Мушкили интернет дар Бадахшон. "Дар баъзе идораҳо ҳаст, аммо сокинон надоранд"

Интернет дар ВМКБ пас аз тазоҳуроти рӯзҳои 25-28-уми ноябр дастнорас шуд

Дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интернет дубора дастрас шудааст, аммо сокинон мегӯянд, ҳанӯз дар телефонҳои мобилиашон интернет надоранд.

Дар пайи эътирози рӯзҳои 25-28-уми ноябри имсол дар шаҳри Хоруғ, ки пас аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, рӯй дод, интернет дар вилояти Бадахшон дастнорас шуд.

Барқарор кардани интернет дар минтақа як банди созиши мақомот бо намояндагони эътирозгарон буд. Мақомот гуфта буданд, дар сурати хатми эътироз дастрасиро ба интернет барқарор карда, омилони қатли Гулбуддин Зиёбековро ба ҷавобгарӣ мекашанд ва эътирозгаронро таъқиб намекунанд.

Корманди яке аз созмонҳои иҷтимоӣ рӯзи 7-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин субҳ дар ҷойи кори онҳо ва баъзе аз идораҳои давлатӣ интернет "пайдо шудааст". Ба гуфтаи ӯ, раҳбари онҳо таъкид кардааст, ки аз изҳори назар ва нашри аксу видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ худдорӣ варзанд.

Баъзе аз сокинони ноҳияи Рӯшони ВМКБ гуфтанд, чанд рӯз боз танҳо аз тариқи як ширкати мобилӣ ба интернет дастрасӣ доранд, аммо суръаташ хеле суст аст.

Рӯзи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ номаи баъзе аз сокинони вилояти Бадахшонро ба Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, нашр карданд. Дар мактуб гуфтаанд, бинобар набудани интернет, довталабон наметавонанд барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия худро номнавис кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи қатъ ва дубора фаъол кардани интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳеч изҳороте надодаанд.

Дар ВМКБ чӣ гузашт? Дар инҷо хонед:

Чаро Бадахшон? Баҳси Додоҷони Атовулло ва Сайфулло Сафаров дар Гапи Озод. ВИДЕОЛаҳза ба лаҳзаи рӯйдодҳои Тавдем ва Хоруғ. Дар Бадахшон чӣ гузашт?Модари Гулбиддин Зиёбеков хоҳони суҳбат бо президенти Тоҷикистон шудПомири адолатҷӯ? Сабаби кашмакашҳои доимӣ дар минтақа чист? ВИДЕОСокинони Душанбе дар бораи ҳаводиси ахири Хоруғ чӣ мегӯянд?