Иззат Амонро барои адои ҳукм ба зиндоне дар Душанбе бурдаанд

Иззат Амон

Мақомоти интизомии Тоҷикистон Иззат Амон, ҳомии зиндонии ҳуқуқи муҳоҷиронро барои адои ҳукм аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба маҳбасе дар шаҳри Душанбе бурдаанд.

Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон, рӯзи 9-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш дар зиндони воқеъ дар маҳаллаи маъруф бо номи "Якум Советский" нигаҳдорӣ хоҳад шуд.

Дар Вазорати адлия ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Иззат Амон то ду ҳафтаи дигар дар ин зиндон дар карантин мемонад ва сипас бо шароити иқомат дар онҷо шинос карда мешавад.

Иззат Амонро, ки аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохтаи тоҷик дар Русия ба ҳисоб мерафт, рӯзи 19-уми октябри имсол бо гуноҳи қаллобӣ ба 9 сол зиндон маҳкум карданд.

Тарафдоронаш мегӯянд, ки Иззат Амон бегуноҳ аст ва барои танқидҳои ошкораш аз ҳукумат ва раҳбарони Тоҷикистон ба зиндон андохта шудааст.

Инчунин бихонед:

Қазияи Мадина ва ҳукми Иззат. Қонуни афв одилона иҷро шуд? ВИДЕОҚазияи Иззат Амон барои ҷомеаи Тоҷикистон чӣ паём дорад?Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Иззат Амонро бетағйир мондМуҳаммадхон Эгамов, яке аз афроди наздик ба Иззат Амонро дар Русия дастгир кардаандШӯҳрат Қудратов мегӯяд, аз эҳтимоли аз Русия ба Тоҷикистон "бурда шуданаш" нигарон астПисараш мегӯяд, Иззат Амонро барои 232 сомонӣ зиндонӣ карданд. ВИДЕОМодари Иззат Амон мегӯяд, писараш гуноҳе накардааст. ВИДЕОИззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро ба 9 сол зиндон маҳкум карданд. Вакил гуфт, "ғайриқонунист" ВИДЕО