Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз озодии Исмоилов метарсанд, чун гуфтааст, камбудҳоро фош мекунад" 


Муҳаммадюсуф Исмоилов, рузноманигори зиндонии тоҷик.
Муҳаммадюсуф Исмоилов, рузноманигори зиндонии тоҷик.

Ҳашт сол пеш, 28-уми октябри соли 2013, рӯзноманигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоиловро бо гуноҳи "тамаъҷӯӣ" ва "қаллобӣ" даҳуним сол зиндонӣ карданд.

Дар ин муддат дар Тоҷикистон се бор қонуни афв қабул шуд, вале аз муҳлати ҳабси ӯ ҳамагӣ як солу чор моҳ кам шуд. Маълум нест, қонуни нави афв нисбат ба Исмоилов татбиқ мегардад ё не. Пайвандонаш бовар доранд, мақомот аз раҳоияш метарсанд, чун гуфтааст, камбудҳоро фош мекунад. Мақомот шарҳ намедиҳанд.

Маҳтоббӣ Абдуллоева, ҳамсари Муҳаммадюсуф Исмоилов, мегӯяд, ин вазъ рӯзноманигори зиндониро ноумед ва рӯҳафтода кардааст: "Хеле умед дошт, ки ин дафъа бар асоси қонуни афв озод мешавад ва ба назди кӯдакон бармегардад. Аммо мақомот гуфтаанд, афв намешавад ва бояд муҳлати боқимондаи ҷазоро дар маҳбас гузаронад".

Исмоилов дар суҳбат бо ҳамсараш гуфтааст, мақомот ӯро барои он озод кардан намехоҳанд, ки баъди раҳоӣ дигарбора рӯзноманигорӣ ва навиштани мақолаҳои танқидиро аз сар мегирад.

"Вай ҳамин хел одам аст, ки гапро дар дилаш дошта наметавонад. Дар маҳбас ҳам мегуфтааст, ҳоло аз ин ҷо мебароям, ину он менависам, камбудиҳоро фош мекунам. Баъди ин гапҳо дигар сар додан намехоҳанд",- тахмин мезанад хонум Абдуллоева.

Муҳаммадюсуф Исмоиловро дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд нигаҳ медоранд. Ӯ 63-сола, маъюби гурӯҳи дуюм ва падари ду фарзанд аст.

Муҳаммадюсуф Исмоилов.
Муҳаммадюсуф Исмоилов.

Ӯро, ки дар бораи камбудҳои мансабдорони ноҳияи Ашт мақолаҳои танқидӣ менавишт, Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ 28-уми октябри соли 2013 ба 10 солу 6 моҳ зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ҳукмро беасос ва як навъ қассосгирии мақомот барои мақолаҳои танқидияш донист. Мақомот мегӯянд, ӯро соли 2013 ҳангоми гирифтани 400 сомонӣ аз як хонум дастгир карданд.

Тафтишот иддао дошт, журналисти тоҷик ба як хонум таҳдид кардааст, ки агар ҳаққи хомӯшии ӯро напардозад, гуё кадом маълумоти маҳрамонаеро дар борааш фош мекунад.

Аммо яке аз шоҳидони аслии боздошт ва ҳабси рӯзноманигор бо шарти набурдани ном 25-уми октябр гуфт, ҳар дафъа чашмдор мешавад, ки мақомот гуноҳи Исмоиловро мебахшанд ва озод мекунанд. "Чунки мақомот гуфта буданд, барои тарсонидан ба муҳлати кам зиндонӣ мекунанд, баъд озод мекунанд. Ҳеч гумон надоштем, ки ҳабси Исмоилов ин қадар тӯл мекашад", - гуфт ӯ.

Соли 2015 низ даъвогарону шоҳидони асосии парванда алайҳи Муҳаммадюсуф Исмоилов эълон карданд, ки иттиҳомҳои ба зидди ӯ "натиҷаи як саҳнасозии мақомот буд". Онҳо ба бозбинии парванда ва сабук кардани ҳукми Исмоилов талош карданд, вале аз нимароҳ ақиб гаштанд. Баъдан иқрор шуданд, ки зери фишору таҳдиди мақомот аз тасмим даст кашиданд.

Мақомот танҳо як бор, моҳи октябри соли 2019 аз муҳлати ҷазои ӯ 1 солу 4 моҳу 20 рӯз кам карданд. Он вақт масъулони маҳбаси рақами се гуфта буданд, ки муҳлати ҳабси Исмоилов 4-уми августи соли 2022 поён меёбад.

Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшиноси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бо Муҳаммадюсуф Исмоилов. Акс аз бойгонӣ.
Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшиноси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бо Муҳаммадюсуф Исмоилов. Акс аз бойгонӣ.

Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшиноси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар Хуҷанд мегӯяд, агар мақомот бихоҳанд, дар қонунҳои кишвар ба кам кардани муҳлат, озод кардан ё ба маҳбаси низомаш сукунатӣ гузаронидани Исмоилов мухолифате намебинад.

Ӯ мегӯяд, "аз рӯи моддаи 49-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар ҳолати ҷуброни зарар суд метавонад, ҷазои маҳкумшударо иваз ва сабук кунад. Инчунин, пас аз нисф гузаштани адои ҷазо ҳам иваз кардани ҷазои ҳабс ба режими сукунат мумкин аст".

Масъулони маҳбаси рақами 3 дар соли 2019 дар посух ба номаи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, НАНСМИТ, эҳтимоли сабук кардани ҷазои ӯро "имконнопазир" дониста буданд. Дертар ваъда доданд, ки пас аз пардохти зарар Исмоиловро ба маҳбаси сукунатӣ мегузаронанд.

Мирзои Салимпур, муассис ва сардабири сомонаи "Бомдод", қароргоҳаш дар Прагамоҳи феврали соли гузашта барои ба маҳбаси низомаш сукунатӣ гузаронидани Исмоилов 5 ҳазор сомонӣ пардохт, вале шароити нигаҳдории ӯ бетағйир монд. Мақомот низ шарҳ надоданд.

Созмонҳои ҳомии озодии матбуот ҳукми Муҳаммадюсуф Исмоиловро беҳад сангин меноманд. Онҳо мегӯянд, ин як мисоли равшани муносибати мақомоти Тоҷикистон бо рӯзноманигорони ошкоргӯ аст, ки дар пайи нашри мақолаҳои интиқодӣ паси панҷараи маҳбас меандозанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон низ ҳукмро "вазнин" дониста, аз Раёсати додгоҳи вилояти Суғд хоста буд парвандаро бозбинӣ ва мӯҳлати ҳабси Исмоиловро кам кунад. Аммо Раёсати додгоҳи вилояти Суғд ин пешниҳодро “беасос” номида, рад кард.

Ин дуюмин мавриди ба зиндон афтодани журналист Муҳаммадюсуф Исмоилов буд. Соли 2011 ӯро барои нашри мақолаи интиқодие бо номи "Ашт валангор мегардад" бо парвандаи "туҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ” боздошт карда, муддати 11 моҳ дар маҳбаси муваққатӣ нигоҳ доштанд.

XS
SM
MD
LG