Тазоҳуроти "ҷанҷолӣ" дар назди дафтари СММ дар Душанбе

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як гурӯҳ аз ҷавононе, ки шумораашон ба 70-80 нафар мерасид ва зоҳиран "давлатӣ" буданд, 27 ноябр дар пайванд ба ҳодисаҳои Хоруғ дар назди дафтари Созмони Милал дар Душанбе ҷамъ омаданд. Як гуруҳи тақрибан даҳнафарии ҷавонони зодаи Бадахшон бо онҳо вориди баҳс шуда, чанде аз шиорҳояшонро гирифтанд.