Додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, норозиёни ҷамъомада дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ даъвати раиси вилоят Алишер Мирзонаботро ба қатъи тазоҳурот қабул накарда, ба эълони ӯ дар бораи таҳқиқи куштори Гулбиддин Зиёбеков қонеъ нашудаанд.
Онҳо, тавре ки Парвиз Орифзода шоми 27-уми ноябр дар паёмаш дар шабакаи телевизионии "Бадахшон" гуфт, ба раиси вилоят ва намояндагони ҳукумат "ҳамла кардаанд", ки дар натиҷа, "ба вакили порлумон, Азиз Гиёзода, зарари вазнини ҷисмонӣ расондаанд".
Манобеи Радиои Озодӣ дар Хоруғ захмӣ шудани вакили порлумонро тасдиқ карданд. Ба қавли як ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш фош шавад, "Гиёзода барои ором кардани мардум ҳамроҳи раиси вилоят ба назди эътирозгарон баромада буд. Вақте сангпартоӣ шуд, ба ӯ ҳам расид."
Қаблан баъзе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзи 27-уми ноябр бар асари тирпаронии мақомот дар майдони марказии Хоруғ чанд нафар маҷруҳ шудааст. Дар бораи захмӣ шудани ба камияш 4 кас гузориш мерасад, вале додситони вилоят дар бораи захмиён ҳеч ишора накард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тирпаронӣ дар маркази Бадахшон. Раиси вилоят ба назди мардум баромад. ВИДЕОПарвиз Орифзода дар изҳороте, ки шоми шанбе тавассути телевизиони "Бадахшон" пахш шуд, тирпарониро дар маркази шаҳри Хоруғ тасдиқ кард, аммо гуфт, "он тири огоҳкунанда буд" ва ба ҳаво холӣ карда шуд.
Додситони ВМКБ гуфт, дар пайванд ба ҳодисаҳои рӯзи шанбе бар асоси моддаҳои
- “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” (328, қисми 2);
- “таҳқири намояндаи ҳокимият” (330);
- “авбошӣ” (237) ва
- “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” (110)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.
Ба қавли додситон, ҳодиса баъд аз зуҳри 27-уми ноябр замоне сар зад, ки Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ, баъди се рӯзи эътирозҳои, ба гуфтаи ӯ, "ғайриқонунӣ" ва талаби сокинон, ба назди мардум баромадааст.
Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, Алишер Мирзонаботов рӯзи 27-уми ноябр аз эътирозгарон хостааст, майдонро тарк кунанд. Баъзе аз иштирокчиёни тазоҳурот гуфтаанд, талаби раиси вилоятро қабул надоранд ва баръакс "истеъфои ӯро хостанд".