Даҳҳо савдогари канори роҳ ва кӯчаҳои марказии ноҳияи Данғараро, ки тиҷорати хурд доштанд, маҷбурӣ ба бозори "Каёнуш" бурдаанд. Пештар мақомоти Данғара тоҷирони мева ва гӯштро аз бозори марказӣ ба онҷо кӯчонда буданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Бо таҳдид ва зӯри милиса". Савдогаронро дар Данғара ба "бозори бародари президент" бурдаандИн бозор аз маркази ноҳия се километр дур аст ва савдогарон нигаронанд, ки муштариёни худро аз даст медиҳанд. Қаблан мақомоти ноҳия гуфта буданд, ки барои беҳтар кардани шароити тоҷирон ва харидорон онҳоро ба ин бозор мефиристанд.
Баъзе аз соҳибкорон ва мансабдорони ноҳияи Данғара бозори “Каёнуш”-ро ба хонаводаи Нуриддин Раҳмон, бародари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, марбут медонанд. Фармони кӯчондани соҳибкорон ба бозори “Каёнуш”-ро Исломиддин Раҳмон, раиси 38-солаи ноҳияи Данғара ва писари Нуриддин Раҳмон содир кардааст.
Ноҳияи Данғара дар маконе ҷойгир шудааст, ки мусофирон аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аз ҳудуди он гузашта, ба шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар мерасанд.
Мақомоти ноҳияи Данғара мегӯянд, рӯзе аз 4 то 5 ҳазор нафар аз ҳудуди ин ноҳия мегузарад ва муштариёни аслии фурӯшандаҳо онҳо ҳастанд.