Ба иттилои дарёфтӣ, Муҳаммадхон Эгамов, яке аз афроди наздик ба Иззат Амонро дар шаҳри Маскав боздошт кардаанд. Чанде аз дӯстони ӯ бо шарти фош нашудани номашон гуфтанд, ба Эгамов "эҳтимоли истирдод ба Тоҷикистон таҳдид мекунад".
Наздиконаш дар Душанбе мегӯянд, як ҳафта боз бо ӯ тамос надоранд. Мақомоти Русия ва Тоҷикистон хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.
Яке аз дӯстони Муҳаммадхон Эгамов дар Маскав рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро дар Боздоштгоҳи муваққатии рақами 4, дар ноҳияи Медведковои пойтахти Русия, нигаҳ медоранд.
Ҳамсуҳбати мо бо шарти фош нашудани ном гуфт, "ӯ дар рӯйхати шахсоне ҳаст, ки бояд истирдод карда шаванд." Кӯшиши мо барои фаҳмидани асли қазия аз мақомоти Русия то ин дам бенатиҷа буд.
"Се рӯз пеш барои дақиқ кардани хабари боздошти Муҳаммад Эгамов ба СИЗО рафта будам. Масъулони боздоштгоҳ тасдиқ карданд, ки "Муҳаммад Эгамов, соли таваллудаш 1983, рӯзи 8-уми уми ноябр дастгир карда шудааст", -- афзуд мусоҳиби мо.
Пайвандони Муҳаммадхон Эгамов 14-уми ноябр аз Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар бораи боздошти ӯ хабар надоранд, вале як ҳафта боз бо ӯ тамос гирифта наметавонанд. "Мо дар ташвиш ҳастем. Вай на дар "Маркази тоҷикон" буд ва на бо Иззат Амон ҳамкорӣ дошт. Вай ба тиҷорат машғул буд", -- гуфт яке аз наздиконаш.
Баъзе аз кормандони пешини "Маркази тоҷикон" дар Маскав гуфтанд, Муҳаммадхон Эгамов соли гузашта, дар авҷи пандемия, ихтиёрӣ як муддат бо мошинааш ба онҳо ёрӣ расондааст.
Боздошти Эгамов дар ҳолест, ки вакили мудофеи шинохтаи тоҷик, Шӯҳрат Қудратов, рӯзи 13-уми ноябр аз он нигаронӣ карда буд, ки эҳтимол Русия бо дархости Тоҷикистон ӯро ба Душанбе таслим кунад.
Қудратов тақрибан се сол боз дар Русия ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик машғул аст ва то як моҳ пеш дар созмони "Маркази тоҷикон" кор мекард. Ӯ иддао дорад, ки ба иттилои дарёфтиаш як гуруҳ аз намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои бурдани ӯ ба Маскав рафтаанд.
Як мансабдори вазорат хабарро тасдиқ накард, вале ҳамзамон гуфт, вакили мудофеъ ба ҳамкорӣ бо Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар Аврупо, гумонбар аст. Шӯҳрат Қудратов иттиҳомро инкор кард.
Сӯҳроби Ҷаҳон, корманди дигари "Маркази тоҷикон" дар Маскав, рӯзи 12-уми ноябр гуфт, ӯ ҳам аз эҳтимоли ба Душанбе бурда шуданаш огоҳ шудааст, аммо ҳанӯз ба таври расмӣ хабаре нагирифтааст.
Кормандони "Маркази тоҷикон" дар гузашта гуфта буданд, ки намояндаҳои УБОП тавассути пайвандонашон ба онҳо ҳушдор додаанд, ки агар довталабона наоянд, истирдод карда хоҳанд шуд.
Иззат Амон, раиси "Маркази тоҷикон" дар Маскавро моҳи гузашта дар Тоҷикистон бо гуноҳи қаллобӣ ба 9 сол зиндон маҳкум карданд. Ҳоло ӯ ва пайвандонаш бозбинии ҳукмро талаб доранд.