Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Гулбиддин Зиёбеков хоҳони суҳбат бо президенти Тоҷикистон шуд


Певистамо Абдулмуминова мегӯяд, арзашро дар ҳукумати Бадахшон нашуниданд
Певистамо Абдулмуминова мегӯяд, арзашро дар ҳукумати Бадахшон нашуниданд

Модари Гулбиддин Зиёбеков, ҷавони 29-сола, ки ҳангоми амалиёти мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон кушта шуд ва марги ӯ боиси эътирози чоррӯза дар Хоруғ гардид, хоҳони суҳбат бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Певистамо Абдулмуминова, модари Гулбиддин, рӯзи 1-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Бадахшон арзашро нашунидаанд ва мехоҳад, додашро ба президент расонад.

Гулбиддин Зиёбеков рӯзи 25-уми ноябри имсол дар деҳаи Тавдеми Роштқалъа кушта шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ тақрибан як сол пеш ёвари додситони ноҳияро гаравгон гирифта буд ва бо гумони гаравгонгирӣ ва барангехтани маҳалгароӣ ҷустуҷӯ мешуд, вале дар амалиёти боздошт бо силоҳ муқобилият нишон дод ва захмӣ карда шуд. Дар хабарномаҳои расмӣ дар бораи кушта шудани ӯ чизе нагуфтанд.

Певистамо Абдулмуминова, модари Гулбуддин Зиёбеков дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Қасам ба номи Худо, қасам ба арвоҳи писари навгузаштаам, ки ӯ силоҳ надошт. Вай хидмат ҳам накарда буд, таппончаро намедонист. Бачаи ман ҳатто сигарет накашида буд. Вай ба ягон кас ягон зарар нарасонида буд.”

Баъзе аз шоҳидон мегӯянд, он рӯз дар дасти Гулбуддин Зиёбеков силоҳ надида буданд. Дар телевизиони давлатии "Бадахшон" ҳамчун далел як таппончаро бо тиру тирдонаш намоиш дода, гуфтанд, ки ӯ ба Гулбиддин Зиёбеков тааллуқ дорад.

Певистамоҳ Абдулмуминова пойфишорӣ дорад, ки писараш ҳеч гоҳ дар даст силоҳ надошт. Вай гуфт, давоми даҳ моҳи охир, баъди онки гаравгонгирии додситон рӯй дод, касе писарашро суроғ накарда ва "ҳатто барои бозпурсӣ ба ӯ даъватнома нафиристода буд".

Ба бовари ӯ, дар ҳар сурат, имкони зинда дастгир кардани писараш вуҷуд дошт, аммо барояш муаммо мондааст, ки чаро ӯ кушта шуд. Абдулмуминова мегӯяд, бо гузашти рӯзҳо ба ин ва суолҳои дигар посух наёфтааст. Мақомот ҳамвора таъкид доранд, ки Зиёбеков ҳангоми амалиёти боздошт муқобилият нишон дод ва бо тири ҷавобӣ маҷруҳ карда шуд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ бо шоҳидон, мақомот ва таҳлилгарон дар бораи ин ҳодиса суҳбат карданд.

Амалиёти боздошти Гулбиддин чӣ гуна сурат гирифт?

Чӣ тавр мардум дар майдони марказии Хоруғ ҷамъ шуданд?

Посух ба ин суолҳоро давоми рӯз дар сомонаи Радиои Озодӣ хоҳед хонд. Бозгашт ба саҳифаро фаромӯш накунед.

XS
SM
MD
LG