Бар асоси қонуни нави афв дар Тоҷикистон муҳлати ҳабси хабарнигори зиндонӣ Муҳаммадюсуф Исмоиловро 3 моҳу 18 рӯз кам кардаанд.
Дар ин бора Раёсати зиндонҳои вилояти Суғд дар посух ба дархости Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон хабар додааст. Интизор меравад, ӯро моҳи апрели соли 2022 аз зиндон раҳо кунанд.
Муҳаммадюсуф Исмоилов беш аз ҳашт сол боз дар маҳбаси низомаш сангин аст. Ӯро бо гуноҳи "тамаъҷӯӣ" ва "қаллобӣ" даҳуним сол аз озодӣ маҳрум карда, соли 2019, бар асоси қонуни афв, 1 солу 4 моҳи онро "буриданд".
Исмоилов аз оғоз ҳабсашро ниқоргирии мансабдорон барои нашри мақолаҳои танқидӣ ва фош кардани камбудиҳои онҳо дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд медонад. Ӯро соли 2011 низ барои нашри мақолаи танқидӣ бо номи "Ашт валангор мегардад" бо парвандаи "туҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ” 11 моҳ дар маҳбас нигоҳ доштанд.
Вакили мудофеъ Муҳаббат Ҷӯраева рӯзи 1-уми декбар гуфт, "аз нисф гузаштани муҳлати ҳабс, бемориву корношоямӣ, пардохти зарари молӣ аз рӯи қонун ба Исмоилов имтиёзҳое медиҳад, ки метавонистанд пештар ҷазои ҳабси ӯро ҳадди ақал ба режими сукунат иваз кунанд, аммо ин корро накарданд."
Моҳи феврали соли гузашта Мирзои Салимпур, муассис ва сардабири сомонаи "Бомдод", қароргоҳаш дар Прага, барои ба маҳбаси низомаш сукунатӣ гузаронидани Исмоилов 5 ҳазор сомонӣ пардохта буд, аммо шароити нигаҳдории ӯ бетағйир монд. Мақомот далели чунин рафтори худро шарҳ надодаанд.
Муҳаммадюсуф Исмоиловро дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд нигоҳ медоранд. Вай 63-сола, маъюби гурӯҳи дуюм ва падари ду фарзанд аст.