ин ташаннуҷи арабу аҷам ҳам асосан ба он ҷиҳат буд, ки ҳукуматдорони араб ғайриарабро, ҳатто агар ба ислом гаравида бошанд, баробар бо худ намешумурданд. Масалан, намехостанд бароҳатӣ бипазиранд, ки аз мусалмонон, ҳатто агар навдин ҳам бошанд, набояд ҷизя ва ё молиёти изофӣ гирифт, ки аз «кофирон» ва ғайримусалмон гирифта мешуд.
Дар ин давра шоҳон ва шоҳзодагони бумӣ, аз ҷумла «Туғшода», шоҳи Бухоро ва Ғурак, подшоҳи Самарқанд ва Афшин, шоҳи Устурушана (Истаравшан дар Тоҷикистони кунунӣ) ва чандин шоҳзодаи бумии дигар боз ба сурати бенатиҷае кӯшиш карданд, ки бо фиристодани сафирон ба Пекин чиниҳоро ба мудохила бар зидди арабҳо ташвиқ намоянд.
Амалиёти бузурги зиддиарабӣ
Дар ин миён хоқони давлати Тургеш, Сулу, дар муқобили арабҳо пайваста аз подшоҳони маҳаллӣ ва бумии Мовароуннаҳр ва деҳқонон, яъне ашрофи заминдор ва шӯришгари эронитабор дифоъ намуд ва дар айни ҳол мавзеъҳои худро таҳким кард, то ҷое ки мардуми бумии Мовароуннаҳр ба хотири латмаҳое, ки Сулу ба арабҳо ворид оварда буд, ба ӯ лақаби «Абумузоҳим» дода буданд (Бартолд, ҳамон ҷо).
«Туркҳо ва арабҳо душмани ҳам буданд ва бо якдигар сари оштӣ надоштанд, чаро ки ҳарду мехостанд ҳокими ин сарзамини сарватманд шаванд, дар ҳоле ки подшоҳони маҳаллӣ, ки маъруфтаринашон Ғураки Самарқанд буд, миёни ин ду нерӯ дармонда буданд ва мехостанд дар ин миён истиқлол ва фарҳанги худро ҳифз кунанд» (Кенедӣ, 177).
Асноди беназире, ки дар соли 1933, яъне ҳудуди сад сол пеш аз кӯҳи «Муғ» дар наздикии Панҷакенти Тоҷикистони кунунӣ аз сӯи як чӯпон ёфт ва тавассути донишмандони Шӯравии он замон рамзкушоӣ шуд, иттилооти моро дар бораи ин давраи Мовароуннаҳр дақиқтар мекунад.
Кӯҳи Муғ қалъа ва паноҳгоҳи охирин шоҳи мустақили Суғд дар Панҷакент ба номи «Деваштич» буд. Ин навиштаҳо, ки ба забони суғдӣ ва хатти оромии суғдӣ таҳрир шудаанд, иборат аз мукотибаҳои сиёсӣ ва санадҳои идорӣ ва ҳуқуқӣ, монанди асноди қарз ва моликият, ҳастанд.
Зоҳиран ин аснод, замоне ки Панҷакент дар соли 722-и мелодӣ аз сӯи арабҳо фатҳ шуд, дар кӯҳи Муғ пинҳон карда шуда буданд. Ба ривояти Табарӣ, Деваштич, ки худро «подшоҳи Суғд» меномид, ҳангоми ҳамлаи арабҳо ба қалъаи кӯҳи Муғ паноҳ бурда, дар онҷо ба асорати арабҳо даромадааст (Грeнeт ва Васиeр, 155).
Ба назар мерасад, ки Деваштич дар рақобат бо Ғурак, шоҳи Самарқанд, иддаои раҳбарии шоҳони маҳаллии Суғдро дошт ва кӯшиш менамуд онҳоро дар эътилофе бар зидди арабҳо муттаҳид кунад. Аз сӯи дигар Кул-чур, яке аз фармондеҳони қабилаҳои турки Тургеш, дархости Деваштичро барои дифоъ аз суғдиён дар баробари арабҳо бепосух гузошт. Бо ин тартиб, Панҷакент дар соли 722-и мелодӣ ба тасарруфи арабҳо даромад.
Бо вуҷуди тасарруфи Панҷакент аз сӯи арабҳо, вазъи куллии ҳукумати арабӣ-исломӣ дар Мовароуннаҳр то 15 сол баъд, яъне то соли 735-и мелодӣ, ҳамчунон заиф ва шикананда боқӣ монд, то ҷое ки то он сол танҳо Самарқанд ва ду ноҳияи кӯчак дар водии Зарафшон ба номи «Камарҷа» ва «Дабусия» дар дасти арабҳо буд. Боқимонда қалъаҳои Мовароуннаҳр, аз ҷумла Бухоро, таҳти назорати подшоҳон ва ашрофи бумӣ ва ё қабилаҳои турк ва ё таҳти ҳокимияти муштараки онон қарор дошт.
Дар ин давра ривоятҳои дақиқи таърихнависони араб ва эронӣ аз муҳосираи ноҳияи «Камарҷа» тавассути туркҳо бисёр ҷолиб аст, ки мо дар инҷо чакидаи ривояти Табариро нақл мекунем (Табарӣ 4058-4093):
«Арабҳо дар Камарҷа таҳти муҳосираи туркҳо буданд. Шабҳангом, ки туркҳо муваққатан ҳамларо мутаваққиф карда буданд, ду фиристода ба таври ҷудогона пеши арабҳо омаданд, то ба онҳо пешниҳоди таслим ба туркҳоро кунанд. Фарди нахуст касе набуд ҷуз Яздигурди севуми Сосонӣ, ки бо умеди бозёфтани подшоҳии ниёконаш ба туркон пайваста буд. Хусрав писари Яздигурд бо сӣ кас пеши онҳо омаду гуфт: Эй гурӯҳи арабон, чаро худатонро ба куштан медиҳед? Ман будам, ки хоқон (турк, - м)-ро овардам, ки мамлакатамро ба ман боздиҳад ва барои шумо амон мегирам... Аммо арабҳо ба ӯ носазо гуфтанд ва ӯ бирафт» (Табарӣ, 4101-4103).
Пешниҳоди дувуми туркҳоро, ки қобили тааммултар буд, фарде аз суғдиёни бумӣ ба номи «Бозғарӣ» овард, ки ҳамчун миёнҷии мавриди эътимоди хоқони турк омада буд ва ду туркро ҳам ба ҳамроҳи худ дошт.
Ӯ чандин арабро низ, ки дар ҷангҳои пешин ба асорат афтода буданд, бо худ оварда, паёме аз хоқон ба онҳо дод, ки мегуфт ба лашкари хоқон бипайванданд ва дар муқоиса бо маблағе, ки аз фармондеҳони араби худ мегиранд, маоши бештар аз хоқони турк бигиранд.
Аммо амири арабҳо дар он ноҳия бо радди ин пешниҳод гуфт: «Ин кор сар намегирад. Чӣ гуна арабон, ки гургонанд, бо туркон тавонанд буд, ки гӯсфандонанд? Миёни мо ва шумо сулҳ нахоҳад буд» (Табарӣ, ҳамон ҷо).
Бо ин ҳама, туркҳои Тургеш дар ҳамроҳӣ бо нерӯҳои бумии Мовароуннаҳр чандин бор бо арабҳо рӯбарӯ шуданд ва масалан дар Бухорову Самарқанд зарбаҳои сангине бар мусалмонон ворид оварданд. Аммо Сулу ва муттафиқони бумии ӯ дар ҷанги бузурги ноҳияи «Хористон» вилояти Ҷузҷон (дар Афғонистони кунунӣ), ки дар соли 737-и мелодӣ рух дод, шикасти сахте аз ҳокими ҷадиди уммавӣ Асад ибни Абдуллоҳ хӯрд ва дар пайи он, аз сӯи яке аз хешовандонаш ба номи Кул-чур (ба арабӣ Кул-сул) ба қатл расид.
Пас аз қатли Сулу, миёни қабилаҳои турк ихтилоф ва ҷанги дохилӣ дарафтод, бахше аз онон, ки таҳти раҳбарии Кул-чур қарор доштанд, аз сӯи чиниҳо ҷалб шуд, вале аксари қабоили дигар ба сурати пароканда ва мустақил даромаданд ва ё тобеи хоқонҳои навтаъсиси уйғур дар Кошғари Чин ва ё иттиҳодияи наве ба номи қарлуқҳо (дар Осиёи Миёна) шуданд.
Соли 737-и мелодӣ аз нигоҳи густариш ва таҳкими ҳокимияти арабҳо нуқтаи чархиши ниҳоӣ буд. Ин чархиш чандин сабаб дошт, ки бархе аз онҳо тасодуфӣ ва ё «табиӣ» ба шумор мерафтанд.
Барои намуна, Ғурак, подшоҳи қудратманд ва коркуштаи Самарқанд, бо марги табиӣ даргузашт ва қаламрави ҳокимияташ миёни ворисони ӯ тақсим гардид. Иттифоқан ҳокими ҷадиди араб Асад ибни Абуллоҳ низ маркази иёлати Хуросонро аз Марв ба Балх кӯчонда буд. Эҳтимолан ҳадафи Асад ибни Абдуллоҳ аз ин кор дур мондан аз кашокаши арабҳо ва ё густариши ҳокимияти Ислом ба он сӯи Омударё буд.
Барои ин омилҳо, шахсияти Асад низ бешак нақши муҳиме дар беҳбуди вазъи арабҳо бозӣ кард. Ӯ монанди пешкисваташ Қутайба дар ҷанг сарсахт ва дар равобити шахсӣ ва дипломатия нармишпазир буд. Асад бо аксари подшоҳон ва шоҳзодагони бумии Мовароуннаҳр равобити наздик дошт ва бисёре аз шахсиятҳои машҳури Мовароуннаҳр бо даъвату ташвиқи ӯ ба ислом гаравида буданд.
Ҳатто ривоят аст, ки Бармак, бунёдгузори дудмони маъруфи вазирони эронии дарбори Аббосиён, ва ҳамчунин Сомонхудо, ниёи дудмони Сомониён, ки дар садаи даҳуми мелодӣ бар аксари Хуросон ва Мовароуннаҳр ҳукм рондаанд, бо даъвати Асад ибни Абдуллоҳ ба ислом гаравидаанд. (Гуфта мешавад табори Бармак ба гардонандагони маъбади будоии «Навбаҳор» дар Балх мерасад ва Сомонхудо пеш аз гаравидан ба ислом зардуштӣ будааст.)
Аз сӯи дигар, дуруст дар ҳамин давра ситораи бахти туркҳо низ рӯ ба ғуруб гузошт.
Дар зимистони соли 737-и мелодӣ хоқони турк, Сулу, ба ғорати деҳоти Балх шуруъ намуд. Ӯ ҳамчунин ҳамаи лашкарашро барои ғорат ва яғмои шаҳрҳо ва қасабаҳои Балх пароканда кард (Кенедӣ, 290).
Дар ин шароит, подшоҳон ва ашрофи бумии Суғд ва Балх роҳи дигаре ҷуз ҳимоят аз Асад ва мусалмонон надоштанд.
Асад ибни Абдуллоҳ дар ҳамон сол дар ноҳияе ба номи «Хористон» дар наздикии Ҷузҷон (имрӯза дар Афғонистон) бо сӣ ҳазор ҷанганда, ки ҷамъ карда буд, ба хоқони турк, Сулу, ҳамла кард, дар ҳоле ки хоқон ҳайратзада аз ин ҳамлаи ғайримунтазира, барои дифоъ аз худ танҳо чаҳор ҳазор ҷанганда дошт.
Нуқтаи поёни таърихӣ ба императории Тургеш
Ҷанги Хористон набарди бузурге набуд, аммо ин набард ба қудрати Хоқон ва императории Тургеш нуқтаи поёни таърихӣ гузошт. Сулу дар ҳоле ки шикаст хӯрда ва обрӯи худро аз даст дода буд, ба дуртарин урдугоҳи худ дар шарқ, яъне водии Элӣ (дар Қазоқистони кунунӣ) ақибнишинӣ кард ва пас аз муддати кӯтоҳе аз сӯи яке аз фармондеҳони хешованди худ ба номи Кул-чур ба қатл расид. Кул-чур хоқони нави туркон шуд, аммо ӯ натавонист дар баробари фишор ва нуфузи бузурги Чин дар минтақа қабилаҳои туркро муттаҳид карда, зери раҳбарии худ нигаҳ дорад. Императории Тургеш дар соли 739-и мелодӣ фурӯ пошид.
Бо ин тартиб, нерӯи туркҳо ҳамчун рақиби аслии арабҳо дар Мовароуннаҳр аз миён рафт.
Муддати кӯтоҳе баъд туркҳоро дар ҳайати лашкариён фармондеҳон ва нигаҳбонони хусусии салотини аббосӣ ва давлатҳои маҳаллӣ, монанди Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён ва ҳатто шахси халифа, хоҳем дид.
Пас аз набарди «Хористон» ва шикасти туркҳои Тургеш, туркҳои қарлуқ, ки онҳо низ дар даштҳои Авруосиё мезистанд, боқимонда қудрати тургешҳоро дар паҳнои Осиёи Миёна дарҳам шикастанд ва ҷои онҳоро гирифтанд.
Дар воқеъ, қарлуқҳо ҳам монанди тургешҳо аслан аз минтақаи Олтойи Осиёи Миёна буданд. Аммо замоне ки тургешҳо дигар ба сӯи ғарбу ҷануб, яъне наздикии баҳри Арал ва Мовароуннаҳр кӯч карда буданд, қарлуқҳо низ дар наздикии кӯли «Болқош» дар Қазоқистони кунунӣ ҷамъ омаданд.
Туркҳои тургеш ва қарлуқҳо танҳо ду қабила аз даҳҳову садҳо қабилаҳо ва ё ба туркӣ «эл»-ҳо, «элот»-и туркизабони даштҳои Осиёи Миёна буданд. Далели ёдоварии ин ду қабила дар ин навишта он аст, ки ибтидо тургешҳо ва сипас қарлуқҳо дар сарнавишти Мовароуннаҳр, Хуросон ва Эрони он давра ва бахусус дудмонҳои Сомониён ва сипас Ғазнавиён нақши муҳиме бозӣ кардаанд.
Ва аммо ба мавзӯи густариши ҳокимияти арабҳо ва ислом дар Мовароуннаҳр баргардем.
Охирин ҳокими силсилаи Уммавиён дар Мовароуннаҳр касе ба номи Наср ибни Сайёр буд, ки ба як тоифаи кӯчаки араб мансуб буд ва тарафи ҳеч кадом аз ҷангҳои қабилаи арабҳо набуд. Аз сӯи дигар, Наср бар хилофи пешкисватонаш, ки мустақим аз Сурия ва Ироқ ба Хуросон меомаданд, сӣ сол таҷрубаи кор бо вилоятдорони араб дар Хуросон дошт.
Ӯ медонист, ки сиёсати бартар шумурдани араб бар аҷам, ки аз сӯи Уммавиён иҷро мешуд, монеи густариш ва таҳкими ҳокимияти арабҳо ва ислом дар минтақаҳои ғайри арабӣ мешавад. Як намунаи барҷастаи ин рафтори гуногун дар он буд, ки ғайримусалмонон ҳатто пас аз гаравидан ба ислом низ бо баҳонаҳои гуногун, монанди хатна накардан ва ё адами ошноӣ бо усули ислом ё забони арабӣ, ночор ба пардохтани ҷизя мешуданд.
Ба ин ҷиҳат Наср ибни Сайёр дар яке аз нахустин хутбаҳои худ дар масҷиди Марв эълон кард, ки ӯ барои нигаҳбонӣ ва беҳбуди вазъ ва дороии мусалмонон омадааст. Ӯ зоҳиран ба таври дониста рӯи «мусалмонон», сарфи назар аз табору нажод ва қавму қабила, таъкид мекард ва на «арабҳо». Наср ҳамчунин бо вуҷуди эътирозҳои халифа ҳукми қатл барои навмусалмононеро, ки ба дини собиқи худ бармегаштанд, амалан соқит намуд ва дар амал таомули бештаре нисбат ба пайравони динҳои дигар ва аз ҷумла балхиёни будоӣ ва ё туркҳои шаманбовар нишон дод.
Бо ин охирин ғалабаҳои исломӣ дар Осиёи Миёна, ҳокимияти арабҳо ва густариши Ислом дар Қазоқистон, Қирғизистон, бахше аз Чин ва Русияи кунунӣ низ ҳосил гардид.
Дар ҳамин давра буд, ки Самарқанд, Бухоро ва Балх, ки ба хотири ҷангҳои дохилӣ ва ҷанги арабҳо бо бумиён солҳо ҷуз харобиву вайронӣ чизе ба худ надида буданд, ободтар ва сарватмандтар гаштанд. Дар зимн, дар ҳамин солҳои «оштии арабҳои ҳоким бо бумиёни тобеъ» буд, ки дудмони маъруфи Бармакиёни Балх, ки то пайдоиши ислом масъули нигоҳбонӣ ва мудирияти маъбадҳои бузурги будоӣ дар ин шаҳр буданд, батадриҷ ба мақоми мудирият ва вазорати бузургтарин императории дунё, яъне хилофати Аббосиён дар Бағдод, расиданд.
Ин мавқеи Наср ҳам маҳбубияти ӯро баландтар кард ва ҳам ба густариши зуди ислом дар миёни ғайримусалмонҳо, аз он ҷумла зардуштиён ва будоиёни бумӣ ва ё туркҳои шаманбовар суръат бахшид.
Аммо ҳукумати Наср ҳамзамон бо авҷи шӯриши мухолифини Аббосӣ алайҳи хулафои Уммавӣ буд, ки билахира ба суқути онон ва оғози хилофати Аббосиён анҷомид. Аз ин ҷиҳат Наср дар Хуросон натавонист пуштибонии охирин халифаи уммавӣ дар Димишқро бигирад. Дар муқобил, шахсияти дигаре, ки аз сӯи Аббосиён барои таблиғи шӯриш бар зидди Уммавиён ба Хуросон фиристода шуд, вилоятдори низоми нави аббосӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр шуд.
Номи ӯ Абӯмуслими Хуросонӣ буд. Ӯ сарфи назар аз дин ва қавмияти мардуми минтақа миёни онон маҳбубияти бузурге ёфта ва тавониста буд бисёре аз ононро бар зидди хилофати Уммавиён ва ба тарафдорӣ аз Аббосиён сафарбар кунад.
Охирин талоши Чин
Дар соли 750-и мелодӣ, дар ҷараёни буҳбуҳаи сиёсии тағйири хилофат аз Уммавиён ба Аббосиён ҳокимияти арабҳо дар он сӯи Омударё каму беш такмил шуда буд. Аммо чиниҳо дар ин солҳо охирин талоши худро барои касби қудрат ва нуфуз дар Мовароуннаҳр анҷом доданд.
Миёни солҳои 747-749-и мелодӣ шоҳи Тахористон (ҳавзаи Балх) барои дафъи роҳзанон дар ноҳияи Гилгит (имрӯза дар Покистон), ки осебрасони тоҷирони суғдӣ мешуданд, хостори кумак аз чиниҳо шуд. Яке аз фармондеҳони Чин дар маҳал бо нерӯҳои худ гурӯҳи роҳзанонро саркӯб кард. Он гоҳ подшоҳи Фарғона аз ҳамон ҳоким дархост кард, ки дар ихтилофи худ бо шоҳи Чоч (Тошканд)-и ҳамсоя ба ӯ кумак кунад. Дар ниҳоят, чиниҳо Чочро ишғол карданд. Шоҳи Чоч ба Абӯмуслим паноҳ бурда, хоҳони кумаки мусалмонон шуд.
Бо вуҷуди тасарруфи Панҷакент аз сӯи арабҳо, вазъи куллии ҳукумати арабӣ-исломӣ дар Мовароуннаҳр то 15 сол баъд, яъне то соли 735-и мелодӣ, ҳамчунон заиф ва шикананда боқӣ монд. Он сол танҳо Самарқанд ва ду ноҳияи кӯчак дар водии Зарафшон ба номи "Камарҷа" ва "Дабусия" дар дасти арабҳо буд.
Дар соли 751 дар он сӯи Сирдарё, яъне Қирғизистон ва даштҳои Қазоқистон, дар соҳилҳои рӯди Толос («Тароз»-и пешин) набарди сарнавиштсозе миёни арабҳо ва чиниҳои дудмони «Тонг» сурат гирифт. Дарвоқеъ, дар тарафи мусалмонон теъдоди арабҳо чашмгир набуд ва онҳо асосан фақат фармондеҳии ҷангро бар уҳда доштанд. Теъдоди бештаре аз ҷабҳаи мусалмонон иборат аз мардуми навмусалмон ва шояд ҳам ғайримусалмони бумии Мовароуннаҳр, тибетиҳои муттаҳид бо мусалмонон ва қабилаҳои турк буд, ки ҳамчун зархарид омодаи ҷанг бо чиниён шуда буданд. Дар тарафи Чин ҳам ба ҷуз фармондеҳони чинӣ ва куреӣ бисёре аз сарбозон зархаридҳои минтақа ва бавижа туркҳои қарлуқ буданд. Онҳо ҳамон туркҳои қарлуқ буданд, ки давлати туркҳои тургешро шикаст додаанд.
Дар идомаи ин набард, қабилаҳои турки «қарлуқ», ки то он мавқеъ дар ҷониби Чин меҷангиданд, мавзеи худро иваз карда, аз мусалмонон пуштибонӣ намуданд. Ба назари бисёре аз таърихнависон, тағйири мавзеи қарлуқҳо, ки беш аз нисфи лашкариёни Чинро ташкил медоданд, омили ниҳоии пирӯзии мусалмонон дар набарде шуд, ки нуқтаи бозгашт дар густариши ислом дар ин минтақаи ҳошияи олами ислом ба шумор меравад. Бо ин охирин ғалабаҳои исломӣ дар Осиёи Миёна, ҳокимияти арабҳо ва густариши Ислом дар Қазоқистон, Қирғизистон, бахше аз Чин ва Русияи кунунӣ низ ҳосил гардид.
Дар набарди Толос зоҳиран дин ва қавмият нақши чандоне бозӣ намекард ва иттиҳодҳо, тавре ки дар намунаҳои гузашта ҳам дидем, бароҳатӣ тағйирпазир буданд.
Набарди Толос дар айни ҳол поёни мудохилаҳои Чин дар Осиёи Миёна ва Мовароуннаҳр буд.
- (Дар бахши баъдии ин гуфтор, дар бораи густариши дини ислом, нақши молиёт ва ҷизя дар қабули ислом ва ҳамчунин дар бораи баромадани силсилаҳои маҳаллии бумӣ ва эронитабор, монанди Саффориён ва Сомониён, сухан хоҳем гуфт.)